Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вокуниш ба шикояти наздикони шашгоники фавтида, ки “Азия-Плюс” интишор кард, гуфтааст, табибон тамоми чораҳоро барои зинда мондани навзодон андешиданд, аммо бо чанд сабаб, аз ҷумла бинобар сабаби бо вазни ниҳоят кам таваллуд шудан, онҳо даргузаштанд.
Дар вокуниши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки имрӯз, 14-уми январ, дар сомонаи расмии вазорат нашр шуд, даъвои наздикони шашгоники фавтида инкор гардида, сабаби марги навзодон ба чанд омил, аз ҷумла бо вазни кам таваллуд шудани онҳо рабт дода шудааст.
Наздикони шашгоники фавтида дирӯз, 13-уми январ, дар суҳбат ба “Азия-Плюс” даъво доштанд, ки духтурон ҳангоми қабул ва таваллуди модари шашгоник Муборак Соҳибова ба хунукназарӣ ва беэътиноӣ роҳ додаанд ва бо ин сабаб, навзодон фавтиданд.
Дар вокуниши вазорат гуфта мешавад, ки рӯзи 10-уми январи соли равон, соати 11:45, Муборак Соҳибова тавассути нақлиёти Ёрии таъҷилии тиббӣ ба таваллудхонаи вилоятии вилояти Суғд оварда шуд ва аз ҷониби масъулини шӯъбаи қабул фавран қабул ва саривақт муоина гардида, дар шӯъбаи амрози ҳомиладорон бистарӣ шуд, ки дар ин бора дар дафтари қайди қабул сабт мавҷуд аст.
Ин ниҳод мегӯяд, беморе, ки бо нақлиёти ёрии таъҷилӣ вориди беморхона мегардад, фавран, бидуни навбат қабул ва ташхис карда мешавад.
“Ба шаҳрванд Муборакхон Соҳибова бо назардошти нишонаи валодати пеш аз муҳлат тамоми ташхису табобат аз рӯи протоколи стандарти миллӣ оид ба аворизи ҳомиладорӣ гузаронида шуда, оиди ҳолати бемор ба ситоди доимамалкунандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузориш пешниҳод шуд”, - гуфта мешавад дар вокуниши вазорат.
Ин ниҳод иттилоъ додааст, ки соати 00:20 шаби 11-уми январ новобаста аз табобати гузаронидашуда Муборак Соҳибоваро дарди зоиш оғоз шуд ва аз соати 03:25 то 03:50 6 тифли норасидаро бо вазни экстремалӣ (вазни ниҳоят кам) ба дунё овард, ки нахустин кӯдак духтар бо вазни 700 грамм, дуюм писар бо вазни 700 грамм, сеюм писар 600 грамм, чорум духтар 600 грамм, панҷум духтар 600 грамм, шашум духтар 550 грамм вазн доштанд.
“Бояд гуфт, ки тибқи қоидаи амалкунанда баробари таваллуд шудани тифлон ҷинсияти онҳо дар варақаҳои таърихи таваллуди модар, таърихи инкишофи кӯдак ва дастбанди идентификатсионии кӯдакон қайд карда мешавад, ки ин корро табибони таваллудхона саривақт ба ҷо овардаанд”, - зикр шудааст дар вокуниш.
Гуфта мешавад, ки тифлони ба дунё омада, аз рӯи мӯҳлати ҳомиладорӣ 26 ҳафта, қариб 6 моҳаро ташкил медиҳад, ки онро «кӯдакони норасидаи экстремалӣ» (бо вазни ниҳоят кам) мегӯянд.
Ба таъкиди ин ниҳод, аз рўи омори ҷаҳонӣ, навзодони аз 750 то 1000 грамм 12-18 дарсад зинда мемонанд, аммо навзодони норасид бо вазни 500-700 грамм аз рўи адабиёти дақиқ дар ҷаҳон то 96 дарсад рўзҳои аввали ҳаёт фавтида, боқимондаи онҳо ба маъюбият оварда мерасонад.
Вазорати тандурустӣ иддаои “вазъи муътадили кӯдакон пас аз таваллуд”-ро рад карда, афзудааст, ки “бояд донист, ки кӯдакони дар шӯъбаи эҳё бистаришуда ҳаргиз ҳолаташон хуб буда наметавонанд. Яъне агар ҳолати кӯдакон хуб мебуд, ҳаргиз дар шӯъбаи эҳёи навзодон бистарӣ намегардиданд”.
Ин ниҳод гуфтааст, дар умум тайи як шабонарӯзи баъди ба дунё омадани шашгоник онҳо дар асоси стандартҳои соҳавии аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат тасдиқшуда табобат гирифтаанд ва табибон тамоми чораҳоро андешиданд, аммо, омилу сабабҳои болозикр муҷиби зинда намондани шашгоникҳо шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 10-уми январ, дар таваллудхонаи вилоятии Суғд аввалин шашгоник дар таърихи Тоҷикистон таваллуд шуд. Пас аз таваллуд вазъи онҳо мутаъдил арзёбӣ карда мешуд, аммо бо гузашти як рӯз, ҳамаи онҳо фавтиданд.
Ду рӯз пас, 13-уми январ, наздикони шашгоник дар суҳбат бо “Азия-Плюс” аз хунукназарӣ ва беэътиноии табибони таваллудхонаи вилоятӣ шикоят карданд ва гуфтанд, ки аллакай тавассути телефони боварӣ ба сарвазири кишвар арз кардаанд ва нақша доранд, аз болои табибон ба додситонӣ низ шикоят баранд.
Ҳоло маълум нест, ки сабаби марги аввалин шашгоник дар таърихи Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ санҷиш мешавад ё не.
Дар вокуниши вазорат ҳам гуфта нашудааст, ки дар робита ба ҳодисаи мазкур санҷиши алоҳида гузаронида мешавад ё не.
Таджикские IT-таланты. Как наши соотечественники покоряют зарубежные платформы
«Репортеры без границ»: в 2024 году в мире погибли 54 журналиста
«Алиф» получил награду Mastercard за запуск Google Pay в Таджикистане
Афиша от «Азия-Плюс»: долгожданная Tarona Music Award-2024, «Вечер русского рока» и зимняя ярмарка ремёсел
Банк Эсхата запустил новый сервис по покупке авиабилетов
В Таджикистане планируют выпускать займы для устранения последствий стихийных бедствий
В Душанбе обсудили сотрудничество Таджикистана и Южной Кореи в сфере минеральных ресурсов
Лидер захватившей в Сирии власть группировки вернул родителям конфискованную квартиру в Дамаске
Рейтинг безопасности. Кто его составляет, и насколько ему можно доверять?
Таджикистан ускорит согласование документов по миграции во время председательства в СНГ
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста