ИМА ба садҳо сокини осебдидаи Исфара бо маводи ниёзи аввал кумак мерасонад, хабар медиҳад Сафорати ИМА дар Тоҷикистон.
Ин кумакҳо шомили кат, матрас, рахти хоб ва либоси зимистона барои сокинони овораи Исфара гуфта мешавад.
"Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ин ашёро барои қонеъ кардани ниёзҳои башардӯстонаи мардуми Тоҷикистон, ки аз даргириҳои марзӣ дар вилояти Суғд осеб дидаанд, муҳим арзёбӣ кардааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ин кумакҳоро тақсим карда, ба осебдидагон кумак мерасонад",-афзудааст Сафорати мазкур.
Ба иттилои манбаъ ин кумак дар натиҷаи ҳамкории Сафорати ИМА дар Душанбе ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои ҳамоҳангсозии парвози ҳавопаймои боркаши Вазорати дифои ИМА, ки ин маводро интиқол додааст, имконпазир гардидааст.
Ёдрас мекунем, ки бар асари мунокишаи ахири марзӣ манзилҳои зиёди сокинони минтақаи наздимарзӣ осеб диданд. Дар умум хонаҳо дар деҳаҳои Чоркӯҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва деҳаҳои Овчиқалача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷони ноҳияи Ғафуров хароб шуданд.
Казахстан будет перевозить грузы в Европу через Туркменистан и Иран
"Истиклол" и "Аль-Наср" сыграли вничью
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 6 декабря 2023 года
Где молодежь Таджикистана может записаться в волонтеры?
Чем водитель маршрутки №16 в Душанбе поражает пассажиров?
Парвиз Тураби: «Музыка, как и молитва – возможность приблизиться к Всевышнему»
Милиция Душанбе задержала подозреваемого в избиении несовершеннолетнего
По сказке таджикского писателя в Южной Корее снимут мультфильм
История седьмая: как в Таджикистане дискриминируют женщин в хиджабах
Как президент Таджикистана отозвался о «Таджиках» на симпозиуме в Душанбе
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста