Миҷгона Бобозода, ваколатдор ё Омбудсмени кӯдак дар Тоҷикистон гуфт, қариб як моҳ пеш, 20-уми март, занону кӯдаконе, ки моҳи июли соли гузашта аз Сурия ба Тоҷикистон оварда шуда буданд, ба ихтиёри хонаводаҳояшон доданд.
Ӯ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” афзуд, пеш аз ба ихтиёри оилаҳо додан онҳо аз вазъи саломатиии кӯдакон диданд карданд ва ҳамаи онҳо солиму бардам ва аз нигоҳи равонӣ барои баргаштан ба зиндагии муқарарӣ омода буданд.
“Он кӯдаконе, ки соли гузашта аз Сурия оварда шуданд, аксарият бо модаронашон буданд ва онҳо аллакай, ба оилаҳо баргардонида шуданд. Онҳое, ки бе модаронашон баргардонида шуданд, дар муасисаҳои соҳаи маориф ҷой карда шуданд. Ҳарчанд мо дар рафти супоридан ба оилаҳояшон ширкат надоштем”, - гуфт Миҷгона Бобозода.
Номбурда гуфт, кӯдакони соли 2019 аз Ироқ овардашуда то ҳол ба наздиконашон дода нашудаанд, чунки онҳо барои баргардонидан омода нестанд.
Ҳамза Тӯрабеков, ки ду набераашро соли 2019 аз Ироқ оварданд, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, мақомот ваъда доданд, ки ба наздикӣ набераҳояшро ба ӯ бармегардонанд. Аммо санаи дақиқеро зикр накард.
Ӯ афзуд, ки ҳар моҳ ба дидорбинии набераҳояш меравад ва шароити нигоҳдории онҳо хуб аст
“Дар аввал набераҳоям дар мактаб-инернате дар маҳаллаи маъруф ба “Автовокзал” буданд. Акнун, ки мактабхон шуданд, дар яке аз мактабҳои шаҳри Бӯстон мехонанд ва дар як хобгоҳ нигоҳдорӣ мешаванд”, - зикр кард Ҳамза Тӯрабеков.
Номбурда гуфт, аз хабари додани модару кӯдакон ба наздиконашон хурсанд шуд ва умедвор аст, ки ба наздикӣ набераҳои ӯро ҳам медиҳанд.
Ӯ гуфт, чанде пеш, дар якҷоягӣ бо наздикони дигар кӯдаконе, ки соли 2019 ба Тоҷикистон оваранд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Додситони кул барои баргардонидани кӯдакон мактуб карданд ва интизор доранд, ки мақомот инро ба назар гирифта, набераҳояшро бармегардонанд.
Дирӯз, 10-уми апрел, Радиои Озодӣ хабар дод, ки рӯзи 20-уми март 146 зану кӯдаки тоҷикро, ки моҳи июли соли гузашта аз Сурия оварда, дар маҷмааи сайёҳии Кумитаи андоз дар ноҳияи Варзоб ҷойгир карда буданд, ба ихтиёри наздиконашон доданд.
“Давоми ҳашт моҳ равоншиносон, адибон ва мутахассисони дигар бо занону кӯдакон кор карданд. Дар асоси хулосаи онҳо занону кӯдаконро ба наздиконашон доданд. Дар хонаҳояшон низ зери назорати мақомот хоҳанд буд”, - гуфтааст яке аз кормандони маҷмааи сайёҳии Кумитаи андоз.
Мақомоти Тоҷикистон моҳи июли соли 2022 42 зан ва 104 кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба ватан оварда, дар маҷмааи сайёҳии Кумитаи андоз дар ноҳияи Варзоб ҷойгир карда буданд. Аксари кӯдакон бо модаронашон баргардонида шуда буданд.
Ин маротибаи дуввум аст, ки мақомоти Тоҷикистон кӯдакону занонро аз минтақаҳои ҷангзада ба тоҷикистон баргардониданд.
Бори аввал, авохири моҳи апрели соли 2019 мақомоти Тоҷикистон 84 кӯдаки шаҳрвандони кишварро, ки дар қаламрави зери назорати гуруҳи террористии ДОИШ (фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои ҷаҳон)-и Сурия ва Ироқ қарор доштанд, ба кишвар оварданд.
Мақомот пайваста таъкид мекаранд, ки онҳое, ки аз минтақаҳои ҷангзада баргардонида шуданд, аз нигоҳи равонӣ осеб дида, ба кӯмаки равонӣ эҳтиёҷ доранд. Ин аст, ки то ба ҳол кӯдаконе, ки соли 2019 аз Ироқ ва Сурия ба Тоҷикистон оварда шудаанд ба наздиконашон баргардонида нашудаанд. Онҳо мегӯянд, ҳамаи шароитро барои кӯдакон муҳайё кардаанд ва танҳо интизори посухи мусбати мақомот ҳастанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳоло дар Сурияву Ироқ, бино ба иттилои вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 400 шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мондаанд ва барои баргардонидани онҳо талошҳо идома дорад.
Хуснуллин в Душанбе предупредил, что нелегальной миграции в России больше не будет
Wildberries придет в Таджикистан? В Душанбе подписан меморандум о сотрудничестве
С какой целью в Душанбе сегодня прилетал вице-премьер России?
Где в Душанбе выучить таджикский язык?
BAIC BJ80: Мощь и комфорт в одном внедорожнике
В Душанбе обсудили совершенствование знаний о рисках бедствий в Таджикистане
Бортников назвал подрывы пейджеров «Хизбаллы» «прямой угрозой безопасности стран СНГ»
Афиша от «Азия-Плюс»: «Золотое сердце Востока», «Рудаки» и Startupstan Summit 2024
Разговоры о важном. Что нужно внедрять в образовательную программу школьников Таджикистана?
«У меня не было денег»: УМВД Душанбе опубликовало видео с подозреваемым в нападении на таксиста
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста