Навори видеоӣ, ки саҳнаи латукӯби сарбозонро намоиш медиҳад ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, боиси эътирози ҷиддии корбарони интернетӣ гардид.
Ин навори видеоӣ имрӯз, 24-уми апрел дар шабакаҳо паҳн шуд ва саф кашидани чанд сарбоз ва бадрафторӣ ё меҳтарсолорӣ нисбати онҳоро намоиш медиҳад.
Маълум нест, ки ин навор аз ҷониби кӣ ва кай сабт шудаву дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст.
Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳам то ҳол шарҳ надодаанд, ки ин навор дар куҷо ва дар чӣ шароите сабт шудааст. Кушишҳои “Asia-Plus” ҳам барои дарёфти назари расмии Вазорати мудофиа бесамар анҷом ёфт. Ба зангҳои телефонии мо посух дода нашуд.
Пас аз нашри мавод дар шабакаҳо корбарони зиёд аз латукӯб ва бадрафторӣ дар сафи артиш ёдовар шуда, аз он бо шеваи тунд интиқод карданд ва аз мақомоти масъули кишвар дархост карданд, ки ҳодиса таҳқиқ гардида, гунаҳкорон муҷозот шаванд. Ҳамчунин, аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ талаб намуданд, ки минбаъд пеши роҳи меҳтарсолорӣ ва бадрафторӣ дар артиш гирифта шавад ва барои такрор нашудани чунин ҳолатҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
Навори шиканҷаи сарбозон аз сӯйи ҳамхидматонашон дар ҳоле паҳн мегардад, ки дар Тоҷикистон даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ идома дорад ва мақомот мегӯянд, вазъ дар артиш беҳтар шудаву теъдоди ихтиёриён бештар шудааст.
Как проходил первый парад в независимом Таджикистане – уникальные кадры
Защита от смерти и страхование жизни: как снизить уязвимости к климатическим потрясениям?
$2,5 за порцию и выше. Индекс плова и рост цен в странах Центральной Азии
Физик, преданный науке. Иному Бободжанову – 90 лет
Главные инвесторы Таджикистана в 2024 году
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 23 февраля 2025 года
Корейское SPA для волос: секрет популярности и лучшие места в Душанбе
Reuters: США пригрозили закрыть Украине доступ к Starlink
Таджикский велогонщик выиграл две медали на чемпионате Азии-2025
Таджикистанка прошла в финал международной премии Women Changing the World Awards
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста