Агар шумо қотеъона тасмим гирифта бошед, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро мегиред, пеш аз ҳама, бо қонун “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шинос шудан зарур аст. Маҳз дар ҳамин қонун ба таври муфасал шарҳ дода шудааст, ки киҳо ва чӣ гуна метавонанд ба шаҳрвандии Тоҷикистонро соҳиб шаванд.
Аммо барои онҳое, ки барояшон фаҳмидани истилоҳҳои мураккаби ҳуқуқӣ душвор аст, мо тамоми равандро содда ва зина ба зина шарҳ медиҳем.
Зинаи 1. Муайян кунед, ки шумо ба гирифтани шаҳрвандӣ ҳуқуқ доред ё не
Шаҳрвандии Тоҷикистонро ҳам шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳам шахсони бешаҳрвандӣ гирифта метавонанд. Ба шаҳрвандӣ сарфи назар аз эътиқоду забон ва вазъи моддӣ соҳиб шудан мумкин аст.
Лекин ба ҳар ҳол, якчанд шартҳо ҳаст:
- аввал, аз замони дарёфти Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) панҷ сол доимо (бетанаффус) дар қаламрави Тоҷикистон иқомат доштан лозим аст;
“Иқомати доимӣ” маънои манъи пурра хориҷ шудан аз Тоҷикистонро надорад. Сафар кардан албатта, мумкин аст, лекин на зиёдтар аз се моҳ дар як сафар. Ин ҷо ҳам истисноҳо ҳастанд: маҳдудиятҳои муваққатӣ ба сафар барои таҳсил, табобат ва сафарҳои хидматӣ дахл надоранд.
- дуюм, забони тоҷикиро дар сатҳи гуфтугӯ (муошират) донистан лозим аст;
- ва сеюм, шумо бояд зери таъқиби ҷиноятӣ қарор надошта бошед.
Агар ин се банд дар шумо дуруст бошад, пас бехавотирӣ метавонед ба омода намудани ҳуҷҷатҳо оғоз кунед. Агар дуруст набошад ҳам, рӯҳафтода шудан лозим нест. Шояд шумо бо тартиби соддашуда шаҳрвандӣ гирифта тавонед.
Зинаи 2. Муайян кунед, ки оё шумо ба гирифтани шаҳрвандӣ бо тартиби соддашуда ҳуқуқ доред ё не.
Категорияи шаҳрвандоне ҳастанд, ки агар қаблан Ҳуҷҷати иҷозаи зист надошта бошанд ҳам, шаҳрвандии Тоҷикистонро гирифта метавонанд. Инҳо:
- шахсоне, ки дастовардҳои назаррас доранд. Нобиғаҳо (генийҳо)-ро дар ҳама ҷо дӯст медоранд ва агар шумо хидматҳои хоси худро дар илму иқтисод ё фарҳанг исбот карда тавонед, пас шуморо бо хушнудӣ ба сафи тоҷикистониён қабул мекунанд.
- собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки шаҳрванди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) буда, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат доранд;
– кӯдак ё шахси корношоям, ки таҳти васоят ё парастории шаҳрванди Точикистон ё муассисаи маҳаллии давлатӣ қарор дорад.
Чунин категорияи шахсоне низ ҳастанд, ки барои онҳо тартиби қабул ба шаҳрвандӣ қисман содда карда шудааст. Барои онҳо то нисф иқомати доимӣ кам карда мешавад, яъне ба ҷои панҷ соли муқарраршуда дуюним сол кифоя аст. Ба ин гуна шахсон, масалан, шахсони бешаҳрвандӣ ва хориҷиён, ки волидайни тоҷик доранд, дохил мешаванд.
Зинаи 3. Ҳама ҳуҷҷатҳои заруриро ҷамъ кунед
Дар ҳама гуна расмиёти маъмурӣ (бюрократӣ) қисми душвортарин ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ мебошад. Барои қабул ба шаҳрванди бошад, шумори зиёди чунин ҳуҷҷатҳо лозиманд:
- ариза ба номи президенти ҶТ дар ду нусха;
- тарҷумаи ҳоли бо даст навишташуда;
- нусхаи аслӣ ва ксерокопияи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият;
- чор сурати андозаи 4х6 см дар пасманзари сафед;
- квитансия (расид) дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ($50);
- маълумотнома (справка) дар бораи доғи судӣ надоштан аз давлате, ки шумо шаҳрвандаш мебошед. Агар шумо ба таври доимӣ дар дигар давлат зиндагонӣ мекунед, пас аз он ҷо низ маълумотнома лозим мешавад;
- маълумотнома аз маҳалли зист дар бораи ҳайати оила;
- маълумотнома дар бораи гирифторӣ (гирифтор набудан) ба бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ ва рӯҳӣ.
Зинаи 4. Дархост пешниҳод кунед
Дархост дар мавриди гирифтани шаҳрвандӣ ба номи президенти кишвар навишта мешавад ва онро ба мақомоти корҳои дохилии маҳалли зист пешниҳод кардан зарур аст.
Агар шумо дар берун аз ҳудуди Тоҷикистон қарор дошта бошед, дархостро ба мақомоти корҳои хориҷӣ пешниҳод кардан лозим аст.
Зинаи 5. Ҷавобро интизор шавед
Акнун вақте ки шумо ҳама кори ба худатон вобастаро анҷом додед, қарорро интизор шудан лозим аст. Агар шумо дар ҳуҷҷатҳои худ бешармона дурӯғ гуфта бошед, ба шумо додани шаҳрвандиро расман рад карда метавонанд; агар барои содир намудани ҷинояҳои вазнин ва махсусан вазнин мухлати ҷзоро адо кардед ва ё ҳоло ҳам дар зиндон қарор доред, инчунин дар масъалаи амнияти миллии кишвар шубҳаовар ба назар мерасед.
Зинаи 6. Агар ҷавоби манфӣ гирифта бошед, рӯҳафтода нашавед
ВКД дар бораи теъдоди хориҷиёне, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро гирифтаанд, омори дақиқ пешниҳод намекунад. Бо вуҷуди ин, ҳама медонанд, ки теъдоди чунин афроди хушбахт чандон зиёд нест.
"Азия-Плюс" дар солҳои ахир дар ин бора чанд матлаб нашр кард. Дар онҳо дар бораи вазъияти хориҷиёне, ки бо вуҷуди даҳсолаҳо зиндагӣ кардан ва ақди никоҳ бастан дар ин кишвар, шаҳрвандиро дарёфт карда натавонистанд, сухан мерафт.
Аз ин рӯ, ҳоло осонтарин роҳи дарёфти шаҳрвандии кишвар шаҳрванди Тоҷикистон таваллуд шудан аст. Ба боқимонда барори кор.