Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба сохтмони давлатӣ ва қонунгузорӣ тағйиротеро, ки дар он ивази хориҷ кардан ба ҷарима иваз карда мешавад, маъқул донист. Дар ин бора хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад.
Дар сурати муносибати дурусту софдилона нисбат ба пардохти андозҳо, риояи қонунгузорӣ ва доштани манзил, инчунин боз як қатор ҳолатҳо додрас метавонад қарори ихроҷро ба таъйини ҷарима иваз намояд.
Агар қарор дар бораи ихроҷ ба назари дорас ҷазои хеле сахт ва ба ҳадафҳои ҷазои маъмурӣ номутаносиб ба назар расад, «инчунин дар сурати мавҷуд набудани давлат барои қабули шахси бешаҳрванд дар қаламрави он», ӯ метавонад ба сифати ҷарима то 50 ҳазор рубл ё худ корҳои ҳатмӣ (маҷбурӣ) ба муҳлати аз 150 то 200 соат ҷазо таъин кунад.
Истисно дар ҳолатҳои таъини ҷазо тибқи якчанд моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ хоҳад буд, ки аз ҷумла ба тарғиби муносибатҳои ғайрианъанавӣ ва дигар кардани ҷинс ё саркашии шаҳрванди хориҷӣ аз ихроҷ марбут бошанд.
Тавре ки Интерфакс шарҳ медиҳад, ин тағйирот дар доираи қироати дуюми лоиҳаи қонун, ки ҳанӯз соли 2017 пешниҳод шуда буд, тасдиқ карда шудааст.
Соли 2023 мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербург беш аз 7,6 ҳазор нафарро аз Русия ихроҷ кард. Теъдоди хориҷиёни ихроҷшуда на ба далели қонуншиканӣ, балки ба далели надоштани заминаи қонунии будубош дар кишвар 200 нафарро ташкил додааст.
Соли 2023 дар Қазон 1,6 ҳазор қарор дар бораи ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз Русия ва 912 пешниҳод дар бораи радди иҷозати вуруд қабул шудааст.