Зимни нишасти матбуотии имрӯза роҳбари Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Дилшод Сафарзода изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон парвозҳо бо хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе иҷро намешаванд, дар навбати аввал бо сабаби мавҷуд набудани ҳавопаймои муносиб.
Ӯ зикр кард, ки айни замон барои харидории ҳавопаймои муносиб гуфтушунидҳо ҷараён дошта, дар ҳамин ҳол, ба масъалаи молиявӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
Ба гуфтаи вай, омили муҳим мавҷуд будани муҳаррики сарфакор аст, ки ба таъмини пурсамари истифодаи сӯзишворӣ дар ин хатсайр қодир бошад.
“Хоруғ қитъаи калон нест ва ин ҷо хароҷоти асосӣ ба сӯзишворӣ, инчунин маош вобаста аст. Хароҷот ба аэронавигатсия ва хидматрасониҳои фурудгоҳ чандон зиёд нестанд”, - иброз дошт роҳбари Агентӣ.
Ба гуфтаи Дилшод Сафарзода, ҳудуди 50-60% аз маблағи умумии хароҷот барои сӯзишворӣ сарф мешавад.
Ӯ хотиррасон намуд, ки дар давраи парвози санҷишӣ билет ба ин хатсайр 100 доллар нарх дошт.
Дар ҳамин ҳол, шарҳ дод, ки истифодаи ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” дар ин хатсайр самаранок нест, зеро он метавонад нархи билетро то 200 доллар расонад. Ҳавопаймо ба қавли ӯ, фарсуда шуда, барои омода кардани он ба хидматрасонӣ хароҷоти иловагӣ талаб мешавад.
Сафарзода итминон дод, ки бо дастрас шудани ҳавопаймои нав хатсайрҳои ҳавоии дохилӣ ба ин самт барқарор карда мешаванд.
Кай он барқарор мешавад - маълум нест.
Ёдрас мекунем, ки қаблан бо ҳавопаймои Ан-28 -и ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба Хоруғ парвозҳо анҷом дода мешуданд. Аммо аз моҳи октябри соли 2017 пас аз қатъи парвозҳо ба Хоруғ аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии миллӣ, ба ин минтақа танҳо бо роҳи мошингард сафар кардан мумкин аст. Дар роҳ 14-16 соат вақт сарф мешавад.
Сжигающий Рамазан: Интересные факты о священном для мусульман месяце
Таджикский первопроходец в английской премьер-лиге
Влиятельные женщины в таджикской политике
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Чайхона раздора, энергетический вопрос в Рамазан и мольбы матерей
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 9 марта 2025 года
Медиа-группа «Азия-Плюс» поздравляет всех женщин с Днем матери и Международным женским днем!
Цветы, улыбки и подарки: как прошла ежегодная акция «Азия-Плюс» - «Модарони мо»
Официально: Первый пункт выдачи заказов Wildberries в Душанбе откроется в апреле
Politico: Трамп ограничил полномочия Маска и его DOGE в вопросах увольнения госслужащих
ICB поддерживает развитие национального футбола
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста