Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз худсарона боло бурдани нархи маҳсулот аз сӯи савдогарон дар арафаи Иди Қурбон ва “идгардак”-и кӯдакону калонсолон дар рӯзи ид интиқод карда, гуфтааст, “оростани дастархони идона ва идгардак як анъанаи мардумӣ аст, на исломӣ”.
Ӯ дар як мақолаи худ, ки имрӯз, дар АМИТ “Ховар” нашр шуд, афзудааст, ки дар ид бояд “дастархони маънавӣ” орост ва ба исрофкорӣ, ки дар Ислом кори бад аст, роҳ набояд дод.
“Бояд танҳо “дастархони маънавӣ” оро диҳем, яъне барои аҳли оилаи худ, дӯстону наздикон анҷом додани амалҳои нек, панду насиҳат ба наврасону ҷавонон, кумак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва фаровон доштани дигар корҳои хайр”, - гуфтааст Раиси Шӯрои уламои кишвар.
Дар идома ӯ аз “мусобиқаи дастархонороӣ” сахт интиқод карда, гуфтааст, ки маҳз ин чиз сабаб мешавад, ки “тоҷирони беинсоф низ бо истифода аз ин фурсат нархи маҳсулотро дучанд мебардоранд”.
“Агар мо барои дастархонороии идона иқдом нагирем ва дастархони маънавӣ ташкил намоем, зарурати ба бозор рафтану бо нархҳои гарон маҳсулот харидан намемонад. Ҳол он, ки дар чунин вазъи ҳаво ҳамгуна маҳсулот зуд вайрон мешавад ва дар баробари исрофи беҳуда, ҳамчунин хавфи хатар ба саломатии мо ба вуҷуд меояд”, - зикр мекунад Саидмукаррам Абдуқодирзода.
Ба таъкиди вай, ба таври сунъӣ боло бурдани нархи маҳсулот аз нигоҳи дини Ислом ҳаром буда, он дар пай мусибатҳои зиёд дорад.
“Савдогар фикр мекунад, ки ман даромад ба даст овардаам, фоида дидаам. Аммо он чанд тангае, ки бо роҳи зулм ба даст овардаст, охируламр сад ғаму андӯҳро ба сари худи соҳибкор ва аҳли хонадони ӯ низ меорад. Зеро ӯ мардумро зулм кард, ба мардум мушкилӣ ва сахтӣ овард”, - афзудааст раиси Шӯрои уламо.
Номбурда дар идома аз идгардаки кӯдакон интиқод карда, зиёнҳои онро номбар кардааст.
“Аввал ин ки мо дар рӯзҳои саратони тобистон қарор дорем ва ҳавои гарму сӯзон ба саломатии онҳо хатар дорад. Дигар ин ки хурдсолон беназорат монда, сабаби сар задани ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш шуда метавонад. Хуб мешуд, ки волидайн кӯдакони худро дар доираи хонаводаи худ хушҳол кунанд, нагузоранд, ки ба ҳар даре ва ҳар ҷое бираванду беназорат монанд”, - ёдовар кардааст ӯ.
Саидмукаррам Абдуқодирзода гуфтааст, маҳз идгардак сабаб миешавад, ки кӯдакон аз хурдӣ ба талбандигӣ одат мекунад ва бояд аз баҳри ин одатҳо гузашт.
Раиси Шӯрои уламо аз аҳолӣ даъват кардааст, ки ба кӯдакони худ моҳияти аслии динро фаҳмонанд ва хона ба хона гашта, ба исрофкорӣ дар оростани дастурхон роҳ надиҳанд.
Иди Қурбон яке аз идҳои мусулмонон аст, ки имсол 28-уми июн таҷлил карда мешавад.
Дар рӯзи ид мусулмонон намози Иди Қурбон мехонанд ва ба хонаи якдигар барои аёдат, дуову фотиҳа ва муборакбодӣ мераванд. Дар ин миён кӯдакон ҳам ба табрики ид ба хонаҳои ёру наздикон мераванд, ки онро “идгардак” мегӯянд.
Мақомот чанд сол боз “идгардак”-и кӯдакон ва дастархонороии аҳолиро дар рӯзи ид интиқод мекунанд ва даъво пеш меоранд, ки он исрофкорӣ буда, бисёриҳо аз дигарон қафо намонем гуфта, бо қарз дастархон мекунанд.
Ҳамин тариқ, ҳамасола дар арафаи иди Қурбон нархи маҳсулот низ дар бозорҳо гарон мешавад. Ҳарчанд мақомот бо ташкили ярмаркаҳо ба он мубориза мебаранд, вале маълум мешавад, ки самара намедиҳад.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 27 декабря 2024 года
Семь самых громких преступлений в Таджикистане в 2024 году
Где заказать салаты на Новый Год в Душанбе?
Афиша от «Азия-Плюс»: балет «Щелкунчик», Beauty Secrets Festival и Новогодний шоу-концерт
Тренер сборной России по борьбе из Таджикистана получил 9 лет за «финансирование терроризма»
УМВД предупреждает: «аренда» банковских карт – новый вид мошенничества в Таджикистане
В Душанбе мать и трое детей отравились угарным газом
Готов ли Душанбе к зиме?
Таджикский тренер в Узбекистане расстался со своими соотечественниками
Стало известно о судьбе второго таджикистанца, находившегося на борту самолета, потерпевшего крушение в Актау
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста