Моҳи августи соли равон командири 28-солаи чархболи Қувваҳои мусаллаҳи Русия Максим Кузминов чархболи Ми-8-уро рабуда, дар қаламрави Украина фуруд омад. Баъдтар зимни нишасти матбуотӣ дар Киев ӯ изҳор дошт, ки ҳангоми рабудани чархбол дар он ду нафар ҳамхидматонаш низ буданд, ки аз рабудан хабар надоштанд.
Роҳбари Раёсати иктишофии Вазорати мудофиаи Русия Кирлл Буданов он замон ба расонаҳо хабар дода буд, ки ду нафар хидматчиёнии ҳарбии Русия ба таслим гардидан розӣ нашуда, муқовимат нишон доданд ва кушта шуданд.
Яке аз ҳалокшудагон зодаи Тоҷикистон, штурмани чархбол Хушбахт Турсунови 35-сола ва дуюмӣ - борттехник Никита Кирянов буданд. Дар зер маълумоти Baza-ро дар бораи Хушбахт Турсунов меорем.
Хушбахт дар Конибодом, шимоли Тоҷикистон ба воя расида, литсейи маҳаллиро хатм мекунад ва сипас ба сифати курсанти хориҷӣ дар омӯзишгоҳи ҳарбӣ дар Сизрани Русия таҳсил кардааст.
Пас аз хатми омӯзишгоҳ Хушбахт ба Тоҷикистон омада, тибқи қарордод хидмат мекард. Соли 2015 ӯ боз ба Русия меравад.
Дарёфти ҷойи кор ба Хушбахт бинобар сабаби душаҳрвандиаш муяссар намегардид. Аз ин рӯ, ӯ танҳо шаҳрвандии Русияашро боқӣ гузошта, бо Вазорати мудофиаи Русия ба муҳлати 5 сол қарордод мебандад. Қарордод моҳи ноябри ҳамин сол ба охир мерасид.
Ба ин тариқ, то моҳи феврали соли 2022 Хушбахт дар Черниговкаи Приморйе хидмат карда, сипас ба “амалиёти махсуси низомӣ”-и оғозшуда мепайвандад.
Рӯзи 9 август командири чархболи ӯ Ми-8-ро ба Украина бурда, 11 август ба оилаи ӯ бидуни шарҳи ҷузъиёт хабар медиҳанд, ки чархбол бедарак шудааст.
Хешовандони Хушбахт ба маргаш бовар надоштанд, лекин нимаи моҳи сентябр ин маълумот тасдиқ шуд. Тавре ки маълум шуд, қариб якуним моҳ низомиёни Русия кӯҳиш кардаанд бо ҷониби Украина дар бораи баргардонидани ҷасадҳо ба созиш расанд.
Тибқи маълумоти манбаъҳои Baza, украиниҳо талаб кардаанд, ки ба ивази баргардонидани ҷасадҳои Хушбахт ва Никита ба онҳо чор асири украиниро диҳанд. Маълум нест, ки ҷонибҳо ба чӣ гуна созиш расидаанд, лекин ҷасадҳои Хушбахт ва Никита ба Русия баргардонида шуданд.
Ба қавли ҳамсари Хушбахт, писари 8-солаи онҳо ҳоло ҳам ба марги падараш бовар надорад ва кӯшиш мекунад, ки ба ӯ занг занад.
Модари Хушбахт аз пандемияи коронавирус фавтид. Падараш аз кори вазнин саломатиашро аз даст дода, ба бемории сакта (инсулт) гирифтор шуд ва Хушбахт ӯро ба Тоҷикистон овард. Ӯ то ҳол аз марги писараш хабардор нест.