Маҳдудиятҳо аллакай дар вилоятҳои Новосибирск, Самара, Тула, Магадан, Челябинск, Калуга, Тюмен, Амур, инчунин Қрим, Приамуре ва дигар минтақаҳои Русия амал мекунанд.
Шадидтар шудани реҷаи кор ва будубоши муҳоҷирон дар қаламрави Русия пас аз амали террористии рӯзи 22 март дар “Крокус Сити Холл” ба мушоҳида мерасад. Аксари кулли гумонбарони даст доштан дар ин ҳамлаи террористӣ шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Рӯзи 15 апрел дар вилояти Новосибирск кор дар 35 соҳаи фаъолияти иқтисодиро манъ карданд. Ҳамон рӯз дар Қрим ба хориҷиён бар асоси патент кор кардан ҳамчунин дар 35 навъи фаъолият ба муҳлати ним сол манъ шуд.
Масалан, муҳоҷирон наметавонанд ба фаъолияти таълимӣ, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, моҳидорӣ ва савдои яклухт машғул шаванд.
Моҳи март дар қаламрави вилояти Воронеж манъи кор ба муҳоҷирон дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва таксӣ ҷорӣ шуд.
Аз имсол дар вилояти Тула кори муҳоҷирон дар таксӣ ва нуқтаҳои хӯроки умумӣ манъ шуд.
Ҳамчунин дар вилояти Амур манъи кор ба муҳоҷирон дар 27 соҳаи тиҷорат ҷорӣ шуд: савдо (яклухт ва чакана); ҳамлу нақли мусофирон дар таксӣ ва автобусҳо; истеҳсоли нӯшокиҳо, хӯрок барои кӯдакон ва тамоку; истихроҷи маъданҳо ва хокаи металлҳои қиматбаҳо; растанипарварӣ ва чорводорӣ.
Корфармоёни минтақаҳо уҳдадор шуданд, ки дар муҳлати се моҳ басти воҳидҳои корӣ (штат)-ро мувофиқи меъёрҳои нав мутобиқ кунанд.
Дар сурати иҷро накардани уҳдадорӣ, онҳо мутобиқи моддаи 18.17, б. 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (риоя накардани маҳдудиятҳои ҷоришуда нисбати шаҳрвандони хориҷӣ) метавонанд ба ҷавобгарӣ ҷалб шаванд.
Боз дар куҷо кадом корҳо ба муҳоҷирон манъ шудааст?
Манъи кори муҳоҷирон дар соҳаҳои гуногун ҳанӯз соли 2022 дар минтақаҳои Калуга, Ханти-Мансийск, Тюмен, вилояти Калининград (аз моҳи октябри соли 2021) ҷорӣ шуда буданд.
Дар ин минтақаҳо ба муҳоҷирон рондани таксӣ ва дигар нақлиёти ҷамъиятӣ, истеҳсоли хӯрок барои кӯдакон, кор дар соҳаи маориф, фурӯши машруботу тамоку ва маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин расонидани бор ва кор дар бахши тандурустӣ манъ аст.
Дар баъзе минтақаҳои дигар муҳоҷирон ба сифати тарҷумон, котиб, муҳаррир, масъули шуъбаи кадр, корманди соҳаи молия, муҳосиб, инчунин кори марбут ба истихроҷи канданиҳои фоиданок, савдо, коргари хоҷагии ҷангал, моҳидорӣ, шикор ва парвариши ҳайвоноти ваҳшӣ кор карда наметавонанд.
Ба шаҳрвандони хориҷӣ инчунин кор дар дӯконҳо (киоскҳо)-и бозор ва хаймаҳои савдои тайр кардани хӯрок ва ҳамчунин пухтану фурӯши он дар дӯконҳои сайёр манъ карда шудааст.
Дар чанде аз минтақаҳои Русия барои ҷалби муҳоҷирон ба кору ихтисосҳои манъшуда ҷаримаҳои зиёд муқаррар шудааст.
Шахсони ҳуқуқӣ то 1 млн рубл, шахсони мансабдор - то 50 ҳазор рубл ва шахсони воқеии муҳоҷирро кирокарда - аз 2 то 4 ҳазор рубл ҷарима шуда метавонанд.