Тӯли ним соли равон дар Тоҷикистон 22 шаҳрванди сироятёфта аз Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) ошкор шудаанд.
Имрӯз, 27 июл зимни нишасти матбуотӣ вазири тандурустии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар ин робита изҳор намуд, ки ин ҳолатҳо замони пеш аз ақди никоҳ бастани ҷавонон ошкор шудааст.
Ба иттилои вазир, дар ним соли аввал 39 ҳазору 38 нафар шахсоне, ки издивоҷ кардан мехостанд, аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд.
“Дар байни онҳо 378 нафар бемори зардпарвини вируси намуди В (гепатити В), 84 - бемори зардпарвини вируси намуди С, 22 нафари аз ВНМО сироятёфта, 15 афроди гирифтор ба бемориҳои рӯҳӣ ва 1 нафар бо бемории оташак (сифилис) ошкор шуданд”, - иброз дошт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Абдуллозода зикр кард, ки шахсони бемори зардпарвин, оташак ва касалиҳои рӯҳӣ аз давраҳои муолиҷа гузашта, ба онҳо маълумотномаҳои тиббии дахлдор бо иҷозаи издивоҷ кардан дода шуд.
Зикр шуд, ки беморони гирифтори ВНМО ба қайд гузошта шуда, зери муоинаи доимӣ қарор дода шуданд.
Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, дар зарфи 6 моҳ 130 занони ҳомиладори гирифтори ВНМО кӯдак таваллуд кардаанд. Айни замон 94 занони ҳомиладор бо ин вирус дар муоинаи пеш аз таваллуд қарор доранд. Ҳамчунин 305 кӯдаки аз модарони ба ВНМО сироятёфта таваллудшуда зери муоинаи мутахассисон мебошанд.
Вазир илова намуд, ки шумори умумии сироятёфтагон аз ВНМО дар ҷумҳурӣ 10 ҳазору 686 нафарро ташкил медиҳад.
Первую гостиницу Душанбе важно сохранить
Куандык Бишимбаев приговорен к 24 годам лишения свободы за убийство жены
Как 23-летняя девушка из Таджикистана трансформирует микрокредитование на Ближнем Востоке и в Центральной Азии
Республиканский турнир TAJMMAF: путь к Чемпионату мира
Узбекистан даст Казахстану более 900 млн кубометров воды в поливной сезон
В Душанбе молодая девушка родила первенца в «Олуча Такси»
В Армении на акциях в поддержку отставки Пашиняна задержали 151 человека
Фотограф из Таджикистана представит свои работы на медиа-форуме «Диалог Культур»
Узбекистан в 2024 году освоит $5 миллиардов российских инвестиций
Почему Путин снял Шойгу и почему назначил экономиста министром обороны?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста