Санъат Тоҳирзода, муовини раиси шаҳри Панҷакент пешниҳод кардааст, ки ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ аз имконоти ходимони дин ва минбари масҷид истифода бояд кард. Дар ин бора сомонаи МИҲД дар шаҳри Панҷакент иттилоъ медиҳад.
Ин нуктаро Санъат Тоҳирзода дар ҷараёни муҳокимаи рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, ки бо иштироки мутахассисони ҷамоатҳои деҳот ва имом-хатибони масҷидҳои панҷвақтаи шаҳр баргузор гардид, иброз доштааст.
Ӯ гуфтааст, ки ҳангоми “иҷрои ин қонун, аз ҷумла, ба хидмати ҳарбӣ ҷалб намудани ҷавонон ходимони дин низ бо истифода аз минбари масоҷид, сӯҳбат бо намозгузорон метавонанд саҳмгузор бошанд”.
Зикр мегардад, ки дар ин ҷаласа ҳамчунин, масоили вобаста ба “пешгирии гароиши ҷавонон ба ақоиди ифротӣ, талқини мазҳаби таҳамулгарои Имоми Аъзам, ки дӯст доштану хидмат кардан ба Ватанро ҷузъе аз имондорӣ меҳисобад” баррасӣ шудаанд.
Бояд гуфт, ки чанде баъд дар Тоҷикистон маъракаи тирамоҳии ҷалби ҷавонон ба сафи Артиш оғоз мегардад. Маъракае, ки дар бештари ҳолат боиси баҳсҳои доғ дар ҷомеа мешавад.
Дар баъзе шаҳру ноҳияҳо масъулин шеваҳои нави ҷалби ҷавонон ба Артишро истифода мекунанд. Аз ҷумла, тавассути ҳавасмандкунии ҷавонон бо пешниҳод қитъаи замин, дастгирии оила, пардохти маблағи шартномаи таҳсил ва ба ин монанд.
Дар баробари ин, шеваҳои ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба сафи Артиш низ мушоҳида мешавад.
Аз ҷумла, соли гузашта дар ҷараёни баргузории маъракаи даъват ба Артиш дар бинои ҷамоат ва бидуни ихтиёр ду шабонарӯз нигоҳ доштани Санам Умарқулова, сокини деҳаи Киштӯдаки ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдро барангехт.
Он замон мақомоти расмии шаҳри Панҷакент ҳодисаи мазкурро расман шарҳ надоданд.
Дар аксар ҳолат ҷавонон шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва ҳодисаҳои марги аскаронро аз омилҳои аслии саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ мегӯянд.
Мақомоти масъули кишвар на ҳамеша ҳодисаҳои зикргардидаро шарҳ медиҳанд ва пайваста ба набудани “облава” таъкид мекунанд. Масъулин мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
«Выход на Кубок Азии-2027 – моя мечта, и она исполнится». Главный тренер футбольной сборной Таджикистана рассказал о своих ожиданиях и работе с командой
В Согдийской области частично разрушилась дорога, построенная три месяца назад на средства мигрантов
FAO предупредила страны Центральной Азии о риске утратить уникальные растительные ресурсы
АБР назвал причины цифровой отсталости Таджикистана
Golden Boy из Таджикистана готов принять бой в лиге Brave CF
Будущее СМИ, свобода слова и невидимые преграды. В Душанбе пройдет вторая Международная конференция женщин-журналисток
«Торговая война» Дональда Трампа против всех. Что будет с Таджикистаном?
Сели и паводки за сутки нанесли ущерб автодорогам и жителям нескольких районов Таджикистана
FINCA Таджикистан получила высшую степень сертификации по защите клиентов
«Сомон Эйр» возобновляет полеты в Красноярск
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста