Аз марги Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 45 соли комил гузашт. Ҷасади ӯ рӯзи 12-уми ноябри соли 1977 аз шаҳри Бағдод ба Душанбе омад ва ба хок супорида шуд. Он замон ҳама аз даргузашти ситораи тобони санъати тоҷик андӯҳгин буданд, аммо бештар аз ин, аксарият мехостанд донанд, ки Маҳмудҷон Воҳидов чӣ гуна ба ҳалокат расид. Касе дар бораи марги пурасрори ҳунарманд маълумот намедод. Танҳо пас аз гузашти чанд муддат, дар ҳафтаномаи “Маориф ва маданият” сабаби марги Маҳмудҷон Воҳидов кӯтоҳ шарҳ дода мешавад: ӯ аз айвони меҳмонхона афтода ба ҳалокат расид.

Он замон ҳаводорони ҳунарманд ба хабари расмии сабаби марги Маҳмудҷон Воҳидов бо шубҳа менигаристанд ва умед ба он доштанд, ки бо гузашти муддате парда аз рӯйи ҳақиқат бардошта мешавад.

Имрӯз, бо гузашти 45 сол аз марги Маҳмудҷон Воҳидов, то ҳол маълум нест, ки ин ҳунарманд дар чӣ шароит ба ҳалокат расид ва чаро сабаби маргӣ ӯ пинҳон нигоҳ дошта мешавад.

Авҷи шуҳрат ва сафар ба Бағдод

Ӯ 38 сол умр дид ва дар камолоти ҳунараш аз олам даргузашт. Нақши Маҳмудҷон Воҳидов дар санъати миллӣ басо арзишманд дониста мешавад ва намоишҳои офаридаи ӯ дар дар мисоли “Гуфтугӯ бо худ” ва “Алломаи Адҳам” то ба ҳол шоҳкории санъати асил ҳисоб шуда, ба хазинаи тиллоии фарҳанги миллӣ дохил гардидаанд.


Дар ин радиф, намоишномаҳои “Қисмати шоир”, “Ромео ва Ҷулйетта”, “Муфаттиш”, филмҳои ҳунарии “Зумрад”, “Ҳасани аробакаш” ва “Достони Рустам ва Сӯҳроб”-и ӯ дар хотираи миллат нақш бастаанд.

Маҳз дар авҷи шуҳрат Маҳмудҷон Воҳидов ба ҳайати гуруҳе шомил мешавад, ки озими Бағдод, пойтахти Ироқ буд.

Сафари охирини Маҳмудҷон Воҳидов

Ҳамин тавр, Маҳмудҷон Воҳидов охири моҳи октябри соли 1977 бо 25 нафар ҳунармандони тоҷик дар “Даҳаи адабиёту санъати мардуми Шӯравӣ дар Ироқ” аз Душанбе ба Маскав ва пас аз он ба Бағдод парвоз кард.

Субҳи 1-уми ноябр дар пойтахти Ироқ рӯзҳои фарҳангӣ оғоз шуданд ва то рӯзи 8-уми ноябр, ҳамон рӯзе, ки Маҳмудҷон Воҳидов ҷон дод, ӯ дар маҳфилҳо мақоми ровиро дошт ва дар ин баробар, шеърхонӣ мекард.

Тибқи фарзияе, ки то ин замон паҳн шудааст, Маҳмудҷон Воҳидов соати 3:22 дақиқаи шаби 8-уми ноябри соли 1977 аз балкони меҳмонхонаи марказии Бағдод, воқеъ дар хиёбони Саъдун, ба болои мошини тамғаи “Мерседес” афтода ба ҳалокат расид.


Марги Маҳмудҷон Воҳидов чӣ гуна рух дод?

Каримҷон Ҳасанов, муовини вақти Прокурори Тоҷикистон, ба бисёр саҳифаҳои торики ин қазия дар тадқиқоте, ки Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон (МТЖТ) гузаронидааст, рӯшанӣ андохтааст. Ӯ гуфтааст, баъди 4-5 рӯз перомуни марги Маҳмудҷон Воҳидов аз Прокуратураи СССР ба Прокуратураи Тоҷикистон дар ҳаҷми 5 саҳифа маълумот омад.

Бинобар гуфтаи ӯ, дар маълумоти дастрасшуда ду шоҳиди ҳодиса масъулин ва пулиси минтақаро дар хусуси қазияи рухдода огоҳ кардаанд, аммо дар баёноти худ онҳо ҳодисаро ба таври гуногун шарҳ додаанд.

“Чӣ гуна афтидани ҳунармандро ду нафар ронандаи таксӣ дидаанд. Шоҳиди аввал мегӯяд, ки танҳо чӣ гуна ба болои мошин афтидани Маҳмудҷон Воҳидовро дидааст, шоҳиди дуввумӣ бошад, дар яке аз балконҳое, ки чароғи ҳуҷрааш гирён буд, сояи шахсеро мебинад”, - гуфтааст муовини вақти Прокурори Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ӯ, Маҳмудҷон Воҳидов пас аз гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ, тахминан баъди соати шаши субҳ вафот мекунад ва сабаби маргаш дар натиҷаи афтидан кафидани гурдаи тарафи рост ва ҷигар зикр мешавад.

“Марги печидаву мармуз”. Ҳақиқат чист?

Рустам Воҳидов, бародари ҳунарманд, ба хабарнигорони МТЖТ гуфтааст, пас аз марги Маҳмудҷон Воҳидов бозмондагонаш ба ҳеч мақоми марбута перомуни ин қазия расман муроҷиат накардаанд. Танҳо ба сухани журналисти тоҷик Отахон Латифӣ, ки оид ба ин ҳодиса тадқиқоти лозимаро пеш мебурд, эътимод кардаанд, ки гуфтааст “омили марги ҳунармандро пайдо мекунад”. Аммо хулосаи Отахон Латифӣ низ расонаӣ нашуд.

Иброҳим Усмонов, профессори тоҷик, мегӯяд, зиндагии Маҳмудҷон Воҳидов хеле рангин, вале марги ӯ бисёр фоҷиавӣ ба вуқӯъ пайваст. Иброҳим Усмонов ба ин андеша аст, ки “Маҳмудҷон нимашаб бедор шуда, бо нияти ҳавохӯрӣ ба балкон мебарояд ва сараш тоб хӯрда, аз балкон ба пойин меафтад”.

Дар ҳамин ҳол, Хуршеди Атовулло, рӯзноманигор ва директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, зимни тадиқиқот фактҳои наверо пайдо кардааст, вале бо хоҳиши оилаи Маҳмудҷон Воҳидов ва тавсияи Иброҳим Усмонов аз ироаи он худдорӣ менамояд.


“Ба мо муяссар шуд, то бо онҳое, ки дар вопасин нафасҳо ҳамроҳи Маҳмудҷон Воҳидов буданд, ҳамсӯҳбат шавем. Маргу зиндагии ҳунарманд хеле печидаву мармуз аст. Мо чизҳои зиёд пайдо кардаем, вале афсӯс, ки ҳоло вақти расонаӣ кардани он нест”, - гуфт рӯзноманигор.

Хуршед Атовулло танҳо афзуд, “Каримҷон Ҳасанов, муовини вақти Прокурори Тоҷикистон, зимни тадқиқот гуфт, қарор буд, парвандаи Маҳмудҷон Воҳидов баъди 20 сол ифшо шавад, аммо он пас аз 8 сол аз архив ғайб зад”.

Ӯ дар робита ба эҳтимоли мағзшӯйӣ шудани Маҳмудҷон Воҳидов аз ҷониби хадамоти махсуси Англия гуфт, ки факти нав пайдо кардааст, аммо аз ироаи он худдорӣ намуд.

“Дар сафари Афғонистон мақомоти Британияи Кабир ба Маҳмудҷон Воҳидов маблағ ваъда карда, ба мисли писари Сотим Улуғзода - Азиз Улуғзода, ӯро ба гурехтан талқин мекунанд, вале Холмурод Шарифов, мудири вақти шӯъбаи маданияти Кумитаи Марказӣ, огоҳ шуда, Маҳмудҷон Воҳидовро наҷот додааст”, - афзуд Хуршед Атовулло.

Ин рӯзноманигор дар робита ба овозаҳои паҳнгардида хулоса кард, ки “мо ҳамаи онҳоро санҷидем ва маълум шуд, ки Ҷӯрабек Муродов ва Нуқра Раҳматова ба марги Маҳмудҷон Воҳидов ҳеҷ гуна даст надоранд”.

Ҳамин тавр, дар мавриди марги ин ҳунарпешаи хушноми тоҷик назарҳо мухталиф ҳастанд ва ҳақиқати асл ҳанӯз ифшо нашудааст. Ин дар ҳолест, ки аз ҳодисаи марги Маҳмудҷон Воҳидов 45 сол сипарӣ гардида, аксари ҳуҷҷатҳову парвандаҳои дар замони Шӯравӣ мӯҳри махфӣ дошта, ифшо шуданд.

Чаро воқеияти марги Маҳмудҷон Воҳидов то ҳол ошкор нашуд ва гузашта аз ин, чаро касе намехоҳад дар ин хусус ошкор суҳбат кунад, барои ҷомеа номаълум аст.

Пас аз 45 сол, шояд вақти он расидааст, ки воқеият барои ҷомеа гуфта шавад?

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.