Дирӯз, 15-уми ноябр, озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” дар Душанбе ҷамъбаст гардид ва дар он донишҷӯи курси сеюми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шукрона Тоҳирӣ барандаи Шоҳҷоиза эълон шуд.

Имсол озмуни мазкур аз рӯйи 6 номинатсия - адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср баргузор гардид.

Номинатсияҳо миёни хонандагони синфҳои 1-4, синфҳои 5-11 ва синфҳои 10-11, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун тақсим шуда буд.

Дар маросими ҷамъбаст, ки дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ гузашт, намояндагони ҳукумат, вазорати маориф ва илм, доварон ва иштирокчиёни озмун ширкат варзиданд.

Шоҳҷоизаи озмуни мазкур ба донишҷӯи курси сеюми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шукрона Тоҳирӣ тақдим шуд. Ӯ аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосир ғолиби ҷои аввал ва барандаи Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” дар соли 2023 шуда, соҳиби 70 ҳазор сомонӣ гардид.


Ҳамин тавр, ғолибони дигар номинатсияҳо чунин интихоб шуданд:

Ғолибони озмун миёни хонандагони синфҳои ибтидоии мактабҳо дар номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон:

Мадина Амонзода - хонандаи синфи 1-и мактаби №1-и ноҳияи Зафаробод - ҷойи 1;

Бежан Абдуалиев - хонандаи синфи 1-и мактаби №14-и ноҳияи Данғара - ҷойи 2;

Шукрия Мусаябова - хонандаи синфи 4-и мактаби №20-и ноҳияи Шоҳмансур - ҷойи 2;

Гесу Сироҷиддинова - хонандаи синфи 4-и мактаби №10-и ноҳияи Ёвон - ҷойи 3;

Фирдавс Фирдавсов - хонандаи синфи 4-и гимназияи инноватсионии “Душанбе” дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон - ҷойи 3,

Осия Аминова - хонандаи синфи 3-и мактаби №139-и шаҳри Ваҳдат - ҷойи 3.

Номинатсияи адабиёти классикии тоҷик

Муҷтабо Толибзода  - хонандаи синфи 4-и мактаби №94-и ноҳияи Сино - ҷойи 1;

Абдураҳим Шарипов - хонандаи синфи 2-и мактаби №18-и ноҳияи Шаҳристон - ҷойи 2;

Гулчаман Ҷонова - хонандаи синфи 4-и мактаби №16-и ноҳияи Ванҷ - ҷойи 2;

Муҳаё Маҳмудзода - хонандаи синфи 4-и мактаби №2-и ноҳияи Данғара - ҷойи 2;

Аниса Мамадҷонова - хонандаи синфи 3-и мактаби №20-и шаҳри Хуҷанд - ҷойи 3;

Аҳдия Қодирова - хонандаи синфи 2-и мактаби №10-и шаҳри Бӯстон - ҷойи 3;


Номинатсияи адабиёти муосири тоҷик

Суман Саидова - хонандаи синфи 4-и мактаби №71-и шаҳри Ваҳдат - ҷойи 1;

Осия Ғафорова - хонандаи синфи 4-и гимназияи инноватсионии “Душанбе” дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон - ҷойи 2;

Сафия Маҳмудова - хонандаи синфи 1-и мактаби №10-и шаҳри Бӯстон - ҷойи 2;

Сумайя Қодирова - хонандаи синфи 4-и мактаби №10-и шаҳри Бӯстон - ҷойи 3;

Шараф Исмоилов-хонандаи синфи 4-и гимназияи №5-и шаҳри Истаравшан - ҷойи 3;

Омина Ҷураева-хонандаи синфи 4-и мактаби №48-и ноҳияи Шоҳмансур - ҷойи 3;

Номинатсияи адабиёти ҷаҳон

Нозанин Бойсаризода - хонандаи синфи 4-и мактаби №10-и шаҳри Исфара - ҷойи 1;

Шукрия Зиёева - хонандаи синфи 4-и мактаби №20-и ноҳияи Шоҳмансур - ҷойи 2;

Қурбоналӣ Сафолов - хонандаи синфи 4-и мактаби №28-и ноҳияи Фирдавсӣ - ҷойи 2;

Азамат Гадоев - хонандаи синфи 2-и гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ - ҷойи 3,

Оиша Асророва - хонандаи синфи 4-и литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе - ҷойи 3,

Карина Шоназарова - хонандаи синфи 4-и литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ - ҷойи 3.


Ғолибони озмун миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) дар номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон:

Маликабону Муҳиддинзода - хонандаи синфи 9-и гимназияи №2-и шаҳри Бӯстон - ҷойи 1;

Нурбону Расулова-хонандаи синфи 9- мактаби №17-и ноҳияи Восеъ - ҷойи 2;

Нозанини Шуҳрат-хонандаи синфи 9-и мактаби №89-и ноҳияи Сино - ҷойи 2;

Комила Мадуллоева-хонандаи синфи 5-и мактаби №2-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ - ҷойи 3;

Адиба Шукрихудоева-хонандаи синфи 6-и мактаби №30-и ноҳияи Рӯшон - ҷойи 3;

Ситора Саидзода-хонандаи синфи 5-и Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе - ҷойи 3;

Номинатсияи адабиёти классикии тоҷик

Мафрӯза Шарофова-хонандаи синфи 10-и мактаби №1-и ноҳияи Муъминобод - ҷойи 1;

Нозанин Салимзода-хонандаи синфи 10-и литсей-интернати президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе - ҷойи 2;

Малика Сайвализода-хонандаи синфи 10-и мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб - ҷойи 2;

Маҳваш Бойматова-хонандаи синфи 6-и гимназияи №1-и шаҳри Гулистон - ҷойи 3;

Омина Одинаева-хонандаи синфи 11-и мактаби №59-и ноҳияи Восеъ - ҷойи 3;

Меҳровар Муллоҷонов-хонандаи синфи 9-и мактаби №25-и шаҳри Панҷакент - ҷойи 3;


Номинатсияи адабиёти муосири тоҷик

Абдуҷалил Сайдалиев-хонандаи синфи 10-и мактаби №10-и ноҳияи Б.Ғафуров - ҷойи 1;

Мунира Неъматова-хонандаи синфи 10-и мактаби №49-и шаҳри Ваҳдат - ҷойи 2;

Раҳмон Маъмурзода-хонандаи синфи 10-и литсейи “Ориёно”-и шаҳри Бохтар - ҷойи 2;

Лоиқ Боқиев-хонандаи синфи 8-и гимназияи ба номи А. Ғуломови ноҳияи И.Сомонӣ - ҷойи 3;

Мафтуна Ҷафарова-хонандаи синфи 10-и литсейи №5-и шаҳри Исфара - ҷойи 3;

Умар Орзуев-хонандаи синфи 10-и мактаби №19-и ноҳияи Ванҷ - ҷойи 3;

Номинатсияи адабиёти ҷаҳон

Зулайхо Юсупова-хонандаи синфи 9-и литсейи №3-и ноҳияи И.Сомонӣ - ҷойи 1;

Асмоа Қурбонова-хонандаи синфи 11-и гимназияи №1-и ноҳияи Б.Ғафуров - ҷойи 2;

Сумая Асророва-хонандаи синфи 8-и литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе - ҷойи 2;

Саидикром Самадов-хонандаи синфи 10-и литсейи “Ориёно”-и шаҳри Бохтар - ҷойи 3;

Манижа Нарзиқулова-хонандаи синфи 10-и мактаби №9-и шаҳри Панҷакент соҳиби ҷойи 3;

Акбар Айдимамадов-хонандаи синфи 11-и мактаби №2-и шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи 3;


Номинатсияи эҷоди назм

Шукрона Сайдализода-хонандаи синфи 10-и мактаби №8-и ноҳияи И.Сомонӣ - ҷойи 1;

Паншери Давлаталӣ-хонандаи синфи 9-и мактаби №22-и ноҳияи Ш.Шоҳин - ҷойи 2;

Санавбар Ибодова-хонандаи синфи 11-и мактаби №33-и ноҳияи Сино - ҷойи 2;

Улвияи Раҳмонхуҷа-хонандаи синфи 10-и мактаби №21-и ноҳияи Дарвоз соҳиби ҷойи 3;

Фазлидин Носирзода-хонандаи синфи 11-и мактаби №94-и шаҳри Ваҳдат - ҷойи 3;

Нӯшофарин Ҳусейнова-хонандаи синфи 11-и мактаби №112-и шаҳри Ваҳдат - ҷойи 3;

Номинатсияи эҷоди наср

Мақсуда Ҳакимзода-хонандаи синфи 10-и мактаби №75-и шаҳри Ҳисор - ҷойи 1;

Субҳия Умархонзода-хонандаи синфи 11 (курси 1)-и Коллеҷи омӯзгории ба номи Х.Махсумова - ҷойи 2;

Робия Ҳакимова-хонандаи синфи 9-и мактаби №66-и ноҳияи Сино - ҷойи 2;

Ҳизбулло Орипов-хонандаи синфи 9-и мактаби №65-и шаҳри Исфара - ҷойи 3;

Меҳрубон Мақсудова-хонандаи синфи 9-и мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Вахш - ҷойи 3;

Исломиддин Асоев-хонандаи синфи 10-и мактаби №94-и ноҳияи Сино - ҷойи 3.


Ғолибони озмун миёни донишҷӯён, магистрҳо, аспирантҳо ва докторантҳо дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик

Манижаи Баҳодур-донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - ҷойи 1;

Лола Абдуллоева-донишҷӯи курси 1-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - ҷойи 2;

Назокат Орифова-донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд - ҷойи 2;

Маъво Хошокова-донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Бохтар - ҷойи 3;

Ҳадиса Расулова-донишҷӯи курси 1-и Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат - ҷойи 3;

Бибимарям Исломова-донишҷӯи курси 1-и Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат - ҷойи 3;

Номинатсияи адабиёти муосири тоҷик

Шаҳноза Додхоева-донишҷӯи курси 3-и Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент - ҷойи 1;

Гулрахшон Ҷумъаева- донишҷӯи курси 1-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - ҷойи 2;

Адиба Бегова-донишҷӯи курси 3-и Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ - ҷойи 2;

Раҳимҷони Ватанқул-донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи давлатии Бохтар - ҷойи 3;

Шабнам Фатҳуллозода-донишҷӯи курси 2-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҷойи 3;

Муродбек Боқиев-донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - ҷойи 3;


Номинатсияи адабиёти ҷаҳон

Саёҳат Назарова-донишҷӯи курси 1-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - ҷойи 1;

Саидмухтор Муҳаммадҷонзода-донишҷӯи курси 4-и Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат - ҷойи 2;

Биомина Нарзиқулова-донишҷӯи курси 1-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - ҷойи 2;

Марворид Асомиддинова-донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон - ҷойи 3;

Фарзона Раҳимова-донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд - ҷойи 3;

Шукрона Файзуллозода-донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи давлатии Бохтар - ҷойи 3;

Номинатсияи эҷоди наср

Амакова Малоҳат-магистранти курси 1-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд - ҷойи 1;

Дороҷон Маҳкамов-докторанти Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон - ҷойи 2;

Ҳалима Сафарова-донишҷӯи курси 1-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - ҷойи 2;

Сафия Маҳмадуллозода-донишҷӯи курси 1-и Академия идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон - ҷойи 3;

Фаррух Ҳотамов-магистри курси 1-и Донишгоҳи давлатии Бохтар - ҷойи 3;

Ҷамила Акрамова-донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат - ҷойи 3;


Номинатсияи эҷод назм

Баҳманёр Худойбердиев-донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд -ҷойи 1;

Мавҷуда Шарипова-донишҷӯи курси 4-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон - ҷойи 2;

Қаюмӣ Парвиз-донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - ҷойи 2;

Шукрона Самадзода-донишҷӯи курси 1-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон - ҷойи 3;

Дилноза Холматова-донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд - ҷойи 3;

Шодигули Манучеҳрдухт-донишҷӯи курси 1-и Донишгоҳи давлатии Данғара - ҷойи 3.

Ғолибони озмун миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик:

Парвинаи Шариф-омӯзгори мактаби №13-и ноҳияи Ховалинг - ҷойи 1;

Рухшона Одинаева-хонашин аз ноҳияи Мастчоҳ - ҷойи 2;

Фарзона Саидова-омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - ҷойи 2;

Шодрӯзи Комил-корманди ТВ “Сафина” - ҷойи 3;

Ҷалолиддин Амиров-сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон - ҷойи 3;

Саъбагул Одинаева-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳри Бохтар - ҷойи 3;


Номинатсияи адабиёти муосири тоҷик:

Ҷамила Шукурова-омӯзгори мактаби №13-и ноҳияи Хуросон - ҷойи 1;

Ҳаитбой Шарипов-омӯзгори гимназияи №5-и шаҳри Истаравшан - ҷойи 2;

Нигора Ҷумаева-сокини ноҳияи Сино - ҷойи 2;

Ҷамшед Давлатов-корманди Кумитаи телевизион ва радио - ҷойи 3;

Довудхӯҷа Маҳмадуллозода-корманди раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон - ҷойи 3;

Гулрухсор Назарова-омӯзгори литсей барои хонандагони болаёқати ноҳияи Шаҳринав соҳиби ҷойи 3;

Номинатсияи адабиёти ҷаҳон

Мастура Гулямова-докторанти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ - ҷойи 1;

Матлуба Муминова-омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - ҷойи 2;

Назира Ғаниева-омӯзгори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон - ҷойи 2;

Гулноза Қурбонназарова-омӯзгори мактаби №56-и ноҳияи Вахш - ҷойи 3;

Гавҳар Сайфиддинова-омӯзгори мактаби №25-и шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷойи 3;

Мусо Алиев-сармутахассиси Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи 3;


Номинатсияи эҷоди назм

Бахтиёр Раҳмонов-омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - ҷойи 1;

Одинамаҳмад Суфиев-омӯзгори мактаби №35-и ноҳияи Мастчоҳ - ҷойи 2;

Фарида Давлатова-омӯзгори Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон - ҷойи 2;

Суман Қосимзода-омӯзгори мактаби №12-и ноҳияи А.Ҷомӣ - ҷойи 3;

Умеда Алимова-омӯзгори гимназия-парваришгоҳи ба номи Б. Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ - ҷойи 3;

Муродгул Саъдуллоева-омӯзгори Донишгоҳи давлатии Данғара - ҷойи 3;

Номинатсияи эҷоди наср

Диловар Саъдуллоев-омӯзгори Донишгоҳи давлатии Данғара - ҷойи 1;

Фирӯза Муъминова-корманди ҳукумати шаҳри Турсунзода - ҷойи 2;

Эҳсон Хуршед-корманди Маркази миллии тестӣ - ҷойи 2;

Миҷгона Халилова-корманди нашрияи “Адабиёт ва санъат” - ҷойи 3,

Нозимҷон Соҳибов-омӯзгори мактаби №35, ноҳияи Деваштич - ҷойи 3;

Камолиддин Каримов-омӯзгори мактаби №10-и ноҳияи И.Сомонӣ - ҷойи 3.


Ғолибон чӣ мукофот гирифтанд?

Ба ғолибони ҷойи аввал – 35 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм – 25 ҳазор ва ҷойи сеюм 20 ҳазор сомонӣ, диплом ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Ҳамзамон, ба 60 омӯзгори мактаб, ки шогирдонашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, 10 ҳазор сомонӣ супорида шуд.

Дар баробари ин, ҳамаи иштирокдорони озмун аз ҷониби Вазорати маориф ва илм бо Сертификат ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Натиҷаи ҷамъбасти ниҳоӣ нишон дод, ки иштирокчиёни озмун аз шаҳри Душанбе соҳиби 49 ҷой, вилояти Суғд 27 ҷой, вилояти Хатлон 24 ҷой, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 15 ҷой ва ВМКБ соҳиби 6 ҷой гардиданд.

Илова бар ин, рӯзи 13-уми ноябр ба падару модарони ғозибони озмун нишони “Маърифатпарвар” ва ба омӯзгорони ғолибони озмун нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”, мукофотҳои пулӣ, ифтихорномаю сипосномаҳои Вазорати маориф ва илм, Китобхонаи миллӣ, мукофотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон супорида шудааст.

Ҳамзамон, бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор иштирокчиёни фаъоли озмун, хусусан ба 26 пиронсолу ятим ва дигар шахсони имконияташон маҳдуд, нафароне, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор шудаанд, “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм ва тӯҳфаҳои пулӣ тақдим гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.