Муноқишаи мусаллаҳона, ки бори навбатӣ рӯзҳои 14-17 сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, харобиҳо, ашк ва андӯҳро дар пай овард. Муайян кардани хисороти дақиқ ва теъдоди биноҳои истиқоматии осебдида ҳоло баъдан сурат мегирад. Аммо аз рӯи аксҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд, миқёси харобкорӣ метавонад аз рақами даргирии моҳи апрели соли гузашта бештар бошад.

Ғаму андӯҳи афроде, ки бар асари баҳси дубораи мусаллаҳонаи марзӣ аз манзили зист маҳрум шудаанд, ҳеҷ як шаҳрванди Тоҷикистонро бетараф нагузошт. Кӯмак ба осебдидагон на танҳо дар маҳалҳо, балки аз шаҳрҳо низ расонида шуд.

Дар шаҳри Хуҷанд ризокорон (волонтёрон) ва созмонҳои хайрия нуқтаҳои ҷамъоварӣ роҳандозӣ намуданд ва шумо метавонед ба онҳо ҳама чизҳои заруриро ба осебдидагон биёваред: асбобҳои рӯзгор, зарф, сару либос, хӯрокворӣ, маводи гигиенӣ. Касоне, ки дар дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ қарор доранд, бо пул ёрӣ расонида метавонанд.

Дар ин ҷо суроғаи нуқтаҳои ҷамъоварии кумак ва маълумоти тамос бо онҳоро манзуратон мегардонем.

Ташаббуси муштараки ФМ “Дасти Сабоҳ” ва ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”

Фонди хайрияи “Дасти Сабоҳ” дар ҳамдастӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” барои кумак ба ҷабрдидагон аз муноқишаҳои марзӣ ҷамъоварии маблағро ба роҳ монданд.


Маблағи ҷамъоваришуда ба харидани дорувории тиббӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, асбобу лавозимоти рӯзгор, сару либос, воситаҳои гигиенӣ, масолеҳи сохтмон барои барқарор кардани хонаҳо равона мегардад.

Ҳисобот дар бораи кумак ва бо чӣ мақсад сарф шудани он дар саҳифаҳои расмии ташкилотҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад.

Як гурӯҳи ин дафтар ба ҷойи ҳодиса меравад, то ки кумакро шахсан ба осебдидагон аз муноқиша расонад. 

Реквизитҳо барои кумак:

+992555591771 - Алиф Моби, Душанбе Сити

4444888810166268 - Visa (Alif)

5058270289198730 - Корти Милли

Маълумот барои тамос:

ш. Душанбе, МС Пойтахт, 410 кабинет (рӯ ба рӯи Алиф Бонк)

Телефонҳо: +992901663660 (Асад)

ш. Хуҷанд, мкр 17-ум, TUT co-working Space (дар наздикии БДА-и вилоят)

Телефон: +992929555129  (Муҳаррам)

Ситоди дастҷамъии «Помощь Матери» (Кумаки Модар)

Гурӯҳе аз занони Хуҷанд “Женский взгляд” бо Шуъбаи кор бо занон муттаҳид шуданд, то ки ба оилаҳои осебдида кумак кунанд. Ба гуфтаи иштирокчиёни гурӯҳ, ба онҳо зангҳои серушмор ворид мешавад ва ин гувоҳи он аст, ки шумори хеле зиёди мардум кумак кардан мехоҳанд.

Метавон бо маҳсулоти хӯрокворӣ, уребак (подгузник) ва лавозимоти гигиенӣ, ҷиҳози хоб, сарулибоси гарм, ҷуроб (кӯдакона, занона вмрадона) кумак кард.

Кумакро метавон ба дандонпизишкӣ (стоматология)-и “Винир”, воқеъ дар микрорайони 19-ум бурд. Вақти қабул: аз соати 08:30 то 17:00.

Ҳамчунин бо пул кумак кардан мумкин аст

Телефони иштирокчиён (дар ҳар кадоме аз рақамҳо Алиф Моби, Душанбе Сити ва Эсхата ҳаст):

Муяссара Маҳмудова (+7 9139501903 корти Амонатбонк)

Наргиза Содиқова +992 92 714 2675

Нигорахон Алимова +992 929499099

Мақсуда Бобоҷонова +992 92 7710733

Саодатхон Яҳёева-Мақсудова +992 92 779 2453

Фонди кумак ба осебдидагон ва маҷрӯҳон дар Овчӣ-Қалъача

Аз ҷониби фаъолони деҳаи наздимарзии Овчӣ-Қалъача тасмим гирифта шуд, ки ҷамъоварии кумак ба ҷабрдидагони муноқишаи марзӣ эълон мешавад.

Бо ин мақсад Фонди кумак ба ҷабрдидагон ва захмиён ташкил шуд. Маблағи чизҳои ҷамъоваришуда барои муолиҷаи маҷруҳон, барқарор кардани хонаҳои вайроншуда ва иншооти зерсохтор, инчунин ёрӣ ба хешовандони ҳалокшудагон равона мешаванд.

Хонаи чанде қабл тахрибшуда джаор деҳаи Овчӣ-Қалъача
Сурат аз саҳифаи Ризои Баҳромзод дар Facebook

Фаъолон дар бораи маблағи ҷамъоваришуда ва ба куҷо масраф шудани он ҳисобот медиҳанд.

Шахсони масъул - Абдумаҷид Охунов, Муҳсинҷон Ғиёсов, Оқилҷон Тоҳиров ва Ризои Бахромзод.

Реквизитҳо барои кумак:

+79023719098 Сбербанк Россия (Оқилҷон Тоҳиров)

+992987375006 Душанбе Сити (Оқилҷон Тоҳиров)

+992928890708 Алиф (Оқилҷон Тоҳиров)

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, аз ҷумла филиали он дар вилояти Суғд низ ба масоили кумак ба гурезаҳо ва ҷабрдидагон аз муноқишаҳои марзӣ машғул аст.

Кормандони филиалҳо дар ноҳияи осебдида дар ҳамдастӣ бо ризокорон (волонтёрҳо) аҳолӣ ва сокинони ба дигар ҷой кӯчонидашударо бо маҳсулоти хӯрокворӣ, нон ва хӯроки нисфирӯзии гарм таъмин мекунанд.

Сурат аз саҳифаи Ҷамъият дар Facebook

Барои хоҳишмандоне, ки саҳм гузоштан мехоҳанд, Ҷамъият рӯйхати чизҳои зарурии ба он эҳтиёҷдошта ва дигар талаботро пешниҳод карда метавонад.

Суроғаи филиали Ҷамъият дар Хуҷанд:

Кӯч. Камоли Хуҷандӣ 83, мавзеи автовокзал, бинои куҳнаи хушкашӯӣ (химчистка)-и Бунафша

Телефонҳо:

+992927750500 – Парвиз Ҷабборзода, роҳбари филиали Ҷамъият дар Хуҷанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.