Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ба низоми иҷозати кор (EPS)-и Корея ворид шавад. Дар сурати ворид шудан ба ин низом шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Корея раванд.
Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, барои баррасии ин мавзӯъ намояндагони Корея ба Душанбе омадаанд.
“Ҳоло ҷиҳати ворид шудани Тоҷикистон ба низоми иҷозати кор дар Корея корбарӣ идома дорад”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ӯ афзуд, пас аз ворид шудан ба ин низом шаҳрвандони Тоҷикистон дар асоси шартнома дар Корея бо кори мавсимӣ таъмин мешаванд.
Манбаъ таъкид кард, ки ҳоло дар назди Хадамоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аслии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар дарси забони кареяӣ меомӯзонанд.
Ҳоло бо ин мақсад намояндагони вазоратҳои шуғл ва меҳнат, адлия, корҳои хориҷӣ, хадамоти рушди захираҳои инсонӣ ва хадамоти иттилоотии шуғли Корея вориди Душанбе шудаанд.
Додори ҳайати Корея бо ҳамтоёнашон дар Тоҷикистон то 8-уми декабр идома меёбад.
Ёдовар мешавем, ки бори аввал соли 2022 дар асоси шартномаи ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва минтақаи Хампиёнги музофоти Ҷола-Намдои Корея 58 шаҳрванди ҷумҳурӣ дар гармхонаҳои Корея ба корҳои мавсимӣ сафарбар карда шуда буданд.
Афиша от «Азия-Плюс»: Выставка Фарруха Негматзаде, «Комде и Мадан», Сада и Вечер музыки
Таджикистан строил, а он сохранял историю: Республика 20 века в фотографиях Николая Софьина
Туристические маршруты Таджикистана появились на международных платформах
Душанбинских энергопотребителей в ближайшие полгода полностью обеспечат «умными» счетчиками
В Таджикистане начали использовать дроны в борьбе с саранчой
Экспорт сельхозпродукции из Таджикистана превысил 226 миллионов долларов
В Швеции застрелили иракца, который проводил акции сожжения Корана
Куда и сколько электроэнергии Таджикистан экспортировал в 2024 году
«Сомон Эйр» заключила соглашение с DAE Capital на поставку двух самолетов Boeing 737 MAX
Пакеты в Таджикистане обещали запретить с 2025 года. Работает ли запрет?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста