Имсол дар раванди қабул ва гирифтани Грин-корт (корти сабз)-и Амрико чанд тағйирот ворид гардидааст. Дар ин бора аз Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, имсол сабти онлайнӣ дар Грин-корт пагоҳ, 5-уми октябр, соати 8:00 ба вақти Ню-Йорк ва 17:00 ба вақти Душанбе, оғоз меёбад. Қаблан бақайдгирии ин лоторея аз 7-уми октябр шурӯъ мешуд.
Ҳамзамон, соли ҷорӣ шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бо шиносномаи миллӣ худро дар лотереяи Грин-корт сабти ном кунанд. Қаблан, барои супоридани Грин-корт доштани шиносномаи хориҷӣ ҳатмӣ буд.
“Вале шахсоне, ки шиносномаи хориҷӣ доранд, беҳтараш бо он худро ба қайд гиранд. Зеро давоми корҳои ҳуҷҷатгузорӣ дар ҳолати бурди Грин-корт бо шиносномаи хориҷӣ сурат мегирад”, - тавсия доданд аз Сафорати Амрико дар Тоҷикистон.
Ҳамчунин, минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳолати бурди Грин-корт метавонанд раводиди Амрикоро аз сафорати ин кишвар дар Душанбе дастрас намоянд. Қаблан барои дастрас намудани раводид, шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур буд, ки ба Қазоқистон сафар кунанд аз сафорати ИМА дар ин кишвар раводид бигиранд.
Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки квота барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2023 нисбат ба соли қаблӣ бештар шудааст, аммо дақиқ нест, ки то чӣ миқдор зиёд гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки Департаменти давлатии Амрикор ҳар сол барои шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ба Иёлоти Муттаҳида 50 000 раводиди доимии истиқомат (корти сабз)-ро ба тариқи лотерея пешниҳод мекунад.
Дар умум, ҳар сол тақрибан 14 миллион нафар аз тамоми ҷаҳон дар ин барнома иштирок менамоянд.
Сжигающий Рамазан: Интересные факты о священном для мусульман месяце
Таджикский первопроходец в английской премьер-лиге
Влиятельные женщины в таджикской политике
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Чайхона раздора, энергетический вопрос в Рамазан и мольбы матерей
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 9 марта 2025 года
Медиа-группа «Азия-Плюс» поздравляет всех женщин с Днем матери и Международным женским днем!
Цветы, улыбки и подарки: как прошла ежегодная акция «Азия-Плюс» - «Модарони мо»
Официально: Первый пункт выдачи заказов Wildberries в Душанбе откроется в апреле
Politico: Трамп ограничил полномочия Маска и его DOGE в вопросах увольнения госслужащих
ICB поддерживает развитие национального футбола
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста