Муҳоҷирони тоҷик бо ҷамъоварии 35 млн сомонӣ давоми се моҳи охир беш аз 15 км роҳи шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон (пештара Қайроққум)-ро мумфарш кардаанд.
Парвиз Қосимов, ташаббускори ин иқдом дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, роҳи мазкур 60 сол боз таъмирталаб буд ва то ин замон сокинон дар ин хусус борҳо ба ҳукумати шаҳри Гулистон ва дигар сохторҳои дахлдор муроҷиат кардаанд, вале бенатиҷа анҷом ёфтааст.
“Билохира, муҳоҷирони меҳнатӣ ва сокинони шаҳрак тасмим гирифтанд, ки пул ҷамъ карда, ин роҳро таъмир кунанд. Беш аз 2 ҳазор нафар ба ин кори хайр ҳамроҳ шуданду саҳм гузоштанд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Парвиз Қосимов зикр кард, ки ба ин иқдом на танҳо сокинони шаҳраки Адрасмон, балки сокинони деҳаҳои Долона, Қарамазор ва Тарекон ҳам саҳми худро гузоштанд.

Инчунин, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода 10 дона лӯла, ки дарозии умумиаш 100 метрро ташкил медиҳад ва як гӯсфанд барои бунёдкорони роҳ додааст.
Ӯ афзуд, ки мумфаршкунии 15 км роҳи шаҳраки Адрасмон се моҳ тӯл кашид ва нимаи моҳи декабр ба анҷом расид.
Гуфтан ба маврид аст, ки ин иқдомро муҳоҷирону сокинони шаҳраки мазкур се сол инҷониб идома медиҳанд.
“Ҷараёни маблағҷамъкунӣ тавассути гурӯҳи махсуси дар “WhatsApp” таъсисёфта, сурат мегирад. Дар он ҷо мо - ташкилкунандагон ҳамарӯза чӣ миқдор маблағ ҷамъ кардем ва чӣ қадар хароҷот кардем, пурра ҳисобот медиҳем. Аз ин сабаб, сокинон ва ҳам муҳоҷирон ба мо бовар мекунанду маблағ мефиристанд”, - гуфт Қосимов.
Дар умум, давоми 3 соли охир 62 км роҳ пурра мумфарш гардида, дар соли равон 15 км роҳи даруни шаҳрак ва деҳаҳо низ мумфарш шудааст.
Парвиз Қосимов ва дигар ташаббускорон тасмим доранд, ки ин иқдоми хайрхоҳонаро идома диҳанд.
Бояд зикр кард, ки Адрасмон шаҳракест дар шимоли Тоҷикистон. Он дар шаҳри Гулистон воқеъ буда, масофа миёни ин шаҳрак ва маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд тақрибан 70 километр аст.
Как построить ИИ-приложение за 0 сомони?
Афиша от «Азия-Плюс»: Дни японского кино, концерт Чоршанбе Аловатова и ярмарка «МартАртМаркет»
В Вахдате открыли первый ресторан KFC
Почему указ о весеннем призыве в Таджикистане в этом году издан в феврале?
Все осужденные по делу о «госперевороте» обжаловали приговор Верховного суда Таджикистана
Убитые оперативниками ФСБ в Пскове «члены МТО» оказались таджикистанцами
В школах должны быть рады всем. Что такое инклюзия и зачем она нужна в образовании в Таджикистане?
Французы проявили интерес к строительству ГЭС на реке Зарафшон
В Кыргызстане введены новые правила захоронений: каждому жителю бесплатное место и недорогой памятник
Кулябский «Равшан» принял вызов российской команды на 1 миллион рублей
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста