Аз 1 август сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ, дар фаъолияти кории худ аз барномаи «Пардохти ҳушманд (Smart Pay)» истифода мебаранд. Дар ин хусус қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.
Гуфта мешавад, қарори мазкур бо мақсади таъмини пардохти ҳамаи андозҳою боҷҳои давлатӣ, ҷаримаҳо, барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ ҷиҳати амалишавии марҳилаи якуми барномаи Пардохти ҳушманд (Smart Pay) ба роҳ монда мешавад.
Ёдрас мешавад, ки дар асоси фармони президенти ҶТ «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 1 августи соли 2023
- пардохти андозҳо;
- боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо;
- пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет;
- ҷаримаҳо;
- маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ;
- хизматрасониҳои тиббӣ;
- хизматрасониҳои коммуналӣ;
- намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ;
- қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ
тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.