Ҳукумати кишвар сол аз сол барои кумакпулии дафн маблағҳои зиёд ҷудо мекунад ва ба таври маълум, теъдоди гирандагони кумакпулӣ ҳам афзоиш меёбад. Ин ба он оварда расонидааст, ки бархеҳо бо вуҷуди дар рӯйхати камбизоатӣ будан аз нагирифтани кумакпулиҳои дафн шикоят мекунанд.
“Гуфтанд, имрӯз, пагоҳ, як ҳафта, 10 рӯз пас биё... дигар шарм доштам равам”
Бахтовар Одилов, як сокини 30 - солаи ноҳияи Ҳисор (номи ҳамаи қаҳрамонҳо тағйир дода шудааст) мегӯяд, ки пас аз вафоти модараш, ки соли 2013 иттифоқ афтода буд, барои гирифтани шаҳодатномаи вафоти модараш ба мақомоти марбута муроҷиат намуд, вале шаҳодатномаро гирифту маблағро бо ҳар баҳонае ба ӯ надоданд. Ҳарчанд ба ӯ ваъда дода буданд, ки дар баробари шаҳодатнома маблағи дафнро низ мегирад.
- Ба ман раиси маҳалла гуфта буд, ки ба қатори ҳамин ҳуҷҷатҳо ба ту кумакпули дафн медиҳанд. Рафта пурсидам, гуфтанд албатта медиҳем, аммо шаҳодатномаи вафотро доданду пулро не. Гуфтанд, имрӯз биё, пагоҳ биё, баъди чаҳор рӯз биё, ҳафтаи дигар биё. Ростӣ, дигар шарм доштам ва аз пасаш нашудам,-мегӯяд Бахтовар Одилов.
Бахтовар мегӯяд, ҳамон вақт ба маблағ сахт эҳтиёҷ дошт, чунки барои оиладоршавӣ ва табобати модараш аз бонк қарз гирифта буд. Ӯ мегӯяд, бо кумакпулии дафн он замон ақаллан метавонист харҷи гурӯ чӯби модарашро бароварда кунанд.
Ба чунин ҳолат натанҳо Бахтовар рӯ ба рӯ шудааст. Марям Ятимова, як сокини 50-солаи ноҳияи Ваҳдат низ мегӯяд, аз ин намуди кумакпулӣ бенасиб монд.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз вафоти писараш, ки тобуташро аз Русия ба Тоҷикистон оварданд, аз ҷониби мақомоти маҳалии ин ноҳия ба ӯ ҳеҷ кумаке нашуд. Писари 25-солааш соли 2020 дар пайи бемории ҳамагири COVID-19 дар Русия фавтид.
- Он замон аз дарду андуҳ ҳатто дар фикри ин гуна чизҳо набудам, вале мо дар як кулбаи вайрона зиндагонӣ мекунем, ки ягона ноновари хонаводаамон писарам буд, аммо сад афсӯс дар айёми ҷавонӣ ӯро аз даст додем. Вале як духтари маъюби гурӯҳи якум низ дорам, ки имрӯз бо ман аст ва ӯро дар ягон ҳолат танҳо гузошта наметавонам,-мегӯяд Марям.
Қаҳрамони мо гуфт, дар рӯйхати камбизоатон ҳаст ва ҳар се моҳ як маротиба 128 сомонӣ кумакпулӣ мегирад. Вале нигаронӣ мекунад, ки бо вуҷуди доштани мақоми камбизоатӣ ва муроҷиат ба мақомоти маҳаллӣ кумакпулии дафн нагирифт
- Яке аз ҳамсояҳоямон гуфт, ки ба нафароне, ки аз оилаҳои камбизоат ҳастанд, ҳамин гуна кумакпулӣ дода мешавад. Ҳамон замон муроҷиат кардам, вале намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки надоданд. Гуфтанд, бояд пештар муроҷиат мекардам ва ман низ дигар аз пушти ин кор нашудам,- зикр намуд ҳамсуҳбати мо.
Ду маротиба кумакпулии дафн гирифтам
Дар баробари ин, Диловар Азизов, як сокини ноҳияи Рашт мегӯяд, пас аз марги падар ва модараш ду маротиба ва дар солҳои гуногун дафнпулиро бе ягон мамоният гирифт.
Ӯ мегӯяд, бори аввал соли 2015 пас аз марги падараш ба маблағи 300 сомонӣ ва бори дуввум, соли 2019 пас аз марги модараш ба маблағи 800 сомонӣ аз мақомоти маҳаллӣ дастрас кард.
- Боре шунидам, ки пас аз вафоти яке аз узви хонавода бахусус падар ё модар нафароне, ки камбизоатӣ мегиранд, ба онҳо кумакпулии дафн барои гӯручӯб аз буҷаи давлат ҷудо карда мешудааст. Барои гирифтани хати вафоти падару модарам рафтам ва ҳуҷҷатҳое, ки фармуданд, ҳамаашро ҷамъоварӣ намуда, бурда супоридам ва аз “Амонатбонк” рафта ин маблағҳоро гирифтам, - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
“На ҳама кумакпулии дафн мегиранд”
Аммо масъулини Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар мегӯянд, ки воқеан ҳам дар ин самт нофаҳмиҳо бо шаҳрвандонро доранд, вале махсусан дар мавриди нагирифтани кумакпулӣ ба онҳо шикоятҳо нашудааст.
Дар ин бора Шарофиддин Мабуров, як масъули Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар гуфт, ки воқеан ҳам баъзан бо шаҳрвандон дар мавриди гирифтани кумакпулии дафн нофаҳмиҳо сар мезанад ва онҳо кушиш мекунанд, ки онро дар алоҳидагӣ баррасӣ кунанд.
- Мо мефаҳмонем, ки ҳуқуқи гирифтани ин кумакпулиро доранд. Шаҳрвандон як чизро бояд фаромӯш накунанд, ки ҳама намуд кумакпулиҳое, ки мешавад, махсусан кумакпулиҳои яквақтаина дар асоси замимаи қарори Ҳукумати кишвар дода мешавад. Ва он маблағе, ки ҷудо мегарадад, дар асоси санаду ҳуҷҷат ба шаҳрвандон расонида мешавад,-гуфт ин масъул Агентӣ.
Мутахассисон мегӯянд, ки яке аз сабабҳои сар задани чунин нофаҳмиҳо бо шаҳрвандон, ин хабар надоштани онҳо аз қарори ҳукумати кишвар дар мавриди кумакпулиҳои дафн аст, чун пештар ба тамоми қишри ҷомеа ин намуди кумакпулӣ дода мешуд, вале пас аз татбиқи ин қарор кумакпулии дафн таҳо ба оилаҳои камбизоат дода мешавад.
“Бархе аз шаҳрвандон фикр мекунанд, ки кумакпулӣ барои дафн ба ҳама дода мешавад, аз ин хотир шикоят мекунанд, ки ба онҳо надодаанд, вале қаблан чунин буд. Аз соли 2013 инҷониб танҳо ба нафароне, дода мешавад, ки аз оилаҳои камбизоат ҳастанд”,- шарҳ дод Шарофиддин Мабуров.
Ба гуфтаи ӯ, яке аз омилҳои асосии тағйиру иловаҳо ба қарор ва ҷудо намудани дафнпулӣ танҳо ба оилаҳои камбизоат ин сол аз сол зиёд гардидани шумораи нафақагирон дар кишвар буд. Ба гуфтаи ӯ, агар дар соли 2012 шумораи нафақагирон 400 ҳазор нафарро ташкил медоданд, пас имрӯз ин шумора ба 762 ҳазор расидааст.
Дар инфографикаи зерин маблағи миёнаи кумакпулии дафн, ки давоми 6 сол охир ба аҳолӣ пардохт шудааст, инъикос ёфтааст:
Кумакпулии дафн ба киҳо дода мешавад?
Бино ба иттилои Агнетии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар соли 2022 ба 17 ҳазору нафар аз оилаҳои камбизоат ба маблағи 12 млн 577 сомонӣ кумакпули дафн дода шудааст.
Мутобиқи банди 4-уми Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиб ва шартҳои пардохти кумакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат”, ки 2 июли соли 2013 ба тасвиб расидааст, кумакпулӣ барои дафн асосан ба оилаҳои камбизоате, ки дар рӯйхати бахши меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҳукумати шаҳру ноҳияҳо қайд шудаанд, дода мешавад.
Тибқи ин банд кумакпулӣ барои дафн ба андозаи 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян карда шудааст. Аз 1 январи соли 2023 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ тасдиқ гашта, бо дарназардошти ин ҳамакнун, ба оилаи камбизоат ҳамчун кумакпулӣ барои дафн бояд 1360 сомонӣ пардохт гардад.
Пардохти кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат, бояд сари вақт аз ҷониби мақомоти ваколатдор-бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҳукумати шаҳру ноҳияҳо маблағгузорӣ ва тавассути нуқтаҳои бонки давлатии “Амонатбонк” бе ситонидани хароҷот барои хизматрасонии бонкӣ дар ҷойи истиқомат пардохт мешавад.
Вале яке аз нозукиҳое, ки дар қарор зикр шудааст, ин аст, ки шаҳрвандон бояд дар муҳлати шаш моҳ барои гирифтани кумакпулӣ ба мақомоти марбута, махсусан бонк муроҷиат кунанд. Дар акси ҳол маблағи ҷудогардида ба буҷаи давлат бозпас мегардад.
Дар асоси қарори мазур, дар сурати вафоти шахс дар муассисаҳои давлатии хизматрасонии иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ барои кӯдакони ятиму бепарастор ва муассисаҳои ислоҳӣ, дафни онҳо аз ҳисоби маблағҳои муассисаи мазкур амалӣ мешавад ва кумакпулӣ барои дафн пардохт намешавад.
Дар инфографикаи зерин тавозуни гирандагони кумакпулии дафн дар 6 соли ахир инъикос ёфтааст, ки назар ба чанд соли пеш шумораи онҳо дар соли 2022 якбора коҳиш ёфтааст:
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар теъдоди оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон зиёда аз 224,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2021 ҳудуди 14,4 ҳазор кас кам мебошад.
Қаблан шарм мекарданд, вале имрӯз талаб мекунанд
Мутахассисони соҳа мегӯянд, қаблан бештари шаҳрвандон аз гирифтани кумакпулиҳо ҳазар мекарданд, вале имрӯз талаботи мардум дигар шудааст ва он маблағро талаб мекунанд. Ин ба гуфтаи онҳо ба бад шудани шароити иқтисодии мардум вобастагӣ дорад.
Соима Муҳаббатова, мутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар мегӯяд, маблағе, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҷудо мешавад, ночиз набуда, хеле камбудиҳои оилаи азодорро рӯйпуш мекунад.
- Қаблан мардум дар маврди гирифтани кумакпулӣ барои дафн маълумот надоштанд ё аз гирифтани он шарм мекарданд, вале имрӯз маблағе, ки аз буҷаи давлат барои оилаҳои камбизоат ҷудо мегардад, ночиз нест ва бо он як оила метавонад хеле камбудиҳояшро бартараф кунад, -иброз намуд ҳамсуҳбати мо.
Гарчанде мақомот иттилоъ медиҳад, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар дар ҳоли коҳишёбӣ аст, вале оморҳо нишон медиҳанд, ки то ҳол сатҳи камбизоатӣ дар кишвар нигаронкунанда боқӣ мондааст.
Масалан, аз соли 2017 то соли 2021 маблағи умумии гирандагони кумакпулии дафн афзоиш меёфт, вале соли гузашта якбора он коҳиш ёфтааст:
Раҷабализода Меҳрубоншоҳ, сардори Раёсати назорати таъину пардохти нафақаи Агенти суғуртаи иҷтимоӣ омили яку якбора баланд шудани гирандагони кумакпулиҳои дафнро ба шумораи фавтидагоне, ки ҳамон сол ба қайд гирифта мешавад, рабт медиҳад.
- Аз фавти шаҳрвандон вобастагӣ дорад. Чӣ қадаре, ки сабти вафот дар ҳамон давра зиёд шавад, муроҷиатҳо низ ба мо зиёд мешаванд”, - гуфт ӯ.
Вазъи бади иқтисодии мардум арзишҳое мисли “шарм медорам”-ро аз байн бурд
Шуҳрат Латипов, коршиноси масоили иҷтимоӣ, ки ососан бо қишри кабизоати ҷомеа кор мекунад, гуфт, сабаби зиёд шудани муроҷиатҳо то ҷое бад шудани шароити иқтисодии мардум аст, ки онҳоро водор мекунад, арзишҳое чун "шарм медорам”-ро фаромӯш кунанд.
- Метавон пандемияи COVID-19 – ро мисол овард, ки дар соли 2020 буҳрони иқтисодӣ ба арзишҳои мардум хело таъсир расонд. Мардум ҳатто барои як ниқоби тиббӣ ба кумак муҳтоҷ шуданд, ҳол он ки ғайри он эҳтиёҷоти озуқа низ дар мардум хело муҳим буд. Ҳоло 1360 сомонӣ бо назардошти бӯҳрони иқтисодӣ, ки баъд аз пандемия ва таҳримҳо нисбати Русия, даромади мардумро аз муҳоҷирати кам кардааст, ин маблағ хело муҳим аст,-иброз дошт коршинос.
Ба гуфтаи ин коршиноси тоҷик, имрӯз ин арзишҳо то ҳадде аз байн рафтаааст, ки мардум ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ хостори кумаки бедарду миён мешаванд.
- Дар сомонаҳои иҷтимоӣ талбандагӣ барои ҳалли масалаҳои иҷтимоӣ як кори маъмулӣ гашт. Агар пештар шумо аз ҳамсояатон барои гирифтани ҳатто маҳсулоти озуқа (картошка, пиёз) шарм мекардед, ҳоло мардум дар андаке душвори озодона ба воситаи сомонаҳои иҷтимоӣ кумак (талбандагӣ) менамоянд. Пас 1360 сомони метавонад кумаке барои ҳалли мушкилии хароҷоти дафн бошад,-гуфт ӯ.
Минеральные источники в Центральной Азии: где согреться в наступившие холода?
Эмомали Рахмон подписал свыше 30 новых законов
В Таджикистане официально признаны безработными 49 тысяч человек
В Душанбе проходит международный фестиваль «Танец объединяет нас»
В Узбекистане пресекли ввоз более 50 кг наркотиков из Таджикистана
Представители Таджикистана приняли участие в крупнейшем саммите Biban Global в Эр-Рияде
"Озоди": В Косово задержали гражданку Таджикистана за шпионаж в пользу России
Два таджикских лидера бизнеса получили международную премию «Лидер СНГ»
На улицах Бохтара разрастаются кучи мусора. Кто виноват?
«Придумали в Китае»: пять великих открытий и изобретений Поднебесной
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста