Имрӯз, 9-уми декабр, ба пешвози Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон филми мустанади “Зани рӯин” бори аввал дар Душанбе намоиш дода мешавад. Дар ин бора Ардашер Пайванд, муаллиф ва коргардони ин филм ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, филми мустанади мазкур аз ҳаёти зани танҳое қисса мекунад, ки бо фарзанди маъюби гурӯҳи дуюм дар шаҳри Душанбе иҷорашин аст ва бори зиндагиро бар дӯш дорад.
“Филм аҳамияти корманди бахши иҷтимоиро дар ҷомеа барҷаста нишон медиҳад ва то куҷо зарур будани ӯро дар Тоҷикистон матраҳ менамояд”, - гуфт Ардашер Пайванд.
Давомнокии филм 19 дақиқа буда, ба гуфтаи коргардон, он моҳҳои июн-августи соли равон дар шаҳри Душанбе ба навор гирифта шудааст.
Наворбардор-таҳиягари филм Наврӯз Саидов, садобардор - Ҳомидҷон Ҳомидов, таҳиякунанда - Фирдавс Насруллозода ва коргардони садо - Хуршед Нуров мебошанд.
Филм нахустин кори синамоии Ардашер Пайванд аст. Номбурда хатмкардаи "Мактаби мустанадсозӣ" аст, ки тайи моҳҳои феврал-майи соли ҷорӣ дар Душанбе ҷавонони моил ба филмсозиро донишҳои синамоӣ омӯзонид.
Бояд гуфт, филми мустанади “Зани рӯин” моҳи сентябри имсол дар Ҷашнвораи минтақаии "MediaCAMP", ки дар шаҳри Алматои Қазоқистон сурат гирифт, намоиш дода шуд.
Ҳамзамон, дар доираи Ҷашнвораи ҳуқуқи инсон, ки моҳи сентябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар як доираи маҳдуд ба намоиш гузошта шуда буд.
Дар Душанбе бори аввал аст, ки дар ҳайти васеъ имрӯз, 9-уми декабр, соати 17:00 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ба намоиш гузошта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар чандвақтаи охир ба навор гирифтани филмҳои кӯтоҳ ва мустанад дар кишвар нисбат ба солҳои қаблӣ бештар шуда, аксаран соҳиби ҷоизаҳои минтақавиву байналмилалӣ мегарданд.
Китайские гиганты: самые известные бренды и компании, завоевавшие мир
АБР выделит более $86 млн на развитие зеленого дорожного коридора в Таджикистане
Афганистан решил нарастить добычу нефти в бассейне Амударьи
Полвека науки: юбилей кафедры биохимии ТНУ
Приток туристов в Таджикистан заметно вырос
В России мужчина поджег хостел с мигрантами и попал на видео
От чего умирают люди в Таджикистане?
Япония построила еще одно школьное здание в Таджикистане – в селе Сешанбе в Турсунзаде
В ООН заявили о сокращении населения Украины на 10 млн человек с 2014 года
ЦАХАЛ подтвердил, что убит преемник убитого главы «Хезбаллы»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста