Шоми дирӯз, 27-уми апрел, ҷашнвораи театрии ҷумҳуриявии “Парасту-2023” дар Душанбе оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳи фестивал-озмун аҳли ҳунару санъати мамлакат иштирок намуданд.
Ҷашнвораи мазкур муҳимтарин фестивали театрҳои касбӣ буда, ҳар ду сол як маротиба баргузор мегардад ва дар он, театрҳои кишвар як намоишномаи беҳтарини худро муаррифӣ мекунанд.
Дар оғози чорабинӣ, Обид Назариён, муовини вазири фарҳанги кишвар аз таърихи фестивал гуфта, иброз дошт, ки масъулин ва ҳукумати мамлакат ба театр таваҷҷӯҳи вижа равона месозанд.
Ба гуфтаи ӯ, фестивал-озмуни “Парасту” аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ гузаронида мешавад.
“Ҷашнвораи театрии ҷумҳуриявии “Парасту-2023” барои рушди бештари театр равона мешавад ва дар ин фестивал пешрафти театрҳои касбии мамлакат мушоҳида мегардад”, - гуфт Назариён.
Муовини вазири фарҳанг пас аз ин парчами фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2023”-ро бароварда, аъзои ҳакамонро муаррифӣ кард.
Номбурда таъкид намуд, ки имсол ҷашнвораи “Парасту-2023” ба 35-солагии истиқлол ва 85-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев бахшида мешавад.
Фестивалро намоиши Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар аз рӯи асари Фирдавсӣ “Зол ва Рудоба” дар таҳияи режиссёр Баҳром Қурбонов ҳусни оғоз бахшид.
Бояд гуфт, ки имсол дар фестивали мазкур 18 театри касбии мамлакат намоишҳои худро, ки тӯли ду соли охир рӯи саҳна омадаанд, пешниҳоди тамошобинон ва ҳакамони озмун мегардонанд.
Инчунин дар доираи фестивал баргузории ду ҳамоиш - яке дар мавзӯи “Хушназар Майбалиев – арбоби барҷастаи санъати тоҷик” ва “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон” дар назар аст.
Маврид ба зикр аст, ки Хушназар Майбалиев, коргардони театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ буда, зиёда аз панҷоҳ спектакл, аз қабили “Дӯсти дӯст”, “Захми забон”, “Фарёди ишқ”, “Беватан”, “Ибтидо”, “Машварат”, “Писари калонӣ”, “Ваня тағо”, “Антигона”, “Муфаттиш”, “Дод аз дасти ақл” ва ғайраро рӯи саҳна оварда, дар беҳбуд ва равнақи санъати театри тоҷик ҳиссаи назаррас гузоштааст.
Мавсуф дар ҷодаи коргардонӣ аз василаҳои гуногун истифода бурда, барои ноил шудан ба мақсади ниҳоӣ ҳеч гоҳ тан ба фароғат намедод. Бо дигар театрҳои касбии ҷумҳурӣ ҳамеша дар робитаи эҷодӣ қарор дошт ва донишу таҷрибаашро ба ҷавонони навкор ёд медод.
Ёдовар мешавем, ки шоми имрӯз, 28-уми апрел, дар доираи ҷашнвораи театрии ҷумҳуриявии “Парасту-2023” дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи “Иштибоҳ” дар коргардонии Нозим Меликов ба саҳна гузошта мешавад.
Таджикистан и Афганистан подписали контракт на поставку электроэнергии в 2025 году
Банки Узбекистана и Казахстана прекратили обслуживать выпущенные Газпромбанком карты UnionPay
Как реформируют свою милицию страны Центральной Азии
130 победителей. Кто они – лауреаты конкурса «Книга – мудрости зари сиянье»?
В Таджикистане создали штаб по цифровизации госуслуг и безналичных расчетов
В Кыргызстане законом запретили электронные сигареты. А как в Таджикистане?
Таджикистан и Узбекистан отменили разрешения на взаимные грузоперевозки
У спасателей Таджикистана появился свой полигон и новый офис
В Кыргызстане задержан автор письма с угрозами в адрес главы ГКНБ
Таджикистан и Россия договорились о запуске нового автобусного маршрута Новосибирск-Худжанд
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста