Шумораи ҷудошавии оилаҳо дар Тоҷикистон сол ба сол меафзояд. Кумитаи кор бо занон ва оила никоҳи қалбакии муҳоҷиронро дар Русия барои гирифтани шаҳрвандӣ яке аз сабабҳои зиёд шудани талоқ медонад. Мо кӯшиш кардем бо муқоисаи омор дурустии ин фарзияро санҷем ва ҳамчунин сабабҳои дигари афзоиши талоқро муайян намоем.

Никоҳ кам мешаваду талоқ зиёд

Таҳлили омори никоҳу талоқ дар Тоҷикистон барои 20 соли охир нишон медиҳад, ки то соли 2008 шумораи бастани ақди никоҳ меафзуд ва аз соли 2009 ин тараф коҳиш меёбад. Аммо шумораи талоқ, ба истиснои солҳои алоҳида, дар ҳоли афзоиш аст.  

Масалан, агар соли 2008 дар кишвар беш аз 106 ҳазор ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда бошад, соли 2022 ҳамагӣ беш аз 70 ҳазор никоҳ баста шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки шумораи аҳолӣ сол ба сол меафзояд. 

Шумораи талоқ бошад дар ҳамин давра беш аз 2,5 маротиба афзудааст: аз 5307 дар соли 2008 то 13876 дар соли 2022.

Зани қалбакии рус забаби зиёд шудани талоқ дар Тоҷикистон? 

Асосан никоҳи барвақтӣ, омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оиладорӣ, нофаҳмӣ байни ҷавонон, мушкили иқтисодӣ, нобаробарии оилаҳо сабаби фурӯпошии оилаҳо дар Тоҷикион дониста мешаванд. Аммо раиси Кумитаи кор бо занон Ҳилолбӣ Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ аввали моҳи феврали соли равон яке аз сабабҳои зиёд шудани талоқ дар Тоҷикистонро ба гирифтани шаҳрвандии Русия рабт дода буд.

«Сабаби дигари азҳампошии оилаҳо нияти шаҳрвандии Русияро гирифтани сокинон мебошад. Яъне мардон расман ақди никоҳи худро бо занҳояшон бекор мекунанд, то ки дар Русия ақди никоҳи қалбакӣ банданд ва дар ҳамин ҳол, зиндагиашонро бо ҳамсарашон дар Тоҷикистон тибқи никоҳи мусулмонӣ идома медиҳанд», – шарҳ дод раиси Кумита.

Расонаҳои русӣ дар мавриди зиёд будани издивоҷи сохта байни занҳои рус ва мардони тоҷику узбек менависанд, вале омори дақиқе дастрас нест. Ба навиштаи сомонаи «Секрет фирмы» ҳатто гуруҳи миёнравҳое ҳастандл, ки бар ивази 1-2 ҳазор доллар никоҳи қалбакиро бо шартҳои гуногун ташкил мекунанд. Ва соли 2020 50%-и харидорони ин хизматрасонӣ шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.  

Дар Кумитаи кор бо занон шумораи дақиқи талоқҳо ба хотири ба даст овардани шаҳрвандии Русияро надоранд. Аммо ба иттилои ин ниҳод, соли 2022 аз се минтақаи кишвар 938 нафар барои гирифтани шаҳрвандии Русия аз оилаҳои худ ҷудо шудаанд: 103 оилаи аз ноҳияи Рашт, 804 оила аз вилояти Хатлон ва 31 оила аз ноҳияи Ванҷи ВМКБ. Аз Кумита натавонистанд чунин оморро вобаста ба дигар минтақаҳо пешниҳод кунанд.

Аммо бояд қайд кард, ки ҷудошавии оилаҳо дар кишвар пеш аз замони ба таври оммавӣ гирифтани шаҳрвандии Русия низ боло рафта истода буд. 

Шурӯъ аз соли 2016 гирифтани шаҳрвандии Русия байни шаҳрвандони Тоҷикистон оммавӣ гардида, се соли охир гирифтани шаҳрвандӣ байни тоҷикистониён ба таври рекордӣ боло рафта истодааст.

Муқоисаи омори гирифтани шаҳрвандии Русия аз ҷониби тоҷикистониён ва шумораи талоқ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ин омор ба ҳам вобастагии камтар доранд. Масалан, соли 2022 беш аз 173 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи Русия гирифтаннд ва ҳамагӣ қариби 14 ҳазор ҳолати талоқ дар кишвар ба қайд гирифта шудааст. 

Соли 2022 ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон 38 оила пош хӯрда 475 тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.

 

Қайд кардан зарур аст, ки чанд соли пеш никоҳ бо шаҳрванди Русия роҳи осонтарин ва маъмули ба даст овардани шиносномаи ин кишвар буд. Аммо сол ба сол Русия шартҳои ба даст овардани шаҳрвандиро сабук мекунад ва алҳол никоҳи қалбакӣ байни муҳоҷирон на он қадар маъмул аст. 

Боз ба кадом сабаб талоқ зиёд мешавад?

Замира (ном иваз шудааст) баъд аз як соли оиладорӣ аз шавҳараш ҷудо мешавад. Ӯ мегӯяд барои хиёнати шавҳар аз вай ҷудо шудам.

«Вақте духтарчаам таваллуд шуд то баромадани чиллааш ба хонаи модарам омадам. Дар ин вақт шавҳарам бо дигар кас мегаштааст. Баъди фаҳмидани ин кори шавҳар дигар ба хонаашон нарафтам. Баъди чанд моҳи ин ҳодиса шавҳарам оиладор шуд. Айни ҳол духтарчаамро худ нигоҳубин мекунам, падараш боре ҳам ба суроғаш наомад. Духтарам аз ман суол мекунад, ки чаро ҳама падар доранду ман надорам. Намедонам ба ӯ чӣ ҷавоб диҳам», - мегӯяд ин қаҳрамони мо.

Мазбут (номи шартӣ) қаҳрамони дигари мо баъди чанд соли муҳоҷират ба духтари падару модараш ёфта оиладор мешавад. Баъди ду моҳи зиндагӣ аз занаш ҷудо мешавад.

«Аз сабабе, ки занам аз шаҳр буду ман аз деҳот ӯ натавонист бо ман зиндагӣ кунаду қаҳр карда аз хона рафт. Ман низ дигар аз роҳаш нагардонидам. Баъд аз ин ба хизмати ҳарбӣ рафтам. Баъд аз хизмат аз сабабе, ки бо занам ҷудо шудам дигар падар маро қабул накард. Дар шаҳр истодам инҷо бо духтаре шинос шуда оила барпо кардам. Айнӣ ҳол як духтар дорам ва бо оилаам хушбахтам», - қисса мекунад Мазбут.

Кумитаи кор бо занон ва оила низ тақрибан ҳамин сабабҳоро асоси вайроншавии оилаҳо медонад. 

«Сабабу омилҳои пошхӯрии оилаҳоро дар омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оиладорӣ, никоҳи бармаҳал, бефарзандӣ, вазъи иқтисодӣ, надоштани ҷойи кор, бемории яке аз ҳамсарон, таваллуди фарзанди маъюб, дахолати шахсони сеюм, зӯроварии хонаводагӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғайра мебошад», - шарҳ доданд аз Кумита. 

Кӯдакони зиндаятим

Дар натиҷаи азҳампошии оилаҳои шумораи кӯдакони ятиммонда низ афзоиш ёфта истодааст. Танҳо аз соли 2014 то соли 2022 дар натиҷаи пошхӯрии оилаҳо 89512 кӯдак аз тарбияи яке аз волидон маҳрум мондаанд.

 

Чӣ бояд кард?

Барои пешгирӣ намудани пошхӯрии оилаҳо вакили парлумони кишвар Муҷибахон Ҷавҳарӣ бо нашри маводе дар «Садои мардум» пешниҳод намудааст, ки бояд пеши роҳи номзадшавии бармаҳал гирифта шавад ва барои ин бояд шахсони барӯманд, мақомоти дахлдор, волидон ва дигар ашхоси барӯманди маҳал ё минтақа мусоидат намоянд.

Ба гӯфтаи ин вакил маҳз номзадшавии бармаҳал, омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва дахолати шахсони колонсоли хонадон метавонад сабаби пошхӯрии оилаҳо гардад.

Омилҳои зиёде метавонад сабаби барҳамхурдани оилаҳо гардида бошад, ки мо якчанд намунаашро дар боло ҳамчун мисол овардем. Аммо таҳлили омор нишон медиҳад, ки гирифтани шарҳвандии Русия наметавонад омили назарраси зиёд шудани талоқ бошад. 

Шумо дар ин бора чӣ фикр доред? Чӣ бояд кард, то пеши роҳи ҷудошавии оилаҳо гирифта шавад?

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.