Хабарҳои фейкӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбат ба маълумоти боэътимод 70% тезтар паҳн мешаванд. Инро олимони Институти технологии Массачусетси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баъди омӯзиши зиёда аз 126 000 хабари фейкии дар Twitter паҳншуда исбот кардаанд.
Аммо чаро чунин аст? Чаро мо ба хабарҳои фейкӣ бовар мекунем?
Ҷавоб дар хусусиятҳои психологии тафаккури мо пинҳон аст:
Фишори иҷтимоӣ. Мувофиқи маълумоти олимони Донишгоҳи Миллии Австралия (ANU), вақте маълумоти фейкӣ дар ҳама ҷо такрор мешаванд, дигарон дар бораи он сӯҳбат мекунанд ва оҳиста-оҳиста ба он бовар мекунанд. Сабаби риояи меъёрҳои иҷтимоӣ дар он аст, ки мо мехоҳем аз радди иҷтимоӣ будан канорагирӣ кунем ва узви ҷомеа бошем. Яъне агар одамони гирду атроф ба паёмҳои фейкӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бовар кунанд, мо намехоҳем, таваккал кунем ва маълумотро рад намоем, то аз дигарон ҷудо нашавем.
Эҳсосот. Сабаби дигари ба хабарҳои фейкӣ бовар кардани одамон эҳсосот аст. Мулоҳизаҳои эмотсионалӣ барои коркарди маълумот дар майнаи сари инсон муҳиманд. Масалан, ҳангоми хуруҷи коронавирус одамонро тарсу ҳарос фаро гирифт ва чизҳои зиёдеро харида захира карданд. Яъне, ҳангоми ба воҳима афтодан, шумо ба маълумоти фейкӣ тезтар дода мешавед.
Майнаи танбал. Вақте моро миқдори зиёди иттилоот иҳота мекунад, мунтақидона ё бо тафаккури танқидӣ нигоҳ кардан ба воқеот душвортар мешавад. Ин чунин маъно дорад, ки майнаи сари мо нерӯи рӯҳиро барои чизи арзандатар сарфа карданро афзалтар медонад. Аз ин рӯ, ба таҳлили ҳама иттилооти дидаамон, ки дар сомонаҳои хабарӣ ё дар шабакаҳои иҷтимоиву месенҷерҳо паҳн шудаанд, камтар мекӯшем ва зуд ба он бовар мекунем.
Майл ба тасдиқи нуқтаи назари худ. Тасдиқи пешакии маълумот ин маъқул донистани эътиқоди мавҷудаи мост. Масалан, агар шумо ба чизе итминон дошта бошед, кӯшиш мекунед бо пайдо кардани иттилооти гуногун онро тасдиқ кунед ва нуқтаи назари дигарро рад намоед. Ё, агар шумо бо изҳороте норозӣ бошед, маълумоти бештарро барои исботи нодурустии он пайдо мекунед.
Хотираҳои дурӯғин. Яъне ҳатто агар шумо мутмаин бошед, ки чизеро дуруст дар ёд доред ва дар бораи воқеа ё мавзӯъ тасаввуроти равшан доред, хато карда метавонед. Хотираҳои бардурӯғ бо дастгирии эътиқоди мо ба вуҷуд меоянд. Хотираҳои бардурӯғ аслан хотираҳои таҳрифшудаи рӯйдодҳо мебошанд, ки одатан баъзе унсурҳои воқеиятро дар бар мегиранд, аммо боқимондаро хаёлҳои мо ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, беҳтар аст, ки маълумотро бори дигар санҷед.
Фаҳмиши ин ҳама хусусиятҳои психологии тафаккури мо ба шумо кӯмак мекунад, ки худро аз маълумоти бардурӯғу фейкӣ муҳофизат кунед. Санҷидани эътимоднокии манбаи иттилоотро фаромӯш накунед, барои таҳлил ва ҷустуҷӯйи маълумот дар сарчашмаҳои дигар вақт ҷудо кунед.
Бохабар бошед ва ба хабарҳои фейкӣ бовар накунед!
Барнома дар доираи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо омода шудааст.
Семь вместо 108. Сможет ли Россия заменить Boeing и Airbus самолетами собственного производства?
Таджикистан и ЕБРР подписали соглашение о создании системы управления дорожными активами
Мигрантам на Сахалине запретили работать в 24 сферах
Садыр Жапаров: Спорные участки границы с Таджикистаном разделены "50 на 50"
КЧС Таджикистана предупреждает о снегопаде
Всемирная продовольственная программа ООН в Таджикистане приглашает на онлайн-аукцион
Избивал до полусмерти, насиловал при детях, домогался 6-летней дочери
Журнал Time назвал Дональда Трампа человеком года
«Экзотические» марки автомобилей: какие они и почему о них почти никто не знает?
В Казахстане засекретят сведения о жизни Назарбаева
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста