Лозим аст, ки дар Русия озмоиши таърихӣ гузаронида шуда, муваққатан аз ҷалби муҳоҷирони корӣ худдорӣ кунанд, то ки аҳаммияти онҳо дар иқтисод арзёбӣ шавад, изҳор доштааст раиси Иттифоқи касабаи муҳоҷирони корӣ Ренат Каримов зимни гуфтугӯ бо НСН. Ӯ хотиррасон намудааст, ки бе ин ҳам дар бахшҳои калидӣ муҳоҷирон намерасанд.
“Ҳукумат мегӯяд, дар соҳаҳои калидӣ муҳоҷирон намерасанд. Демографҳо пешомадро начандон хушбинона арзёбӣ намуда, иқтисод захираҳои корӣ талаб мекунад. Ман гуфта метавонам, ки Русия дар сатҳи таърихии ҳадди ақалли бекорӣ қарор дорад. Ҳоло бисёр одамон омода нестанд, ки муҳоҷиронро иваз кунанд. Баъзан чунин ба назар мерасад, ки як навъ озмоиши таърихӣ гузаронидан беҳтар мебуд, зеро аз ҳар сӯ фарёд мезананд, ки "ана, муҳоҷирон хеле зиёд омадаанд" ва ғайра.
Агар ин тавр бошад, пас кӯшиш кунед, ки бе муҳоҷирон бошед. Шояд русиягиҳо дар ду ҷой кор кунанду кишвар бе муҳоҷирон ҳам буда тавонад. Ҳамеша ин тавр исботи бегуноҳ будан (сафед кардан)-и худ ғайриимкон аст. Биёед, кӯшиш мекунем, ки бе муҳоҷирон бошем. Агар натиҷа надиҳад, пас бояд ба хубӣ дарк кунем, ки муҳоҷирон аз лиҳози иқтисодӣ заруранд”, - гуфтааст мусоҳиби НСН.
Бо ин изҳорот ӯ ба гуфтаҳои роҳбари Шӯрои назди президенти Русия оид ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар Валерий Фадеев дар ҷаласаи соҳавии Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург дар мавриди ҷорисозии квотаҳои асоснок барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ва бештар қатъӣ будан дар интихоби кормандон посух додааст.
Ӯ гуфтааст, даъвати коргароне, ки ҳатто забонро намедонанду баъдан дар Русия анклавҳо ташкил мекунанд, мувофиқи мақсад нест. Каримов аз ин пешниҳод дар хайрат мондааст.
"Барои мо як каме аҷиб аст, ки Фадеев давра ба давра ташаббусҳое ба миён мегузорад, ки вазъи коргарони хориҷиро сангинтар мекунад. Мо инро зарур намеҳисобем. Донистани забони русӣ ҳангоми додани патент санҷида мешавад. Мардум бори аввал ё дуюм ин имтиҳонро супорида, дар ҷараёни кор забондониашонро такмил медиҳанд. Чаро ногаҳон ба назари Фадеев чунин менамояд, ки ин ҷараён бояд сангинтар бошаду теъдоди муҳоҷирон кам карда шавад? Ин барои ман нофаҳмост”, - изҳор доштааст ӯ.