Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”, ки чанд сол шуд дар саросари ҷумҳурӣ баргузор гардида, марҳилаи ниҳоии он дар пойтахти кишвар ва бо шукуҳи хоса натиҷагирӣ мегардад, мавриди таваҷҷуҳи аксар дӯстдорони китоб ва дар умум, ҷомеаи фарҳангӣ қарор гирифтааст.
Нигоштаи Ҳафиз Раҳмон, адабиётшинос, публитсист ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки чанд сол аст яке аз доварони ин озмун аз номинаи “Адабиёти ҷаҳон” мебошад, бозгӯкунандаи вазъи воқеии озмун буда, барои такмили он мусоидат хоҳад кард.
Чаро дарунмояи “Фурӯғ” каломи бадеъ аст?
Вожаи “фурӯғ”-ро дар луғат рӯшноиву тобиши офтоб, обу рангу сафо, дурустиву некӣ, ривоҷу равнақ, ороиш тафсир кардаанд. Ҳамаи ин калимот моҳияти озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро, ки ҳадафи аслиаш ҷалб намудани мардум ба китоб аст, ифода мекунад. Таъсисгарони озмун ба ҳайси унвони ин тадбир мисраъи машҳури Абдурраҳмони Ҷомӣ “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро интихоб кардаанд бад-ин ҳадаф, ки роҳи ҳалли тамоми мушкилҳо доноист ва ба ин фазилати одамӣ бидуни китоб наметавон мушарраф шуд.
Яъне ҳамин китоб аст, ки инсонро донишманд мекунад ва ҳар қадар миқдори донишварон афзуд, ҷомеа низ ба сӯйи зиндагонии шойиста таҳаввул хоҳад кард.
Дар ҷумҳурӣ ба ҷуз озмуни “Фурӯғ”, яъне адабиёти бадеъӣ боз даҳҳо озмунҳои дигаре ҳам ҳаст, ки мардум ба он ҷалб мешаванд, аммо ба озмуни адабиёт ҳама меоянд, ҳам намояндагони улуми табииву дақиқ ва ҳам ғайри онҳо, ҳам навраси мактабхон ва ҳам бознишаста, яъне ҳама. Чунки адабиёт табиатан ҳунари зебоиофаранда аст ва мардум ба зебоӣ аз Одам то ин дам таваҷҷуҳ доштанд ва то ҷомеаи башарӣ ҳаст, ҳамчунин таваҷҷуҳ хоҳанд кард...
Ҳамин аст посухи кӯтоҳ ба суоли он ки чаро озмуни “Фурӯғ” махсуси адабиёти бадеъист. Гуфта будем ва хоҳем гуфт, ки ҳамин озмун бо ҳамин сохтору мазмунаш бузургтарин сабқат ва тадбири фарҳангист, ки дар даврони истиқлоли Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.
Комилан хато мекунанд онҳое, ки мегӯянд: вақташ расида, ки ҳукумат додани пулро ҳамчун ҳавасмандгардонӣ барои хондани китоб бас кунад ва озмун ба роҳу равиши табиӣ сурат бигирад. Аммо чун ба таърихи рушди башар руҷӯъ кунем, хоҳем дид, ки ҳамеша ду чиз - яке тарсу дигаре ҳавасмандгардонӣ мардумро ба таҳрик меоварданд ва табиист, ки ҳавасманд кардани инсонҳо барои кори нек на танҳо омили пешрафти худи одамон, балки ҷомеаву кишварҳо низ будааст. Ҳоло давлат барои китобхонии мардум пул медиҳад, фардо ҳамин насли китобхонда дар идораи давлат ва ҷомеа ибтикороти тоза хоҳанд кард. Баъдан, он пуле, ки давлат ҳоло медиҳад, сармояест барои кашфи истеъдодҳо ва ақлҳо. Он пул на ба хориҷа меравад ва на сарфи беҳуда мешавад, ҷавондухтар ё наврасе онро барои беҳ кардани шароити худаш, барои рушди минбаъдааш харҷ мекунад ва он ақида дар мағзаш як умр устувор хоҳад шуд, ки дониш на танҳо қудрат, балки сармоя ҳам будааст.
Имсол барои ҳар номина, ки аз 4 гурӯҳи синнусолӣ иборат аст, ҷамъан 20 нафар ва дар умум 95 нафар подош ё ҷоиза гирифтанд, ҳамчунин 46 омӯзгор низ барои омода кардани шогирдони сазовор маблағ гирифтанд. Ҷамъулҷамъ беш аз 3 миллион сомонӣ. Маблағи кам нест, аммо дар қиёс бо ин ки ҳазорон нафар ҷавонону наврасон ба китоб машғул мешаванд ва сабқати ақлҳо сурат мегирад, ин пул сарфи боҳадафи маблағи давлат ҳисоб мешавад. Қадр шудани шахси донишманд иқдоми ҳар давлатест, ки обрӯву манзалат ва эътирофи мардумро мехоҳад. Аз ин рӯ, бо назардошти он ки сол то сол шумораи хоҳишмандони иштирок дар озмун меафзояд, агар миқдори ин маблағ ҳам афзоиш ёбад, пеш аз ҳама, ба нафъи худи давлат ва ҳукумат хоҳад буд.
Вазъи имсолаи озмун
Банда соли чорум аст, ки ҳамчун довар дар номинаи “Адабиёти ҷаҳон” ширкат мекунам ва табиист, ки баррасиҳои ман ба ҳамин гурӯҳ ё номина дахл доранд.
Имсол озмун даҳҳо нафар ошиқони адабиётро кашф кард, дар ҳар гурӯҳи синнусолӣ панҷ-шаш нафар довталабоне буданд, бо ақли расову дониши хуб ва зеҳни гирояшон фарқ мекарданд. Бо забонҳои русиву англисӣ ва ҳатто олмониву туркиву фаронсавӣ шеър хондану мутолиа кардани асарҳои бадеӣ анъана шуд. Довталабон ба забони дилхоҳашон бардоштҳои худро мегуфтанд ва ба пурсишҳо посух медоданд. Раванди бо забони тоҷикӣ қисса кардани китобҳои ба забонҳои русӣ ва англисӣ хондашуда ҳам ба мушоҳида расид. Омодагии гурӯҳи аввал, яъне хонандагони мактабҳои миёна нисбат ба гурӯҳҳои дигар беҳтар буд.
Имсол дар масъалаи ташкили озмун ва равиши он навгониҳо буд: аъзои комиссиюни тадорукот баробар бо доварони номинаҳо масъулият доштанд ва ба ҳар шикояту арзи довталабон чораҷӯӣ мекарданд. Гурӯҳи нозирон низ буданд, ки аз ҳоли номинаҳо мудом хабар мегирифтанд.
Бино ба ахбори довталабони озмун, дари ҳуҷраи кории раиси комиссия, сарпарасти соҳа, муовини сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён ҳамеша боз буд: ҳар касе сухане ё арзе аз озмун дошт, ошкоро мегуфт ва муаллима филфавр чора медиданд. Банда ҳам ду маротиба он касро дар ҳоле дидам, ки бо довталабон суҳбат ва ба шикояти онҳо расидагӣ мекарданд. Рӯзе як ё ду маротиба аз дари қафо ба толори мо ҳам медаромаданд, ки ҳатто пайхас ҳам намекардем.
Ибтикори хуби дигари ин кас дар озмуни имсола ҳамин буд, ки ба ҳар довар музди кор доданд ва меҳнати эшонро қадр карданд.
Шахси масъули дигаре, ки мудом аз ҳоли номинаҳо огаҳӣ дошт, муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ ҷаноби Зиёдулло Абдулзода буд. Тақрибан рӯзе набуд, ки ду-се маротиба ҳамроҳ бо Муҳаммаддовуди Саломиён, раиси Академияи таҳсилот, ба толори мо наомада бошанд. Баъди озмун ба ин кас иқрор шудам, ки дар симояшон шахси масъул ва раҳбари босалоҳиятеро кашф кардам.
Аз ашхоси масъули озмун Марина Василевна Русакова, муовини раиси Донишгоҳи исловии Тоҷикистону Русияро бояд ном гирифт, ки ҳамарӯза иштироки донишҷёнро таъмин мекарданд. Ин кас ду сол қабл дар ҳайати доварони ҳамин номина буданд ва имсол набуданашон эҳсос мешуд. Ошкоро бояд бигӯям, ки будани ин муаллима дар номина бисёр муҳим аст, ҳам аз нигоҳи дониш ва ҳам аз лиҳози муомилаву муносибати омӯзгорона бо довталабон.
Ҷиҳатҳои хуби озмун имсол дар омодагии бештари довталабон, фарохтар шудани назари онҳо дар масъалаи интихоби адибон ва осори онҳо, иродаи қавии аксарияташон дар собит кардани донишашон аён шуд. Қисмате аз онҳо ду ва се сол пайиҳам омада, оқибат шаҳди пирӯзӣ чашиданд.
Номинае, ки осори 155 адибро барои хондан тавсия мекунад, омодагии ҷиддӣ ва масъулияти баланд тақозо дорад. Аз сеяки довталабони ин гурӯҳ мо ҳамин гуна муносибат ва масъулиятро ҳис кардем.
Аз мушкилот ҳам сухан бояд гуфт. Имсол миқдори довталабони номинаи мо аз соли гузашта камтар буд, махсусан дар гурӯҳи дувум, яъне донишҷӯёни макотиби олӣ ва магистрҳо. Ҳамагӣ 18 кас иштирок кард, ки хеле кам буд, ҳол он ки беш аз 40 мактаби олӣ дорем ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои сершумор. Ҳаргиз гуфтанӣ нестем, ки ба ҳар донишгоҳу донишкада “нақша”-и иштирокчиён муқаррар шавад, чун адабиётро маҷбурӣ намехонанд ва бояд танҳо ҳавасмандон ширкат кунанд. Аммо боварам намеояд, ки фаразан, аз як донишгоҳ ҳадди ақал як кас набошад, ки адабиётро дӯст надорад ва асари бадеӣ нахонад. Пас, хулоса кардан мумкин, ки роҳу равиши таблиғи озмун дар макотиби олӣ нодуруст аст: ё донишҷӯён аз озмун огоҳӣ надоранд, ё тарзи баргузор ва интихоби довталабон нуқсон дорад, ё роҳбарияти донишгоҳҳо ба ин тадбир аҳаммият намедиҳанд, онро як чизи барзиёд ва халалрасон ба раванди таълим меҳисобанд. Ривоҷ надоштани ин кор сабаб дорад, ки дар қисмати пешниҳодот баён хоҳам кард.
Дар гурӯҳи аввал – хонандагони макотиби миёна ва литсею гимназияҳо низ омодагии довталабон агарчи дар умум хуб буд, вале сифати дониши китобхондаҳо на дар он сатҳе буд, ки лозим бошад. Таваҷҷуҳи довталабон асосан ба асарҳои насри хурди бадеӣ ва драматургия (масал, ҳикоя, новелла, қисса) бештар буд, аз роман барин навъи муҳимми насри бадеӣ дар рӯйхати хонандагон кам ба чашм расид. Аксаран ба осори он адибоне диққат кардаанд, ки дар партави реализм, ё вуқӯъгароӣ ва ҳам реализми интиқодӣ ва романтизм эҷод кардаанд. Маҳбубияти жанрҳои детектив ва фантастика дар миёни наврасон эҳсос мешуд. Аз намояндагони равияҳои дигари эҷодӣ, фаразан, реализми ҷодуии амрикоилотинӣ, сюрреализм ва символизму неоромантизм, ҷараёнҳои модернистиву постмодернистӣ, бехатарии вуҷудӣ ва ғайраҳо аҳён-аҳён ба назар мерасид. Аз ин хулоса кардан мумкин аст, ки завқу фаҳми ҷавонон нисбат ба адабиёти бадеӣ то кунун маҳдуд аст. Ягон-ягон довталаберо дучор омадем, ки дар жанри антиутопия низ асари бадеӣ хонда буданд, аммо кам.
Вазъи ногувор аз ҳама бештар дар гурӯҳи омӯзгорони ҳама зинаҳои таҳсилот, ходимони илму адаб ва дар маҷмуъ – бузургсолон ба мушоҳида расид. Бо таассуф мегӯям, ки нисбат ба намояндагони ин гурӯҳ, ки бояд намунаи ибрат ба дигарон бошанд, ҳамон гурӯҳи хонандагони синфҳои 9-11 бештар донишу савод доштанд. Аксаран, номгӯйи китобҳоро танҳо ба хотири пешниҳод ба озмун сохта буданд: шиносоии умумӣ бо мундариҷаи китоб, дигар ҳеҷ. Ҳини пурсиш танҳо ба нақли сужа ё мазмуни умумӣ иктифо мекарданду халос. Ҳол он ки ин гурӯҳ бояд ҳусни асарро шиносанд ва на танҳо аз ғоя ё маънои асосии асар, балки аз зебоиҳои он, ҳунари нависандагии адиб, ҷиҳатҳои мутафовити он аз осори дигар муаллифон огоҳ бошанд, паёми асосии адибро дар китоб фаҳмидаву фаҳмонида тавонанд, далели муваффақияти асарро бигӯянд ва ғайра. Аммо, ҳайҳот, рӯякӣ, бидуни ҳадаф хондани китоб хоҳу нохоҳ маълум мешуд.
Ногувортарин вазъ дар пурсиши се-чор нафар бознишаста ё нафақагирон буд: бархе аз рӯйи принсипи “ҳарчӣ бештар гап занӣ, ҳамон қадар хуб” амал карда, ҳатто ба суол додани доварон имкон намедоданд. Шояд аломати пирӣ бошад, ё сабаби дигар, ки чизҳои мушаххас дар ёду хотираи ин гурӯҳ намонда буд, ба ҷуз воқеаи асосии асар, ба ҷуз муҳтавои умумӣ, дигар на қаҳрамонро ном мегирифтанд ва на сабаби рух додани ҳаводиси асарро.
Имсол дар номинаи мо аз гурӯҳи аввал – хонандагони синфҳои 1-4 касе иштирок накард. Сабабаш гӯё дар ҳамин будааст, ки ин тоифаи кӯдакон ба “ҳазм”-и асарҳои адибони ҷаҳон омода нестанд. Ин андешаву хулоса мутлақо фикри ғалат ва ғайриилмист: дар адабиёти ҷаҳон даҳҳо нависандагону шоироне ҳастанд, ки махсус барои кӯдакон асар навиштаанд ва менависанд. Низомномаро аз ин ҷиҳат тағйир дода, номгӯйи адибонеро махсус ворид кардан лозим, ки асарҳо барои кӯдакон навиштаанд.
Озмун нишон дод, ки шумораи асосии довталабонро асосан шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ таъмин мекунанд. Асосан маркази вилоятҳо. Аз навоҳии шарқ ва ҷануби кишвар довталабон қариб ки иштирок намекунанд. Дар ҳама зинаҳои синнусолӣ аҳвол ҳамин гуна аст. Чунин ҳолат бояд сабаби гуфтугузори ҷиддӣ дар Вазорати маориф ва илми кишвар шавад, ки чаро асосан аз маркази вилоятҳо хоҳишмандон ҳастанду аз кунҷу канори мамлакат не.
Дигар масъалаи муҳим, ки дар озмун боиси ташвиш шуд, пурғалат будани номгӯйи асарҳои хондашуда аз ҷониби довталабон буд. Дар ҳар рӯйхат садҳо ғалат. Ин иллати ногувор мебоист дар ноҳиву вилоят, яъне зинаҳои якуму дуюму сеюми озмун ислоҳ мешуд, аммо нашуд. Аз ин ҳол чунин хулоса мешавад, ки дар зинаҳои поёнӣ озмунро дуруст ва тибқи низомнома намегузаронанд, ҳатто довароне, ки аз марказ ба вилоятҳо фиристода мешаванд, ин хатоҳоро гӯиё намебинанд ва барои ислоҳ шуданашон таъкид намекунанд.
Бовар дорам, агар довталабонро ҷиддан огоҳ кунанд, ки “дар ҳолати пурхато будани номгӯй шумо аз ҳаққи ширкат дар зинаи охир маҳрум мешавед”, вазъият ба зудӣ ислоҳ хоҳад шуд. Аммо на чунин ҳушдор аст ва на дар низомнома аз ин хусус таъкиде.
Такмили “фурӯғ” ногузир аст
Озмуни “Фурӯғ” чаҳорсола шуд ва собит кард, ки озмуни дӯстдоштаи пиру барнои мамлакат аст. Табиист, ки дар ин чаҳор сол озмун такмил ёфт ва навгониҳо рух доданд. Аммо, бо вуҷуд, мушкилу норасоиҳо ҳанӯз ҳастанд ва барои беҳтар кардани он саъю талош бояд кард.
Аввалин пешниҳоде, ки банда мехоҳам онро ба эътибор бигиранд, такмил додани низомнома аст. Дар он ҳатман барои ворид кардани номгӯйи асарҳое, ки барои кӯдакони синфи 1-4 лозим аст, иқдом карда шавад. Дар қисмати “Адабиёти ҷаҳон”-и низомнома замимае ворид кардан лозим, то ки махсуси ин қишри хонандагон бошад.
Сабаби асосии дилсардиву навмедии аксар довталабони имсола як нофаҳмӣ буд: оё рӯйхати пешниҳодшуда ҳатмист ё ихтиёрӣ? Тавсиявӣ будани ин номгӯй дар низомнома зикр шудааст, аммо дар зеҳни ҳар довталаб ақидае маҳкам ҷо гирифтааст, ки “доварон аз ҳамин рӯйхат мепурсанд ва маҳз ҳамин муаллифонро хондан лозим”. Пас, аз ду кор якеро бояд кард: ё рӯйхатро умуман барҳам бояд дод, то ки ҳар хонандаи китоб чизеро, ки мехоҳад, ҳамонро бихонад, ё ба тамоми доварон расонидан лозим, ки аз номгӯйи умумӣ суол накунанд, танҳо аз китобҳое бипурсанд, ки дар дафтари довталаб сабт шудааст. Баъзе доварони озмун аз ин ҳолати духӯра сӯистифода карданд ва ба ҷойи дафтари пешниҳодкардаи довталаб низомномаро ба асос гирифтанд.
Сабаби чунин пурсупоси доваронро тахмин кардан мумкин: онҳо мехоҳанд ҳамон асарҳоеро пурсанд, ки худашон хондаанд, аз пурсидани асарҳое, ки худашон нахондаанд, ҳазар мекунанд, ё ба таври умумӣ суол медиҳанд.
Рӯйхати адибон барои он лозим аст, ки довталаб дар ҷустуҷӯйи мавод сарсон нашавад, яъне вазифаи ин рӯйхат раҳнамоист. Ин ки довталаб аз кадом кишвар осори кадом адибро мехонад ва киро намепазираду намехонад, ҳаққи қонунии ӯст. Адабиётро маҷбурӣ намехонанд, ин қонун аст, онро аз рӯйи шавқу завқ ва барои қонеъ кардани тақозои маънавӣ мехонанд, ин қонуни дувум.
Гумон мекунам, ки аз набудани рӯйхат буданаш муҳимтар аст. Ёдам мерасад, ки соли аввал ҳамагӣ 20 муаллиф дар низомнома сабт шуда буд, зеро таҷрибаи нахустин буд. Соли дувум банда ба сохтани номгӯй ҷалб шудам ва он иборат шуд аз 155 адиб, соли сеюм миқдори адибон ба 173 нафар расид – аз манотиқи гуногуни олам. Ҳоло мебинам, ки бисёр адибони маъруф ихтисор шудаанд, ки сабабаш бароям маълум нест.
Аксари адибони аз рӯйхат берункарда тоҷи шуҳрати адабиётро ба сар доранд ва муҳбуби хонандагони ҷаҳонанд.
Агар ихтисор лозим бошад, пас, ба ҷуз адабиёти рус, ки бисёр аҳаммият дорад, аз баҳри адибони Осиёи Марказӣ – қазоқу қирғизу туркману ӯзбек ва баъзе адибони украину белорус бояд гузашт, ки осорашон бино ба гузашти айём камэътибор шудааст, чун осорашон ба тақозои реализми сотсиалистӣ эҷод мешуд, замоне, ки ҳама масоили адабӣ таҳти контроли идеологияи шуравӣ буд.
Осори ин адибон ба завқи имрӯзиён, махсусан ҷавонон, созгор нест. Аз ин минтақа, яъне Осиёи Марказӣ ва Қафқоз боқӣ монондани номҳои Чингиз Айтматов, Нодар Думбадзе, Расул Ҳамзатов ва Грант Матевосян кофист.
Ҳамин тавр, пешниҳод мешавад, ки рӯйхати адибон боз ҳам мукаммалтар шавад ва ба таваҷуҳи ҳар довталаб тавассути масъулини озмун дар маҳалҳо расонида шавад, ки аз ин номгӯйи адибон ҳар касеро мехоҳанд, интихоб бикунанд. Агар илоҷ ёфта, берун аз ин рӯйхат ҳам хонанд, боз беҳтар.
Пешниҳоди муҳимми дигар – огоҳона интихоб намудани доварон аст. Ба сифати довар бояд шахси донишманд ва огоҳ аз адабиёт пазируфта шавад, шарт нест, ки ҳатман устоди мактаби олӣ бошад. Касе бошад, ки аввалтар аз ҳама, худаш китоб хонда бошад, то ки дуруст пурсупос карда тавонад. Ва чизи муҳимми дигар – муомилаву муносибати дуруст бо довталабон аст. Таъйини довталаб ба воситаи “мусоидат” аз “болову поинҳо” бузургтарин хиёнат ба озмуни миллист.
Пешниҳоди дигар: қабл аз оғози озмун имтиҳони хаттии довталабон ташкил шавад, беҳтар аст. Довталабон тибқи рӯйхати худашон аз ягон асари бадеӣ эссе навишта, барои санҷиш ба доварон пешниҳод кунанд. Барои дуруст санҷидани саводи довталабон ин кор хеле аҳаммият дорад. Зарурати ин амал боз дар он зоҳир мешавад, ки дар сурати якхела ҳосил шудани баҳои довталабон, яъне сатҳи якранги дониши довталабон, саводи хаттии онҳо меъёри илмӣ ва ҳам боинсофонаи озмун эътироф мешавад. Фаразан, ду кас 50 холӣ гирифтанд, бигзор ҳамоне пирӯз шавад, ки эссеро бехато менависад.
Пешниҳоди дигар роҷеъ ба афзун кардани иштирокчиёни озмун дар гурӯҳи донишҷӯён, ки хеле кам ҷалб мешаванд. Маълум, ки хонандагони мактабҳои миёнаро як устод омода мекунад ва дар сурати пирӯз шудани шогирдаш он муаллим подош (10 000 сомонӣ) мегирад. Ин таҷрибаро нисбат ба донишҷӯён низ ҷорӣ кардан лозим. Итминони комил дорам, ки дар сурати қабул шудани ин пешниҳод шумори довталабони ин гурӯҳ як бар даҳ хоҳад афзуд.
Пешниҳоди дигар: гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис намуда, дар маҳалҳо, ноҳияву вилоятҳо бо ҷамъи довталабон роҷеъ ба моҳияти асарҳои адабӣ, тарзи интихоб ва хондани асарҳо суҳбатҳо ташкил намудан ба манфиати озмун хоҳад буд.
Лозим аст, ки чаҳорчӯбаи вақт барои пурсиши ҳар довталаб таъйин карда шавад. Масалан, як соат. Барои ҳама якхела. Агар довталаб ба чаҳор суоли пайиҳам додашуда посух гуфта натавонад, бигзор вақти пурсиши ӯ маҳдуд карда шавад. Баъди пурсиши ҳар довталаб ҳамон замон натиҷаи дониши ӯро маълум бояд кард. Барои чунин кор тоблуе лозим аст, ки дар он натиҷаи дониши довталаб баъди баромадаш инъикос ёбад. Дарҳол эълон кардани натиҷаи озмун барои ҳар довталаб ҳама гуна миш-мишу гапу овозаҳоро аз миён мебардорад ва ба таъсиси комиссияи аппелятсионӣ низ ҳоҷат намемонад. Дар сурати пайдо шудани норизоӣ кори хаттӣ гирифтан лозим аст, он гоҳ ягон баҳс ба вуҷуд нахоҳад омад. Мавзуи кори хаттӣ (эссе, иншо, бардошт аз мутолиаи асари бадеӣ) аз дохили дафтари довталаб тавассути қуръапартоӣ интихоб карда шавад. Масалан, номи даҳ ё бист роману ҳикоя дар қуттие гузошта мешавад ва довталаб якеро мегирад ва тӯли як соат бардошташро менависад.
Бояд дастурҳое таълиф шаванд, ки дар онҳо ҳама масъалаҳои барои довталабони номинаҳо зарур (махсусан шарҳи мухтасари асарҳои бадеӣ ва тарзи дурусти қироати онҳо) дуруст шарҳу тафсир карда шаванд. Муаллифони ин китобҳо бояд аз имтиҳони комиссияи махсус гузаранд, то ки “шиносбозӣ”-ву “болову поин”-нигариҳо рух надиҳад.
Барои озмуни “Шоҳҷоиза” тартиби ҳозираи озмун созгор нест, зеро аз як ҷониб мегӯем, ки рӯйхат характери тавсиявӣ дорад, аз сӯйи дигар, донистани 70 фоизи маводи онро талаб мекунем. Таҷрибаи чаҳорсола нишон дод, ки аз уҳдаи ин кор ягон довталаб намебарояд. Аз ин рӯ, пешниҳод мешавад, ки барои довталаби “Шоҳҷоиза” донистани 50 асари бадеӣ аз ҳар номина ҳамчун меъёр муқаррар гардад. Доварон аз рӯйи ҳамин номгӯй (яъне аз ҳар номина 50 асар) суолҳо диҳанд ва дар сурати посухи дуруст ғолиби ин озмун муайян карда шавад.
Ниҳоят, вақти он расида, ки мақоми ин озмун баланд бардошта шавад. Бигзор ба озмун тоҷикони бурунмарзӣ низ биёянд ва иштирок кунанд, махсусан тоҷикони кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон, аз водиҳои Фарғона, Сурхондарё, ҳатто аз Самарқанду Бухоро. Тоҷикони муқими Русияву Қазоқистон низ. Азбаски онҳо аз зинаҳои якуму дуюм ва сеюм намегузаранд, бигзор дар низомнома тартиби содашуда сабт шавад. Доиман мегӯем, ки Тоҷикистон ватани тамоми тоҷикони ҷаҳон аст, дар ин озмун иштирок кардани тоҷикони бурунмарзӣ ҳамин андешаро то ҷойе собит ва барои ваҳдати ҳама тоҷикони ҷаҳон, албатта, мусоидат хоҳад кард.
Дар бораи унвони озмун ҳам андеша кунем, хуб аст. Номи расмии озмун (“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ниҳоят дароз аст, беҳтар аст, ки кӯтоҳ бошад, чунки зеҳни мардум душворбаёниву сухани дарозро намебардорад. Тамоил ба ин гуна тағйиротро дар илм “language economy” ё ин ки “least effort” мегӯянд... Агар ин сабқати маънавӣ – Озмуни миллии “Фурӯғ” номида шавад, аз ҳар ҷиҳат беҳтар аст. Се калима ва як олам маъно!
Ҳамин буд чанд андешае, ки мухтасар гуфтанаш кайҳо дар дилам буд. Гумон мекунам, ки аз ҳар баду бало эҳтиёт кардани ин озмун ва мунтазам такмил додани он қарзи ҳар касест, ки китобро дӯст медорад ва зиндагиашро бидуни китоб тасаввур намекунад. Ин озмуни миллӣ озмуни китоб аст ва китоб бошад, бунёди ҳаёт.
Как советский "мусульманский" батальон в 1979 году свергал афганского президента Амина
Где она, самая высокая новогодняя ёлка в СНГ?
Эмомали Рахмон направил телеграмму соболезнования Ильхаму Алиеву
Пять причин посетить Узбекистан зимой
«Главное – внимание, но и IPhone16 – тоже хорошо». Что хотят получить на Новый год жители Душанбе?
Новый тренд у таджикских подростков – фотографироваться с ножами. Откуда он появился?
В Душанбе задержали подростка, подозреваемого в нанесения ножевого ранения другому юноше
Пассажирский самолет Azerbaijan Airlines потерпел крушение в Актау
Таджикистан отстает от других стран Евразии по взаимному инвестированию
Трое из четверых – бывшие заключенные. «Азия-Плюс» поговорила с родственниками подозреваемых в убийствах в Канибадаме
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста