Бонки исломии рушд (БИР) буҷети солонаро ба маблағи 363 млн доллар барои амалисозии лоиҳаҳои нави рушд дар 11 кишвари ҷаҳон маъқул шуморид.
Аз ин маблағ 9,5 млн доллараш ба Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии татбиқи лоиҳаи миллӣ оид ба рушди соҳаи маориф дар кишвар ҷудо мешавад, хабар медиҳад Saudi Press Agency.
Қарор дар ин бора дар ҷаласаи Шӯрои мудирони Бонк таҳти раёсати президенти он Муҳаммад Ал-Ҷассер қабул шуд.
Ба сафи кишварҳои гирандагони кумак аз БИР барои амалисозии лоиҳаҳои гуногун инчунин Кот-д'Ивуар, Гвинея, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Маврикия, Танзания ва Африқои Ғарбӣ шомил шуданд.
Лоиҳаҳо, аз ҷумла ба харитасозии заминҳои ҳосилхез, беҳбуди шароити таҳсил, баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар бахши кишоварзӣ ва барқарор намудани роҳҳо дар ин кишвар равона мегарданд.
Дар кори ҷаласа ҳамчунин якчанд самтҳои муҳими фаъолияти бонк, аз ҷумла барнмаи омодагии стратегӣ ва вокуниш ба COVID-19, рафти татбиқи барномаи вокуниш ба амнияти озуқаворӣ, таъсис ва роҳандозии фаъолияти Фонди гуманитарии ҳадафнок барои Афғонистон ва ғайра баррасӣ шуд.