Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади гиромидошти ёди шаҳидон як маҳалла ба номи Олимназар Холиқназаров, подполковники дар марз ҷонбохта номгузорӣ шуд. Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд пешниҳод шуд, ки кӯчаи марказие ба номи Ҳодихон Султонов, афсари дигари ҷонбохта, гузошта шавад. Ду пешниҳоди қаблии дигар то ҳанӯз норӯшан боқӣ мемонад.
Гиромидошти хотираи неки подполковник дар Хоруғ
Ҳукумати шаҳри Хоруғ хабар медиҳад, ки бо қарори якдилонаи маҷлиси вакилони халқи ҷамоати шаҳраки Шоҳтемуриёни шаҳр аз 27 декабри соли 2022, маҳаллаи Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи Олимназар Холиқназаров номгузорӣ карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, ин ташаббус бо мақсади гиромидошти хотираи неки ин фарзанди сарсупурдаи ватан гирифта шудааст.
“Ин иқдоми саривақтии намояндагони халқ баҳри қадрдонӣ ва арҷгузорӣ аз ҷавонмардиву садоқати ватандӯстонаи фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон, ки дар роҳи ҳифзи хоки муқаддаси Ватан ва домани поки модару хоҳари тоҷик ҷонфидоӣ намуда, то нафаси охирин ба қасами ҳарбии худро содиқ монд, роҳандозӣ гардид”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, подполковник Олимназар Холиқназаров моҳи сентябри соли равон бар асари муноқишаи навбатии марзӣ аз сӯи низомиёни Қирғизистон кушта шуд. Марҳум 37 сол дошта, аз ӯ як фарзанд ятим мондааст.
Ёди шаҳиди дигар дар Исфара
Дар ин баробар, ҳукумати шаҳри Исфара хабар медиҳад, ки мутобиқи қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара яке аз кӯчаҳои маҳаллаи 11-и шаҳр ба номи шаҳиди муноқишаҳои марзӣ, корманди ШВКД-1 ҶТ дар шаҳри Исфара Ҳодихон Султонов гузошта мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, зимни боздиди оилаи мавсуф шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода нусхаи қарори мазкурро ба волидайни Ҳодихон супорида, бори дигар аз шуҷоату мардонагии ӯ ёдовар гаштааст.
“Ҳодихон Султонов баҳри ҳимояи Ватан ва муқаддасоти он ҷони худро дареғ надошта, сина сипар намудааст, ки шаҳодат аз мактаби олии ватанхоҳиву меҳанпарастиро дорад. Ҷойгоҳи ин фарзанди азизи диёр дар лавҳи хотираҳо ҷовидона боқӣ хоҳад монд”, - гуфтаааст шаҳрдори Исфара.
Марҳум рутбаи лейтенанти калони милитсияро дошт ва корманди Шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара буд, ки ҳангоми даргириҳо дар рӯзи 16-уми сентябри соли 2022 ҷонашро бохт.
“Пешниҳод қабул нагардид”. Бенатиҷа мондани ду номгузорӣ
Пас аз таҷовузи низомии Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон дар моҳи сентябр, ки бар асари он даҳҳо нафар сарбозону афсарони тоҷик ҷон бохтанд, ташаббуси номгузорӣ ва пешниҳоди он дар маҳҳаллаҳои гуногуни Тоҷикистон расонаӣ гашта буд. Аммо бо гузашти бештар аз 3 моҳ манобеи мо иттилоъ доданд, ки ин номгузориҳо анҷом нашудааст.
Қаблан, “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ва Айнии вилояти Суғд ду мактаб ба номи Шуҳратҷон Наҷмиддинов ва Хирадманд Усмонзода, афсароне, ки ҳангоми муқобила ба таҷовузи низомии Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон қурбон шуданд, гузошта мешаванд.
Зайнӣ Дӯстов, директори мактаби №27-и деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ, имрӯз, 28-уми декабр, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ин пешниҳод аз ҷониби вакилони халқи ноҳияи Айнӣ дастгирӣ наёфт.
Ӯ гуфт, ҳама ҳуҷҷатгузории лозимаро омода карда, ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ супоридем, аммо дар маҷлиси навбатӣ он қабул нагардид.
“Мактаби мо то ба ҳол ба номи маорифпарварт Аҳмад Махдуми Дониш аст. Вакилони халқ дуруст нашумориданд, ки номи Аҳмади Донишро гирифта, ба ҷои он номи Хирадманд Усмонзодаро гузоранд”, - гуфт Дӯстов.
Ба гуфтаи ӯ, дар Маҷлиси вакилони халқ пешноҳод шудааст, ки ба номи Хирадманд Усмонзода, афсари ҷонбохтаи тоҷик, ки зодаи ин минтақа аст, кӯча ё хоҷагии деҳқонии деҳааш гузошта шавад.
Дар ин баробар, Умар Ситамов, директори мактаби №15 дар Ховалинг, имрӯз дар сӯҳбат бо мо гуфт, “пешниҳод ба Маҷлиси вакилони ноҳияи Ховалинг ирсол шуда буд, аммо то ба ҳол хулоса нашудааст”.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи қонун "Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан"-ро қабул кард, ки он ҷовидон гардонидани хотираи шахсони ҳангоми ҳифзи Ватан ҳалокшударо мушаххас кардааст.
С Днем Конституции, Таджикистан!
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 6 ноября 2024 года
Гостинице «Душанбе» - 60 лет! Как раньше выглядел один из лучших отелей СССР?
Турция простила внешний долг Кыргызстану
От водных городов до динозавров. Топ-5 самых необычных музеев Китая
Что говорит Конституция Таджикистана о правах и свободах человека, о демократии?
В США начались 60-е президентские выборы
Сливочное масло в России подорожало. А, значит, жди подорожания и в Таджикистане
Узбекистанца приговорили к 5 годам тюрьмы за участие в военных действиях в Украине
Военные, флаги и транспаранты. Как в Хатлоне отметили 30-летие Конституции Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста