Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон корҳо дар самти беҳтар кардани сифат ва нархи интернетро нокифоя хонда, аз масъулин талаб кардааст, ки онро боз ҳам ҷоннок намоянд. Дар ин бора сомонаи расмии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин ниҳод мегӯяд, ҷаласаи сардори ин хадамот, рӯзи 10-уми ноябр бо иштироки намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ, бонкҳо ва намояндагони ширкати “Барқи тоҷик” баргузор шудааст.
Мақсади ҷаласа иҷрои супориши Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани сифат ва нархи интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар ва вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мебошад.
Ба иттилои Хадамоти алоқа, дар ҷаласа дастуроти вохӯриҳои гузаштаи Бег Сабур дар самти беҳтар кардани нарху сифати интернет, бартараф намудани монеаҳои мавсимии алоқа дар фасли сармо низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ин ниҳод гуфтааст, ки “ҷараёни рафъи камбудиҳои дар соҳа ҷойдошта суръати бештар гирифтааст, махсусан дар самти насби таҷҳизоти нави мавҷрасон дар минтақаҳое, ки мавҷи алоқа ва дастрасӣ ба интернет дар онҳо заиф аст, ба таври таъхирнопазир идома дорад”.
Вале Бег Сабур гуфтааст, ин ҳама кофӣ набуда, боз ҳам бештар намудани тадбирҳои амалӣ дар авлавияти фаъолияти масъулин қарор дорад.
Ӯ афзудааст, ки талаботи ҷомеа ба соҳаи алоқа тадриҷан афзуда, рушди тамоми соҳаҳо аз бисёр ҷиҳат ба дастрасии қулай ба интернет вобаста гардидааст.
“Аз ин хотир, масъулини соҳаи алоқаро мебояд, ҳамеша дар пайи такмили механизми алоқаи мобилӣ ва интернет дар тамоми манотиқи кишвар бошанд”, - зикр кардааст Бег Сабур.
Дар охир, масъулини Хадмаоти алоқа ва намояндагони ширкатҳои мобиливу ва провайдерҳои интернетӣ ба мувофиқа расидаанд, ки “бо мақсади зудтар ва бо сифати баланд анҷом додани дастрасии комил ба алоқаи мобилӣ ва интернет дар саҳти ҷумҳурӣ дастгирии ҳамдигарро суръат мебахшанд”.
Бег Сабур ваъда додааст, ки Хадамот алоқа ҳамчун танзимгари соҳа барои камтар намудани харҷи операторони мобилӣ дар мондернизатсияи соҳаи алоқа мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки тайи як моҳи охир ин ҳаддиақал сеюмин вохӯрии Бег Сабур бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ барои беҳтар кардани нарх ва сифати интернет дар кишвар аст. Қабалан ӯ супориш дода буд, ки минтақаҳои беинтернетро дар кишвар маълум карда, барои таъмиин он бо интернет чораҷӯӣ намоянд.
Пас аз як ҳафтаи ин мулоқот Бег Сабур аз ниҳодҳои қудратии кишвар хост, иҷрои дастурҳои президентро назорат кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи охири худ аз нарху сифати интернет дар кишвар танқид карда, аз масъулин талаб карда буд, ки онро беҳтар кунанд.
Хуснуллин в Душанбе предупредил, что нелегальной миграции в России больше не будет
Wildberries придет в Таджикистан? В Душанбе подписан меморандум о сотрудничестве
С какой целью в Душанбе сегодня прилетал вице-премьер России?
Где в Душанбе выучить таджикский язык?
BAIC BJ80: Мощь и комфорт в одном внедорожнике
В Душанбе обсудили совершенствование знаний о рисках бедствий в Таджикистане
Бортников назвал подрывы пейджеров «Хизбаллы» «прямой угрозой безопасности стран СНГ»
Афиша от «Азия-Плюс»: «Золотое сердце Востока», «Рудаки» и Startupstan Summit 2024
Разговоры о важном. Что нужно внедрять в образовательную программу школьников Таджикистана?
«У меня не было денег»: УМВД Душанбе опубликовало видео с подозреваемым в нападении на таксиста
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста