Катя Дмитриеваи 8-сола тақрибан се даҳсола пеш дар шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) нопадид шуда, рӯзи гузашта боқимондаҳои ҷасади ӯро пайдо карданд. Дар ин бора ахбори “Пайки Суғд”-и Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки милитсияи вилояти Суғд ҳамроҳ бо кормандони Вазорати умури дохилии Русия куштори духтарро ошкор кардааст.
“Пас аз 29 сол ҷасади духтарро дар шаҳри Истиқлол дар таҳхонаи манзили воқеъ дар кӯчаи Камоли Хуҷандӣ, 19 (қаблан ин кӯча Гагарин ном дошт) пайдо карданд. Маълум шуд, ки гумонбар духтарро аввал таҷовуз карда, сипас куштааст”, - мегӯяд манбаъ.
Гунаҳкор ба гуноҳаш иқрор шуд, вале баъдан мурд
Ҷинояткор Шавкат Шаяхмедови 62-сола, сокини ноҳияи Залегошенски вилояти Орёли Русия будааст, ки ҳоло даргузаштааст.
“Охири моҳи декабри соли 2022 ӯ дар вилояти Орёл, ки дар он ҷо зиндагӣ мекард, бо гумони содир кардани як қатор ҷиноятҳои махсусан вазнин, аз ҷумла таҷовуз ба номус ва куштор боздошт шуд. Пас аз тафтишоти ҳамаҷониба маълум шуд, ки Шаяхмедов чаҳор ҷинояти таҷовуз ба номус ва куштор анҷом додааст, аз ҷумла таҷовузи Катя Дмитриеваро”, - хабар додааст “Пайки Суғд”.
Қатли фоҷиабори Катя соли 1994 рух додааст: он вақт Шаяхмедов дар шаҳри Табошари вилояти Ленинобод (ҳоло шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд)-и Тоҷикистон зиндагӣ мекардааст.
“Пас аз таҷовуз ба номуси духтар дар хонаи худ, ҷасадро дар халта пинҳон карда, баъд аз он онро дар таҳхонаи хонаи хушдоманаш дар кӯчаи Гагарин ба хок супурдааст”, - гуфта мешавад дар гузориш.
Бо вуҷуди далелҳо ва эътирофи гуноҳ, Шавкат Шаяхмедов натавонист дар додгоҳ барои ҷиноятҳои даҳшатовараш ҷавоб диҳад, зеро ҳамагӣ баъди ду моҳи боздошт, дар моҳи майи соли 2023, дар зиндони Мордовия даргузашт.
Марги ӯ ҳангоми интиқол ба муассисаи ислоҳӣ рух дод, ки ӯ бояд ҳабси якумраро дар он ҷо адо мекард.
Чӣ гуна Катя нопадид шуд?
Нопадид шудани Катя Дмитриеваи 8-сола рӯзи 21-уми майи соли 1994 рух дод. Оилаи Дмитриевҳо нақша доштанд, ки ба Русия кӯчанд, волидон интизор буданд, ки соли аввали таҳсил ба итмом расад: Катя он вақт синфи якумро тамом мекард.
Катя нисфирӯзӣ дар саҳни хонааш дар кӯчаи Строителей ғайб зад. Кофтукови падару модари ӯ - Сергей Матвеевич ва Надежда Яковлевна натиҷа надод.
Сарнавишти духтараки ҳаштсола беш аз се даҳсола сирре боқӣ монд. Волидайни Катя дар тӯли ин солҳо, аз ҷумла тавассути барномаи "Туро интизорем" бо кумаки шиносҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат карда, духтари худро ҷустуҷӯ мекарданд.
Хонаводаи Дмитриевҳо, ки муддати тӯлонӣ дар Русия ба сар мебаранд, соли 2021 боз ба ниҳодҳои қудратии Русия ва Тоҷикистон: ба Кумитаи тафтишоти Русия, Раёсати тафтишотии ВКД Тоҷикистон ва Раёсати тафтишотии ВКД Тоҷикистон дар ин робита муроҷиат кардаанд.
Искандеркульская вахта полковника Ионова. Первой гидрометеостанции Таджикистана 95 лет
Фильм «Фуруғ» таджикского режиссера получил награду на кинофестивале в России
Чиновники Бухарской области перейдут на чрезвычайный режим работы, чтобы сократить бедность населения
Денежные переводы в Узбекистан выросли на треть в 2024 году
Саки-властелины степей на Крыше мира. Как саки пришли и спустя время ушли с Памира
Главы МИД Таджикистана и Китая обсудили договоренности лидеров двух стран
"Озоди": "Боим" экстрадирован в Таджикистан из Турции, куда уехал после 14 лет отсидки в России
Разложение мозга. Оксфордский словарь назвал слово 2024 года
Спецпредставитель ЕС: «Молодежи Таджикистана нужны образование и рабочие места»
Smartup: инновационные технологии для дистрибьюторов Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста