Дар 6 моҳи соли ҷори 646 нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Британияи Кабир рафтаанд. Ин рақам соли 2022 386 нафарро ташкил мекард.
Дар ин бора Қиёмиддин Давлатзода, муовин вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба қавли Давлатзода, то ҳол беш аз 10 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои кор дар Британияи Кабир ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муроҷиат кардаанд.
Бояд зикр кард, ки Британияи Кабир яке аз самтҳои нави муҳоҷирати корӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Шурӯъ аз соли гузашта Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистион дар якҷоягӣ бо мақомоти Британияи Кабир ба ирсоли муташаккилонаи шаҳрвандони кишвар барои кор дар ин кишвари аврупоӣ оғоз кард.

Дар хусуси тарзи интихоб барои ирсол ва намудҳои кор аз матлаби “Имкони кори мавсимии ҳудуди ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Британияи Кабир” метавонед маълумоти бештар пайдо кунед.
Зикр бояд кард, ки Британияи Кабир ягона самти нав барои муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон нест. Ҳамчунин, 10-уми октябри соли гузашта бар асоси созишномаи дуҷониба бо ҳукумати Корея авввалин гурӯҳи тоҷикистониён ба ин кишвар раҳсипор шуд.
Аммо баъдтар, Кореяи Ҷанубӣ пешниҳоди квота барои коргарон аз Тоҷикистонро ба таъхир гузошт. Сабаби чунин иқдом риоя нашудани қоидаҳои будубош дар ин кишвар аз ҷониби муҳоҷирони кории тоҷик будааст.
Тибқи иттилои масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Русия ҳамоно самти аслии муҳоҷират барои шаҳрвандони кишвар ба ҳисоб меравад.
Ба ҳолати семоҳаи охири соли равон 663 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тариқи патент расман дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 дарсад кам аст.
Ҳамчунин, дар 6 моҳи соли ҷорӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳо зерин ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд:
Туркия - 99 нафар;
Латвия - 52 нафар;
Литва - 63 нафар;
Венгрия - 23 нафар.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 13 марта 2025 года
Икбол Завкибеков: «Надо любить то, чем занимаешься»
ФСИН: 70% иностранцев в колониях России – граждане стран Центральной Азии
Иранская авиакомпания запустит спецрейсы между Душанбе и островом Киш
США возобновили поставки оружия Украине
«Рыба для товарища Черчилля». В Таджикистане снят фильм о героизме таджиков во Второй мировой войне
Стало известно, когда будет открыта граница между Таджикистаном и Кыргызстаном
«Хабаровские авиалинии» изменили правила перевозки детей мигрантов
ЕБРР и АБР профинансируют модернизацию автодороги Дангара – Гулистон
Врачей легендарного Марадоны отправили под суд
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста