Шумори квотаҳо барои коргарони хориҷии соҳибихтисос дар Кореяи Ҷанубӣ 1 баробар - то 30 ҳазор нафар зиёд карда шуд. Сабабаш норасоии доимии кадрҳост, хабар медиҳад Reuters.
Рӯзи 28 июн дар ҷаласаи ҳукумат дар бораи қабули чунин қраор вазири адлияи Кореяи Ҷанубӣ Хан Дон Хун хабар додааст. Норасоии коргарон дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва бахши кишоварзӣ ба мушоҳида мерасад. Тавре ки нашрия хабар медиҳад, ҷавонони Кореяи Ҷанубӣ ба кор дар ин бахшҳо майл надоранд, аз ин рӯ, ҳукумат фаъолона хориҷиёнро ҷалб мекунад.
Аз замони ҷорисозии барномаи квота, шумори онҳо барои барномаи раводиди «E-7-4» аз 300 адад дар соли 2017 то ба 2 ҳазор дар соли 2022 афзуд. Имсол ҳукумат ният дошт, ки ҳамагӣ 500 квота ҷудо кунад, лекин бо назардошти норасии қувваи корӣ, қарорро тағйир доданд.
Вазорати адлияи Кореяи Ҷанубӣ ҳамчунин изҳор доштааст, ки шартҳои пешниҳоди ариза барои гирифтани раводид сабуктар карда мешаванд.
Барои Тоҷикистон ҳам квота ҷудо шуд?
Ёдрас мекунем, ки 10 октябри соли гузашта бар асоси созишнмоаи дуҷониба бо ҳукумати Корея авввалин гурӯҳи тоҷикистониён ба ин кишвар раҳсипор шуд. Ин нахустин ҳолати муҳоҷирати расмии кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея маҳсуб меёбад.
Дар робита ба квотаҳо бошад, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнати Тоҷикистон Анвар Юсупов изҳор дошт, ки ҳоло барои кишвари мо квота ҷудо накардаанд.
“Тоҷикистон ба сафи кишвраҳое, ки аз онҳо ба Кореяи Ҷанубӣ қувваи корӣ фиристода мешавад, шомил нашуд. Умедворем, ки рӯзҳои наздик ин масъала мусбат ҳаллу фасл мешавад, зеро созишнома аллакай имзо шудааст. Сипас дар бораи ҷудо гардидани квотаҳо сухан хоҳад рафт. Агар квотаҳоро ҷудо кунанд, раводиди корӣ ба муҳлати на 6 моҳ, балки ба мисли Британияи Кабир ба муҳлати 1 сол дода мешавад”, - гуфт Юсупов.
Зимнан зикр шуд, ки испас тоҷикистониён имкон пайдо хоҳанд кард, ки аз рӯи ихтисос натанҳо дар бахши кишоварзӣ, балки дар соҳаи сохтмон ва фабрикаҳо кор кунанд.