Сафарбаршудгон ба артишро, ки ҷиноятҳои сабук ва миёна содир кардаанд, метавонанд пас аз бо мукофот сарфароз гардонидан ё адои хидмат аз ҷазо озод кунанд. Вакилон Павел Крашенинников ва Ирина Панькина (аз ҳизби “Единая Россия”), инчунин раиси яке аз Кумитаи Шӯрои Федератсия Андрей Клишас ба Думаи давлатӣ лоиҳаи чунин қонунгузориро пешниҳод кардаанд.
Тавре ки хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад, тағйирот ба афроди сафарбаршуда ва касоне, ки бо Вазорати мудофиа қарордод бастаанд, дахл дорад. Пешниҳод мешавад, ки онҳо аз ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳое, ки то мавриди амал қарор гирифтани қонун содир кардаанд, озод карда шаванд.
Лекин агар шаҳрванд, ки ҷазоро адо накардааст ва аз ҷавобгарӣ озод нашудаасту аллакай дар давраи адои хидмат ҷинояти нав содир намояд, ба ӯ тибқи қоидаҳои пешбинишуда дар моддаи 70 КҶ (таъини ҷазо аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо) ҷазо таъин карда мешавад, омадааст дар лоиҳаи қонун.
Муаллифони лоиҳа гуфтаанд, дар рафти кор “теъдоди зиёди шаҳрвандоне ошкор шудаанд, ки хоҳиш доранд тибқи қарордод хидмати ҳарбиро адо намоянд ва бо онҳо қарордод бастан пешбинӣ нашудааст”.
Лоиҳаи қонун ба давраҳои сафарбарӣ, ҳолати ҳарбӣ ва замони ҷанг дахл дорад. Ҳолатҳое истисно мешаванд, ки шахс тибқи моддаҳои терроризм, хиёнат ба давлат, ҷосусӣ, ҷиноятҳо бар зидди дахлнопазирии ҷинсӣ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин маҳкум шудааст.
Илова бар ин, Вазорати мудофиа феҳристи махсуси бемориҳоро таҳия хоҳад кард, ки гирифторӣ ба онҳо ба русиягиҳои қобилияташон маҳдуд имкон намедиҳад ба хидмати ҳарбӣ даъват шаванд.
Ҳафтаи гузашта дар Вазорати мудофиаи Русия хабар доданд, ки роҳбари ин ниҳод Сергей Шойгу фармонеро ба имзо расонидааст, ки мувофиқи он, дастаҳо (отрядҳо)-и ихтиёриён бояд то 1 июл бо Вазорат қарордод ба имзо расонанд. Гуфта мешавад, ин ба дастаҳои ихтиёриён ҷиҳати дарёфти мақоми зарурии ҳуқуқӣ имкон дода, барои ташкили дастгирии ҳамаҷониба ва корбурди ягона нисбат ба иҷрои вазифаҳои онҳо шароит фароҳам меорад.
Рӯзи 12 июн Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки бо дастаи таъиноти махсуси Чеченистон - “Ахмат” қарордод бастааст.
Рӯзи 5 июн маълум шуд, ки Вазорати мудофиа пешниҳод мекунад, ки сафарбаршудагон тариқи СМС-паёмак огоҳ карда шаванд. Ғайр аз ин, дар Вазорати мудофиа лоиҳаи бақайдгирии ҳарбиро бидуни ҳозир шудан ба комиссариати ҳарбӣ таҳия кардаанд.
Моҳи апрел Думаи давлатӣ қонун дар бораи феҳристи ягонаи уҳдадорони ҳарбӣ ва даъватномаҳои электрониро қабул кард.