Моҳи январи соли равон 1 ҳазор ҷавони тоҷик бо пардохти қариб 27 млн сомонӣ хидмати ҳарбии пулакиро адо кардаанд. Дар ин бора Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифоъ ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Номбурда гуфт, ҳар як ҷавон бо пардохти 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки баробар ба 26 ҳазору 880 сомонӣ аст (як нишондиҳанда дар соли 2022-юм 64 сомонӣ) хидмати ҳарбии даъвати тирамоҳиро адо карданд.
Ӯ гуфт, маблағҳо ба буҷет пеш аз соли нав бо меъёри як нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар соли гузашта 64 сомонӣ буд, пардохт гардид. Аз 1-уми январи соли 2023 як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ муқаррар гардид.
“Ин ҷавонон хидмати ҳарбиро дар марказҳои ҳарбии таълимии “Лоҳур” ва “Тоҷмаҳал”-и шаҳри Душанбе, пойгоҳи маркази таълимӣ-ҳарбии “Фахробод”-и вилояти Хатлон ва пойгоҳи таълимӣ – ҳарбии филиали Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа дар вилояти Суғд адо карданд”, - гуфт Фаридун Маҳмадализода.
Тибқи муқарароти қонуни нав, ҷавонон барои адои ин навъи хидмат ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зист муроҷиат намуда, баъди пардохти маблағ дар БДА ҶТ “Амонатбонк” ба омӯзиш ҷалб мегарданд.
Ба иттилои ӯ, ин ҷавонон дар ду баст ба хидмат ҷалб гардиданд: як қисм аз охири моҳи декабри соли 2022 то 18-уми январи соли 2023 ва қисми дуввум аз 20-уми январ то 10-уми феврал хидмати ҳарбиро адо карданд ва соҳиби билети ҳарбӣ гардиданд.
Фаридун Маҳмадализода афзуд, маблағи пардохтгардида барои бунёди қисмҳои ҳарбии алоҳида дар ҳудуди гарнизонҳои ҷумҳурӣ, ташкили пойгоҳҳои моддӣ-техникӣ, сохтмони бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта, таъмиру тармими онҳо, пардохти маоши афсарону кормандони таълимдиҳанда, хароҷоти маъмурӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии дигар хизматчиёни ҳарбӣ равона мегардад.
Гуфта мешавад, ки танҳо дар ду ҳолат маблағи пардохтнамудаи даъватшавнада баргардонида мешавад: дар ҳолати ғайри қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудан ва фавт ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ.
Бояд гуфт, ки дар даъвати баҳории соли гузашта 1 ҳазору 200 ҷавони тоҷик бо пардохти 32 млн. 256 ҳазор сомонӣ хидмати ҳарбии пулакиро адо карда буданд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 парлумони Тоҷикистон қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ”-ро дар таҳрири нав қабул кард, ки тибқи он минбаъд шаҳрвандони синну соли даъватӣ метавонанд, бо супоридани маблағи муайян ва адо кардани хидмати якмоҳаи ҳарбӣ ба сафи эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шомил гарданд.
Баъди баҳсу баррасии зиёд, моҳи августи соли 2020 ҳукумати кишвар арзиши маблағи пардохт барои хидмати алтернативӣ (ҷойгузин) дар артиши кишварро муқаррар намуд. Ин маблағ ба 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аст.
Қаблан Ҷовид Пирзода, ҳуқуқшиноси Вазорати мудофиа гуфта буд, ки қабули шаҳрвандон барои адои хизмати ҳарбии пулакӣ дар доираи квотаи муқарраргардида амалӣ мешавад ва дар сурати аз доираи квота бештар муроҷиат кардани аҳолӣ онҳо метавонанд, ки дар даъвати минбаъда ба хизмати ҳарбии пулакӣ ҷалб шаванд.
Фармон дар бораи даъвати ҳарбии баҳорӣ ба имзо расид
Дар ҳамин ҳол, имрӯз, 1-уми март, Фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” содир шуд.
Мувофиқи фармони мазкур, даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аз 1-уми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома хоҳад кард.
Маъракаи даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ ду моҳ - апрел ва май ҷараён мегирад ва шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои адо намудани хизмати харбӣ даъват мешаванд.
Ҳамчунин хидматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хидмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел ва майи соли 2023 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсат дода мешаванд.
Гуфтан ба маврид аст, ки мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.
Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Ин аст, ки ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад.
Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
После гибели Тароны и публикации «Азия-Плюс» мэр Пенджикента дал указание построить школу
Путин назвал Россию крупнейшим экономическим партнером Казахстана
В Китае экс-главу Bank of China приговорили к смертной казни за взятки
Байден сообщил, что Израиль и «Хезбалла» договорились о перемирии
Чемпион Таджикистана потерпел очередное поражение в азиатской Лиге чемпионов-2
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 27 ноября 2024 года
Подборка платформ, где вы можете учиться из дома на русском, таджикском и английском
Суд продлил арест еще трем фигурантам дела о теракте в "Крокусе", этапированным из Дагестана
В Пакистане произошли столкновения между полицией и сторонниками Имрана Хана
Как школьникам Таджикистана попасть в американскую программу Camp Rising Sun
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста