Ҳукумати Русия тасмим гирифтааст, ки то соли 2023 озмоиши низоми ягонаи пайгирӣ (мониторинг) ва сабти иттилоот дар соҳаи муҳоҷиратро роҳандозӣ кунад. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба маълумоти Вазорати рушди иқтисоди Русия хабар медиҳад.

Ҳамчунин ба шакли рақамӣ гузаронидани қисмати асосии хидматрасониҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ ва имзои созишнома дар мавриди таъсиси марказҳои пеш аз сафар ба муҳоҷират (Ӯзбекистон, Тоҷикистон,Қирғизистон) пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, дар соли ҷорӣ таҳияи методологияи арзёбии эҳтиёҷоти бахшҳои иқтисоди Русия ба захираҳои меҳнатӣ аз хориҷи кишвар ва таҷдиди консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷират барои давраи то соли 2025 пешбинӣ шудааст.

Дар миёнаҳои моҳи апрел раиси собиқи Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов гуфта буд, дар вазъи кунунӣ дар соҳаи муҳоҷират як қатор мушкилоти муҳиму ҷиддӣ рӯйи кор омаданд, ки ҳарчи зудтар онҳоро ҳал мебояд кард.

Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, ин ҷо дар бораи мушкилоти бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ сухан меравад, зеро механизмҳои мавҷуда кӯҳна шуда, ислоҳоти тамоми расмиёт ва равандҳо зарур аст. Дар робита ба ин, Коженов пешниҳод кардааст, ки ба муҳоҷир имкон дода шавад, ки худаш бо истифода аз замимаи ҷудогона ё аккаунт дар портали хидматрасониҳои давлатӣ худро саби ном кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.