Маркази миллии тестӣ (ММТ) аз аҳолӣ даъват кардааст, ба миёнаравҳо ё қаллобоне, ки бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ваъдаи дохил кардани довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои кишвар медиҳанд, бовар накунанд.
Ин ниҳод бо нашри як муроҷиатномаи махсус гуфтааст, ки “натиҷаҳои кори қариб даҳсолаи Марказ собит сохтааст, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ягон таъсир расонида наметавонад”.
ММТ гуфтааст, бо вуҷуди ин, эҳтимоли рух додани “амалҳои ғаразноку қаллобона ва авомфиребию ваъдаҳои бардурӯғ” аз ҷониби баъзе шахсон ҷиҳати дохил кардани довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ мавҷуд аст.
“Ҳаргиз набояд ба гапи қаллобоне, ки бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт баъзе довталабон ва падару модари онҳоро фиреб дода, ба онҳо ваъдаи кумак карданро барои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо медиҳанд, фирефта шуд”, - омадааст дар иттилоияи марказ.
Ин ниҳод барои пешгирӣ аз амалҳои қаллобии марбут ба имтиҳонҳо ва паҳн шудани фикру андешаи беасос нисбат ба фаъолияти ММТ аз сокинон даъват кардааст, ки “ба қаллобоне, ки бо ниятҳои нопок шумо ва ё ҳар каси дигареро бовар кунонданӣ мешаванд... ҳатто агар онҳо, воқеан, корманди Марказ ҳам бошанд, ҳаргиз бовар накунед! Чунин қавлу ваъдаҳо ба ҷуз фиреби маҳз дигар чизе буда наметавонад!”
Масъулини ин марказ аз довталабон ва ҳамаи алоқамандони низоми имтиҳонсупорӣ даъват кардаанд, ки барои шаффофу одилона баргузор гаштани имтиҳонҳо саҳм гузоранд ва дар ҳолати дучор шудан бо шахсоне, ки ба амалҳои номатлуб даст мезананд ё барои ин мақсад мекӯшанд, бетараф набошанд ва бо телефонҳои 224-53-68 ё 224-53-66 ба марказ муроҷиат кунад ва онҳо тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд.
В Париже в честь Навального назовут улицу недалеко от посольства России
Верховный суд Таджикистана впервые официально разъяснил некоторые детали «дела о госперевороте»
Нарастить сотрудничество во всех направлениях. Что обсудили Сироджиддин Мухриддин и Сергей Лавров в Москве
Агентство по борьбе с коррупцией Таджикистана назвало самые коррумпированные структуры
Таджикские дзюдоисты выиграли медали открытого турнира в Тунисе
Без США никак. Три сценария окончания войны в Украине по версии Bloomberg
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 14 февраля 2025 года
Как таджикистанцам добраться до Доминики и что там посмотреть?
В Таджикистане выросла детская преступность
Рамазон Рахимзода подтвердил, что «Боим» задержан и доставлен в Таджикистан
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста