Вакили Думаи давлатии Русия Михаил Матвеев ният дорад, ки лоиҳаи қонун дар бораи маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ ва ихроҷ аз Русия барои муҳоҷиронеро, ки худро ба қайди ҳарбӣ намегузоранд, таҳия кунад. Дар ин бора ӯ рӯзи 1 август дар телеграм-канали худ хабар додааст.

“Лоиҳаи қонунеро омода мекунам, ки мувофиқи он, худро ба қайди ҳарбӣ нагузоштан дар муҳлати муқарраршуда пас аз дарёфти шаҳрвандии Русия (инчунин саркашӣ аз иҷрои уҳдадории ҳарбӣ) барои маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ ва ихроҷ ба кишваре, ки аз он ҷо ӯ омадааст, асос мешавад.

Инчунин фикр мекунам, ки дар ин ҳолат аъзои оилаи муҳоҷир, ки дар робита ба гирифтани шаҳрвандии Русия қаблан аз ҷониби ин шахс онро гирифтаанд, низ бояд аз шаҳрвандӣ маҳрум карда шаванд», - навиштааст вакил.
Михаил Матвеев
Сурат: kommersant.ru

Каме пештар худи ҳамон рӯз Матвеев як навори видеоиро мисол овард, ки дар он шаҳрвандони Ӯзбекистон ба президенти ҷумҳурӣ шикоят кардаанд, ки комиссариати ҳарбии маҳаллӣ ба онҳо даъватнома месупорад.

«Мисоли равшани он аст, ки ҳамаи ин шаҳрвандони нав шаҳрвандиро танҳо бо мақсади мисли гов ҷӯшидани Русия, дар ин ҷо озодона зиндагӣ кардан ва пул кор кардан, аксар вақт андоз насупоридан ва дар айни замон бо оилаи калони ба Русия овардаашон кумакҳои иҷтимоӣ гирифтан, дастрасӣ доштан ба низоми маориф ва тандурустии мо мегиранд. Аммо вақте дар бораи иҷрои уҳдадориҳояшон дар назди Русия сухан меравад, дарҳол нола баланд мешавад - муҳоҷироне, ки дирӯз бо шиносномаҳои русӣ фахр мекарданд, дарҳол ба ёд меоранд, ки шаҳрванди Ӯзбекистон/Тоҷикистон/Қирғизистон ва ғайра мебошанд ва аз ин рӯ, ба ҳеҷ ваҷҳ онҳо набояд даъват шаванд”, - шарҳ додааст навори видеоро Матвееев.

Ӯ ҳамчунин таъкид доштааст, ки аз лиҳози қонунгузории Русия онҳо низ “дақиқан ҳамон гуна уҳдадорони ҳарбӣ мебошанд, ки русяигиҳо аз рӯйи ҷойи таваллуд шаҳрвандӣ гирифтаанд”.

Илова бар ин, вакил дар ин шабака назарпурсӣ роҳандозӣ намудааст, то бифаҳмад, ки қарори аз шаҳрвандии дарёфтаи Русия маҳрум кардани афроде, ки худро ба қайди ҳарбӣ нагузоштаанд ва аз иҷрои уҳдадории ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, ҷонибдорӣ мешавад ё не.

То кунун зиёда аз 7100 нафар дар ин назарсанҷӣ овоз дода, 90%-и онҳо ҷонибдории худро изҳор намудаанд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли равон Михаил Матвеев пешниҳод намуда буд, ки барои иштирок дар ҷанги Русия ва Украина “баталйон (воҳиди низомӣ)-и тоҷикӣ” ташкил карда шавад.

Вакили парлумони Русия гуфт, сабаби асосии дар ҳошия мондани зодагони Осиёи Марказӣ аз ҷанг созишнома дар бораи душаҳрвандӣ аст, зеро Тоҷикистон иштироки шаҳрвандони худро дар амалиёти ҷангӣ дар хориҷи кишвар манъ мекунад.

Баъди ин, чанде аз вакилони Думаи давлатӣ ба таҳияи як қатор тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ иқдом карданд, то душаҳрвандиро манъ ё онро ба таври дахлдор тасҳеҳ кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.