"Ҷасади ҷавон дар ҳудуди деҳаи Ёрӣ пайдо ва ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супорида шуд", - хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
Ин ҷавон 17-сола аз деҳаи Мингдонаи ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷекат, ки аз ӯ ном бурда намешавад, рӯзи 1-уми ноябр ҳангоми ҷамъоварии ҳезум ба дарёи Зарафшон ғарқ шуда буд. Гуфта мешавад, ки ӯ қоидаҳои бехатариро риоя накардааст ва ҳамин тавр, пояш лағжида ва ба дарё сарозер шудааст.
Ҷустуҷӯи ҷасади ӯ аз ҷониби имдодгарони КҲФ дар водии Зарафшон дирӯз бенатиҷа анҷом ёфт ва субҳи имрӯз, 3-юми ноябр, ин ҷустуҷӯҳо аз сар гирифта шуданд.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи ггражданӣ хотиррасон мекунад, ки рӯзҳои 4-5 ноябр дар қаламрави ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, доманакӯҳҳо ва кӯҳистонии вилояти Хатлон ва Дарвози ВМКБ боридани борон ва барф дар назар аст. Боришоти фаровон боиси омадани сел ва сангрезӣ гардида хавфи баланд шудани сатҳи оби дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, вуҷуд дорад.
Дар робита ба ин Кумита аз аҳолӣ даъват мекунад, ки аз анҷом додани корҳои кишоварзӣ, чаронидан дар чарогоҳҳо, доманакӯҳҳо ва манотиқи кӯҳистон, шикор ва моҳидорӣ, инчунин аз рафтан ба тамошо ва сайругаштҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.
Что делать, если у вас украли телефон или вы его потеряли?
Как Россия и Англия Памир делили. О последней военной кампании русских в Центральной Азии
«TikTok стал ключом к моей поездке в Гарвард». История Дильшода из Кайраккума
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 6 апреля 2025 года
Таджикский суп: 7 рецептов необычного вкуса
Узбекистан впереди Ирана, Таджикистана и Кыргызстана. Какие футбольные команды дороже всех в Азии?
Душанбинская чайхана «Фарогат» - память тысячи людей
Рост ксенофобии в России - спланированная государственная политика?
Визуальный журнал прошлого. Как Фарзона из Душанбе создала проект о старом Таджикистане
Трамп продлил работу TikTok в США на 75 дней
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста