Фонди Оқохон (AKF) ба 15 мактаби ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон 1,774 миз ва 3,548 курсӣ тақдим кард, ки ин барои 4,448 мактабхон фазои омӯзиши мусоидро фароҳам мекунад.

Муовини раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Абдулозода Ҷалолхон, ки дар ҷараёни тақдими таҷҳизот иштирок дош, изҳор намуд, ки “Ҳамкорӣ байни Фонди Тоҷикистонии Оқохон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маориф ба сифати омӯзиш таъсири қобили таваҷҷуҳ дорад ва тақдими таҷҳизоти мактабӣ гувоҳи ҳамкории судманди ҷонибҳо аст”.

Харид ва тақдими таҷҳизоти мактабӣ дар доираи барномаи панҷсолаи (2018-2023) 

“Шукуфоии Тоҷикистон: шарикӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ”, ки аз ҷониби Агентии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Фонди Оқохон (AKF) маблағгузорӣ мешавад ва ҳадафи умумии он вусъат бахшидан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар вилояти Хатлон ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. 

Акс аз Фонди Оқохон

Дар тӯли панҷ соли гузашта, барномаи Шукуфоии Тоҷикистон бо шӯъбаҳои маориф дар ноҳияҳои мавриди ҳадаф ҳамкориро ба роҳ монд, то ки иқтидору малакаҳои касбии омӯзгорони деҳотиро баланд бардорад ва тренингҳои видеоӣ ва ҳузурӣ гузаронад.

Инчунин, кор бо мактабҳо ба воситаи ҳамкории зич баҳри рушди малакаҳои хонандагон, фаъолиятҳои ғайридарсӣ ва устувории молиявию амалии марказҳои рушди бармаҳали кӯдакон, тақвият дода шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.