Моёншо Маҳмадбекзода, директори Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, зимни як барнома дар “Internews дар Тоҷикистон” гуфтааст, назар ба соли 2010 муҳоҷирати меҳнатӣ дар 9 моҳи соли 2022 коҳиш ёфта, вале сафи занҳои муҳоҷири тоҷик нисбат ба солҳои қаблӣ афзудааст.
Ӯ гуфтааст, аз Тоҷикистон дар соли 2010 - 736 ҳазору 466 нафар (79 ҳазору 632 нафар зан) муҳоҷир буданд ва ин нишондод дар 9 моҳи соли 2022 ба 534 ҳазору 258 нафар (92 ҳазору 826 нафар зан) расид.
Ба гуфтаи Маҳмадбекзода, дар даҳсолаи ахир омори аз ҳама баланд дар робита ба муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2013 ба қайд гирифта шудааст. Дар ин сол 799 ҳазору 699 нафар тоҷикон ба кишварҳои гуногун муҳоҷир шудаанд ва аз ин теъдод 100 ҳазору 875 нафар занон дониста мешаванд.
Аммо омори аз ҳама баланд вобаста ба муҳоҷирати занон дар соли 2014 ба қайд гирифта шудааст. Дар ин сол 106 ҳазору 416 нафар занон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.
Рафтани муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа солҳои 2010-2022-ро дар графикаи “Азия-Плюс” бубинед:

Ёдовар мешавем, ки расиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти кишварҳои “Осиёи марказӣ + Русия” дар шаҳри Остона бо муроҷиат ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки ҳамасола беш аз 2 млн нафар аз Тоҷикистон ба Русия сафар мекунанд. Ӯ афзуда буд, аз ин теъдод танҳо 600 ҳазор нафарашон муҳоҷири меҳнатӣ буда, 140 ҳазор нафари боқимонда “ба дигар кишварҳо парвоз мекунанд”.
Таджикские футболисты попали в топ самых дорогих в Суперлиге Узбекистана
Трамп анонсировал подписание соглашения с Украиной о редкоземельных минералах. Зачем они нужны США?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 27 февраля 2025 года
Как в Душанбе отметили День основания Саудовской Аравии
Кто выращивает фисташки в Таджикистане и как на них много заработать?
Лидеры Узбекистана и Пакистана договорились нарастить двусторонний грузооборот
Банк «Эсхата» предупреждает: «Осторожно, мошенники»
250 млрд евро в год и 300 тысяч солдат. Именно столько потребуется Европе, чтобы защитить себя без помощи США
Главу Хатлона избрали председателем областного подразделения Федерации футбола Таджикистана
Что такое паназиатская кухня и где в Душанбе ее можно попробовать?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста