Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ дастур дод, ки квотаи муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Тоҷикистон дар соли 2023 муқаррар карда шавад.
Дар санаде, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст, гуфта мешавад, ин фармон бо мақсади ташкил ва танзими ҷараёни муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон содир шудааст.
Дар фармон дастур дода мешавад, ки квотаи муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба ҷумҳурӣ барои соли равон бо шумораи 7 ҳазору 500 нафар муқаррар карда шавад.
“Шаҳрвандони хориҷӣ, ки фаъолияти меҳнатиро дар лоиҳаҳои афзалиятнок ва созишномаҳои сармоягузории соҳаҳо дар асоси санадҳои байнидавлатӣ ё байниҳукуматӣ амалӣ менамоянд, ба квотаи мазкур дохил намешаванд”, - зикр мешавад дар санад.
Мувофиқи санади мазкур 4950 квота (66% аз шумори умумӣ) барои шаҳрвандони Чин, 550 - Афғонистон, 300 - Эрон, 250 - Ӯзбекистон, 230 - Русия, 200 - Туркия, 130-квотагӣ - Қирғизистон ва Покистон, 120 - Ҳиндустон, 100 - Қазоқистон ва 540 квота - барои дигар кишвраҳо пешбинӣ шудааст.
Қисми зиёди хориҷиён (3453 квота) барои кор дар Душанбе, 1572 нафар - дар Ноҳияҳои тобеи марказ, 1235 - вилояти Хатлон, 1090 - вилояти Суғд ва 150 нафар - ВМКБ ҳуқуқ пайдо мекунанд.
Квотаҳои кор барои хориҷиён дар соҳа ва бахшҳои зерини иқтисоди Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд:
- 3038 – сохтмон;
- 2145 – саноати истеҳсолӣ;
- 565 – тиҷорат;
- 230 – кишоварзӣ;
- 195 – маориф;
- 185 – геология;
- 160 – хӯроки умумӣ;
- 125 – нақлиёт;
- 95 – ХМК ва хизматрасонии маишӣ;
- 85 – энергетика;
- 75 – тандурустӣ;
- 74 – алоқа;
- 45 – варзиш;
- 483 – дигар соҳаҳо.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта низ ҳукумат барои ҷалби қувваи кори хориҷӣ ҳамин миқдор квота муқаррар карда буд.
Дар соли 2022 ҳам зиёда аз 60%-и квотаҳо барои шаҳрвандони Чин пешбинӣ гардида буд. Ба кишварҳои вазни қиёсиашон нисбатан бештар дар ин самт ҳамчунин Эрону Туркия, Ӯзбекистону Русия ва Қазоқистон дохил мешуданд.
С Днем Победы, Таджикистан!
Хранители боевой славы. Монументы, посвященные памяти павших воинов Таджикистана в годы ВОВ
На Таджикистан надвигается стихия. Как вести себя во время селей?
Состояние раненого таджикского учителя после столкновения на границе с Кыргызстаном стабильное
Путин поздравил президента и народ Таджикистана с Днем Победы
Эмомали Рахмон улетел в Москву
Президент Таджикистана и мэр Душанбе возложили венки к Вечному огню
Ходжи и бородатые - на выход. Кого депортируют из России?
В Душанбе в очередной раз обсудят закон «О СМИ»
«Просто работал на стройке». Что говорят родные о Джумахоне Курбонове, еще одном фигуранте дела о «Крокусе»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста