Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Тоҷикистон унвони номзадии Зокирҷон Асроров, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро бекор кардааст. Ин хабарро як манбаъ аз садорати донишгоҳ ба “Asia-Plus” тасдиқ кард.
Манбаъ афзуд, унвони илмии Зокирҷон Асроров бекор ва роҳбарияти донишгоҳ дар ин хусус огоҳонида шудаанд.
“Зокирҷон Асроров айни ҳол кушиш дорад кори илмии бекоршудаашро аз нав пажӯҳиш намуда, дигарбора унвони илмиро соҳиб шавад”, - гуфт як як манбаъи мо бо шарти ифшо нашудани номи хеш.
Гуфта мешавад, ки номбурда қаблан ба асардуздӣ муттаҳам шуда буд.
Дар ҳоли ҳозир назар ва вокуниши расмии Зокирҷон Асроров ба ин иттиҳоми пойгоҳи "Диссернет" маълум нест.
Ҳамчунин, айни замон дар сомонаи расмии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Тоҷикистон вобаста ба бекор кардани дараҷаи илмии Зокирҷон Асроров ҳеҷ маълумоте ҷой дода нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан, 10-уми ноябри соли равон, пойгоҳи “Диссернет” дар пайи таҳқиқоти хеш, тавсия дода буд, ки дараҷаҳои илмии Зокирҷон Асроров, устоди Донишгоҳи давлатии Бохтар бекор карда шаванд.
Он замон ин пойгоҳ навишта буд, ки Зокирҷон Асроров 8-уми апрели соли 2011 рисолаи номзадии худро дар шӯрои дифоъи рисолаҳои назди Институти тадқиқоти илмии иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон зери роҳбарии Рустам Қудратов – вакили ҳозираи парлумони Тоҷикистон дифоъ кардааст.
Пойгоҳи "Диссернет" як пойгоҳи мустақили таҳқиқотии интернетиест, ки мавридҳои асардуздӣ дар рисолаҳоеро, ки дар КОА-и Русия дифоъ шудаанд месанҷад. Ин пойгоҳ дар 3-4 соли ахир бештар аз 60 олими тоҷикро ба асардуздӣ ё рӯйбардори бинуи ишора ба манбаи аслӣ муттаҳам кард.
Масъалаи асардуздии мансабдорон дар яке аз мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо олимону зиёиёни тоҷик низ дар соли 2020 мавриди танқид қарор гирифт ва ӯ ҳатто гуфт, ки "ҳар касе кори илмӣ мехоҳад, ҷавоб медиҳем, рафта кори илмӣ кунад".
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “ин ба он маъно аст, ки баъзе унвонҷӯёни тоҷик роҳи осон ва камзаҳмати илмро пеш гирифта, аз рисолаҳои илмии олимони кишварҳои хориҷӣ васеъ истифода кардаанд”.
Ёдовар мешавем, ки 27 августи соли 2021 амри раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон содир шуд, ки аз ин баъд ҳамаи мансабдорон ва хидматчиёни давлатии Тоҷикистон, танҳо баъди иҷозаи ӯ метавонанд, ба таҳқиқи илмӣ сару кор бигиранд ва олим шаванд.
С Новым годом, дорогие друзья!
Tarona Music Award-2024: 15 звезд на одной сцене!
В «Ориёнбанк» подвели итоги акции с розыгрышем квартир и электромобилей
2025 год Зеленой Деревянной Змеи: что он принесет?
Что смотреть на новогодние праздники: 10 новых и самых новогодних фильмов
Селёдка под шубой: ТОП-5 необычных оформлений самого новогоднего блюда
Мэр Душанбе поручил искать гранты на ремонт ветхих электросетей и водопроводных линий в столице
Гульсифат Шахиди: «Тот, кто получил достойную жизнь, прежде всего много трудился»
В первый день нового года погода в Таджикистане резко изменится
Пять ключевых достижений Таджикистана в сфере энергетики и водных ресурсов в 2024 году
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста