Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) пешниҳод кард, ки ба хотири гиромидошти хотираи қурбониёни низои охири марзӣ, 20-уми сентябр дар ҷумҳурӣ, Рӯзи мотами миллӣ эълон карда шавад.
Дар ин изҳорот, ки Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ҲДТ дар саҳифаи фейсбуки худ нашр кардааст, таъкид гардидааст, ки "дар натиҷаи ин ҳамлаҳои аҳдшиканонаи Қирғизистон беш аз 60 нафар сокини Тоҷикистон кушта ва садҳо тан захмӣ шудаанд".
Дар робита ба ин, ӯ пешниҳод намудааст, ки “ба хотири гиромидошти рӯҳи шаҳидони ин муноқишаҳои сарҳадӣ рӯзи 20-уми сентябр дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи мотами миллӣ эълон карда шавад”.
“Дар ҳама шабакаҳои итилиоотии давлатӣ намоиши ҳамагуна барномаҳои ҳаҷвӣ ва рақсу суруд, рӯзҳои 20, 21 ва 22-юми сентябр манъ карда шавад”, - зикр мегардад дар изҳороти ҲДТ.
Ҳамчунин, Абуқодири Рустам, адиби тоҷик низ аз ҳукумати кишвар дархост кардааст, ки “рӯзи душанбе, 19-уми сентябр, дар тамоми маҳдудаи кишвар ба сабаби марги фарзандони тоҷик аз дасти таҷовузгарони қирғиз Рӯзи мотами миллӣ эълон карда шавад!”.
Ӯ таъкид намудааст, ки “агар ҳукумат ба ин пешниҳод беэътиноӣ кунад, мо худ ҳар кадом бояд дар хонаҳоямон маросими дуо ба рӯҳи кушташудагон баргузор кунем!”.
Ин пешниҳоди ҲДТ ва адиби тоҷик аз ҷониби корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҷонибдории васеъ пайдо карда, даҳҳо нафар зарурати эълони Рӯзи мотами миллӣ дар кишварро таъкид кардаанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дирӯз бозии тими мунтахаби ҷавонони кишвар оид ба футбол бо ҳамсолони худ аз давлати Камбоҷа бо эълони дақиқаи хомӯшӣ ба хотири гиромидошти қурбониёни низои марзӣ оғоз гардид. Дида мешуд, ки чанде аз футболбозони тоҷик бо дастбандҳои сиёҳ бозӣ доранд.

Дар Қирғизистон имрӯз, 19-уми сентябр, Рӯзи мотам эълон шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи даргирии марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки 14-уми сентябр оғоз гардид, аз зарду ҷониб, даҳҳо нафар ба ҳалокат расидаву садҳо нафар ҷароҳат бардоштанд.
Как проходил первый парад в независимом Таджикистане – уникальные кадры
Защита от смерти и страхование жизни: как снизить уязвимости к климатическим потрясениям?
$2,5 за порцию и выше. Индекс плова и рост цен в странах Центральной Азии
Физик, преданный науке. Иному Бободжанову – 90 лет
Главные инвесторы Таджикистана в 2024 году
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 23 февраля 2025 года
Корейское SPA для волос: секрет популярности и лучшие места в Душанбе
Reuters: США пригрозили закрыть Украине доступ к Starlink
Таджикский велогонщик выиграл две медали на чемпионате Азии-2025
Таджикистанка прошла в финал международной премии Women Changing the World Awards
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста