Мақомоти Қазоқистон як воситаеро, ки ба хориҷиён аз кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС), аз ҷумла аз Русия имкон медод, муҳлати будубоши худро дар ин кишвар бидуни гирифтани иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) ба миқдори номаҳдуд тамдид кунанд, аз байн бардошт.

Мувофиқи қарори навшуда “Дар бораи тасдиқи қоидаҳои вуруд”, муҳоҷирони бидуни раводид (виза) омада 90 рӯз “дар муддати 180 рӯз” дар Қазоқистон ҳузур дошта метавонанд.

Ин тағйирот чӣ маъно дорад?

Қаблан дар муҳлати ба охир расидани давраи иҷозашудаи 90 рӯз, шаҳрванди хориҷӣ метавонист ҳадди ақал як шабонарӯз ба берун аз ҳудуди Қазоқистон рафта, сипас ба кишвар баргардад ва ба ҳамин васила муҳлати ҳузури худро дароз кунад. Чунин таҷриба “визаран” номида мешавад.

Лекин акнун дар як вақт дар ҳудуди Қазоқистон на бештар аз 90 рӯз дар давоми 180 рӯз ҳузур доштан имкон дорад.

Чаро чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?

Бино ба маълумоти ВКД Қазоқистон, дар соли 2022 5,6 млн нафар хориҷиён ба Қазоқистон ворид шудаанд, ки 2,9 млн нафарашонро русиягиҳо ташкил додаанд.

Сурат: Getty Images

Вуруди миқдори зиёди муҳоҷирон аз Русия мақомоти Қазоқистонро водор намуд, ки шароити будубоши қонуниро дар кишвар сахттар кунад. Акнун вақте ки таҷрибаи “визаран” дигар амал намекунад, ба муҳоҷирон лозим меояд, ки Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) бигиранд.

Тоҷикистон чӣ?

Айни замон 5 кишвар - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) мебошанд. Тоҷикистон ба ҳайати ин Иттиҳод шомил нест.

Шартҳои будубоши шаҳрвандон бидуни раводид байни Қазоқистон ва Тоҷикистон дар асоси созишномаи байнулмилалии ҷудогона танзим мешаванд.

Мувофиқи он, шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни қайд то 30 рӯз ва бо қайд - то 90 рӯз дар қаламрави Қазоқистон ҳузур дошта метавонанд.

Гузаргоҳ дар сарҳади Қазоқистон
Сурат аз торнамои kt.kz

Дар ҳамин ҳол, дар ин созишнома маҳдудияти умумии 180 рӯз зикр нашудааст.

Аммо тибқи қарори нави дар боло зикршуда, чунин маҳдудият натанҳо барои шаҳрвандони Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС), балки барои ҳамаи муҳоҷирони ба Қазоқистон воридшуда бо тартибе, ки гирифтани раводид талаб намешавад, ҷорӣ шудааст.

“Муҳлати ҳузури иҷозашудаи муҳоҷирон дар Қазоқистон, ки бо тартиби бидуни гирифтани раводид омадаанд, бо анҷоми 30 рӯзи тақвимӣ аз замони гузаштани сарҳад, дар умум 90 рӯзи тақвимӣ дар муддати ҳар як давраи 180 рӯзи тақвимӣ ба охир мерасад, агар байни кишварҳо тибқи созишнома дигар тартибот муқаррар нашуда бошад”, - гуфта мешавад дар қарор.

Ба ин тариқ, мақомоти ин кишвар мехоҳанд таҷрибаи”визаран”-ро барои ҳама гуна муҳоҷирон бартараф намоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.