Умриузоқ Абдураҳмонов, ятими кулл ва маъюби модарзод, ки барои табобаташ маблағ ҷамъ овард, пас аз ҷорӣ шудани низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Туркия барои табобат ба ин кишвар сафар карда наметавонад ва кунун ба мушкили гирифтани раводид банд мондааст.
16 сол пеш дар ИМА табобат гирифта буд
Умриузоқ Абдураҳмонов ҷавони 26-сола аст ва аз 6-солагӣ дар хонаи пиронсолон ба воя расидааст. Ин ҷавон ятими кул буда, модарзодӣ пешобдон надорад.
Ӯ соли 2008, замони дар хонаи пиронсолони Деҳмой буданаш, бо кумаки намояндагони ташкилоти “Рангинкамон” дар Олмон марҳилаи якуми ҷарроҳияшро бо маблағи гарон гузаронидааст.
Аммо барои шифоёбияш (халтачаи тиббӣ барои пешоб дар беруни баданаш аст) бояд марҳилаи дуюми табобатро гирад. Барои табобати ӯ маблағи хайриявӣ ҷамъоварӣ шуд.
Перомуни бемории ӯ “Азия-Плюс” хабар дода буд ва то имрӯз ба Умриузоқ мардуми хайрхоҳ 90 ҳазор сомонӣ кӯмак кардаанд. Арзиши марҳилаи дуюми табобаташ 150 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Абдураҳмонов гуфт, 2 саховатпеша ваъда додаанд, ки боқимонда маблағро пардохт мекунанд.
Вақт ва маблағи зиёд лозим шудааст
Абдураҳмонов акнун мехост, барои табобат ба Туркия равад, аммо аз 20-уми апрели соли 2024 барои ба ин кишвар рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ шуд ва ин садди роҳи табобати ӯ гардидааст.
“Дар Туркия бояд марҳилаи дуюми ҷарроҳии ман гузарад. Агар аз як тараф камбуди маблағ мушкил бошад, ҷорӣ шудани “виза” барои сафар ба Туркия “болои сӯхта намакоб аст”. Акнун боз маблағи бештар ва вақти зиёдтар лозим меояд, ки барои ман тоқатфарсо аст”, - афзуд Умриузоқ.
Ҳоло хонаи пиронсолони шаҳри Хуҷанд барои дарёфт кардани раводид ба Туркия ҳуҷҷат омода кардааст ва ин раванд муддате тӯл мекашад. Ва маълум нест, ки ба Умриузоқ кай раводид медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки Умриузоқ Абдураҳмонов зодаи ноҳияи Зафаробод буда, падараш бо иллати маъюб буданаш аз ӯ даст кашидааст. Модар ҳам баъди сесолагияш дубора шавҳар кардааст. Аз рӯйи нақли Умриузоқ, дар сесолагӣ модараш ӯро ба дасти бибии падарӣ месупорад. Бибияш бошад, то 6-солагӣ нигоҳубин карда, билохир ба хонаи пиронсолони ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов супоридааст. Инак 20 сол боз Умриузоқ Абдураҳмонов бо кӯҳансолон дар як макон зиндагӣ карда, ба қавле “дар кӯдакӣ пир шудааст”. Саргузашти ӯро дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.
Около 3000 таджикистанцев выиграли Green Card в 2025 году
Энергетика Центральной Азии: пока преимущественно «красная»
Президент Таджикистана назначил новых послов в Нидерландах, Вьетнаме и Непале
В Душанбе при установке окон с высоты упали четверо мужчин, двое погибли
Приток денежных переводов в Таджикистан в 2024 году вырос более чем на четверть
Экспорт сухофруктов из Таджикистана растет
ICAO признала Россию ответственной за катастрофу рейса MH17 над Донбассом в 2014 году
В Госдуме предложили платить россиянам за информацию о нелегальных мигрантах
Таджикистан накроет 40-градусная жара
Саудовская Аравия объяснила исключение Таджикистана из списка стран для оформления eVisa
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста