Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд, ки бо Манижа Ахмедова мавзуи таъйини нафақаи маъюбиро ба баҳс кашиданд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи синну сол, аз рўи маъюбӣ, ба сабаби маҳрум шудан аз саробон ва сабабҳои дигари дар қонун пешбинишуда ба таъмини нафақа ҳуқуқ доранд.

Кадом намудҳои нафақа дар Тоҷикистон мавҷуданд?

Мувофиқи қонун чунин нафақаҳо таъйин карда мешаванд:

а) нафақаҳои меҳнатӣ:

аз рўйи синну сол (пиронсолӣ);

аз рўйи маъюбӣ;

ба сабаби маҳрум шудан аз саробон;

барои хизмати дарозмуддат;

б) нафақаҳои иҷтимоӣ.

Ба шахсоне, ки дар як вақт ҳуқуқи гирифтани нафақаҳои гуногунро доранд, мувофиқи интихобашон як нафақа таъин карда мешавад. Баъд аз ҳуқуқ пайдо кардан ба нафақа бидуни маҳдудияти муҳлат барои таъйини нафақа муроҷиат намудан мумкин аст.

Дар айни замон нафақа аз рўи синну сол ва маъюбӣ, сарфи назар аз он, ки фаъолият пеш аз лаҳзаи муроҷиат барои нафақа қатъ гардидааст ё давом дорад, таъйин карда мешавад. Нафақа барои хизмати дарозмуддат дар сурати тарк намудани коре, ки ба чунин нафақа ҳуқуқ медиҳад, таъйин карда мешавад.

Шаҳрвандони давлатҳои дигар ва шахсони бетабаае, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа ҳуқуқ доранд, агар шарти дигаре дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашуда бошад.

Дар кадом ҳолат нафақаи маъюбӣ таъйин карда мешавад?

Нафақаи маъюбӣ дар сурати фаро расидани маъюбие, ки боиси пурра ё қисман аз даст додани қобилияти корӣ гардидааст, ба сабабҳои зайл таъйин мегардад:

а) маъюб шудан дар кор ё бемории касбӣ;

б) бемории умумӣ (аз ҷумла маъюбии новобаста ба кор, маъюбӣ аз кўдакӣ);

в) осеби ҳарбӣ;

г) беморие, ки дар давраи адои хизмати ҳарбӣ ба он гирифтор шудаанд;

Нафақаи маъюбӣ барои тамоми давраи маъюбӣ, ки аз ҷониби Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ муқаррар гардидааст, таъйин карда мешавад.

Маъюбон вобаста аз дараҷаи гум кардани қобилияти кор ба се гурўҳ тақсим мешаванд. Тартиби муайян намудани дараҷаи корношоямии маъюбон, муқаррар намудани гурўҳҳои маъюбӣ, сабаб, давра ва мўҳлати маъюбии шаҳрвандонро Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ муқаррар менамояд. Низомномаи Хадамоти давлатии мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.