Тоҷикистон барои шомил кардани ҷашни бостонии Меҳргон ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО дархост пешниҳод кардааст, хабар медиҳад “Мир24”.
Манбаъ, аз қавли Зулфия Бурҳон, котиби масъули Комиссияи миллии ЮНЕСКО навиштааст, ки бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон барои баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва пайвастани насли муосир бо мероси ниёгон ҷашнҳои бостонии “Сада”-ву “Меҳргон” дубора эҳё карда шуданд.
"Аз ин рӯ, пешниҳоди ҷашни Меҳргон дар соли 2024 низ барои шомил шудан ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО барои баррасӣ пешниҳод шудааст",-гуфтааст ӯ.
Ҷашни Меҳргон аз соли 2009 дар Тоҷикистон таҷлил мешавад. Он низ мисли Наврӯз ҷашни қадимист. Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2009 барои эҳёи ҷашни Меҳргон, ки ба анҷоми ҳосили тааллуқ дорад, қарор қабул кард. Аз он вақт инҷониб Меҳргон дар сатҳи қонунгузорӣ ба феҳристи идҳои расмӣ шомил шудааст.
Меҳргон ҷашни тирамоҳ маҳсуб мешавад ва ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва меҳнати деҳқонон, ҳамчун арҷгузорӣ ба ваҳдати инсону табиат таҷлил мегардад.
Қобили зикр аст, ки ҳар сол ин ҷашн бештар ва бошукӯҳ таҷлил мегардад. Дар чаҳорчӯби ҷашн фестивалҳо ва намоишгоҳҳо ва фурӯши асал, маҳсулоти кишоварзӣ, техникаи кишоварзӣ ва биринҷ баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматии Созмони мероси ғайримоддӣ, ки аз 4 то 9 декабр дар шаҳри Касане (Ботсвана) баргузор шуд, ба феҳристи ЮНЕСКО беш аз 40 унсури нав ворид карда шуданд.
Дар иҷлосияи тасмим гирифта шуд, ки се номзад аз Тоҷикистон ба рӯйхат шомил шавад. Ҳунари бофандагони тоҷик дар сохтани атласу адрас, ороиши бадеии матни тоҷиб (номзадии муштарак бо Эрон, Озарбойҷон, Ӯзбакистон ва Туркия), инчунин ҷашнвораи бостонии Сада (номзади муштарак бо Эрон) ҳамчун ҳунари фарҳангӣ ва мероси башарият эътироф гардиданд.
Мақсади асосии ворид намудан, ҳифзи расму оини суннатӣ, дониш, малака ва интиқоли онҳо ба наслҳои оянда мебошад. Ҳоло дар ин рӯйхат зиёда аз 600 номгуй зикр шудааст.
«Дракон» родился в Душанбе
Авиабилеты теперь в Alif Mobi: доступные цены и удобная рассрочка
В Узбекистане хотят производить питьевую воду из… воздуха
«Важные истории»: Суды в России за 6 месяцев постановили выдворить столько же иностранцев, сколько за весь 2022 год
White Hill Capital запускает венчурный фонд на $5 миллионов для поддержки IT-стартапов в Таджикистане
Как работает представительство «Паспортно-визового сервиса» МВД России в Душанбе?
В Узбекистане солнечные и ветровые станции выработали 4 млрд киловатт-часов электроэнергии
Юлия Навальная объявила, что готова баллотироваться в президенты, если вернется в Россию
В Таджикистане впервые проводится учет дорожных активов
Праздник у яблок и винограда: Как в Душанбе отмечали древний Мехргон
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста