Раис (губернатор)-и вилояти Курск Роман Старовойт изҳор доштааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ наметавонанд ба сифати ронандаи таксӣ кор кунанд. Дар ин бора “Интерфакс” хабар медиҳад.
“Дар бораи манъи кори муҳоҷирон дар таксӣ дар вилояти Курск қарор имзо кардам. Хотиррасон мекунам, ки пеш аз ин ман миёни сокинони минтақа назарсанҷӣ гузаронидам. Беш аз 42 ҳазор нафар овоз дода, манъро 82% ҷонибдорӣ карданд. Дар соҳаҳои дигар вазъиятро таҳлил мекунем, лекин муҳоҷирон дар вилояти Кусрк чандон зиёд нестанд”, - гуфтааст ӯ дар телеграм-канали худ рӯзи панҷшанбе.
Дар ҳамин ҳол, Старовойт зикр кардааст, ки “ҳар кас имкон дорад, ки бо тартиби дар қонун муқарраршуда шаҳрвандии Русияро гирад ва ба кор дар ҳама гуна соҳаи фаъолият идома диҳад”.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 25 апрел раиси вилоят дар Telegram-канали худ доир ба маҳдуд намудани кори муҳоҷирон дар таксиҳо назарсанҷӣ гузаронид: 82% онро ҷонибдорӣ намуда, 18% - мухолиф овоз доданд.
Пас аз амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” дар вилояти Маскав, ки тибқи фарзияи расмӣ дар он шаҳрвандони Тоҷикистон даст доштанд, рӯҳияи бегонаситезӣ нисбат ба муҳоҷирон дар Русия шадидтар шуд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаҳои гуногун макони зист ва кори шаҳрвандони хориҷиро мавриди санҷиш қарор дода, дар сарҳадҳо санҷиши мӯшикофона ва ба таври интихобӣ иҷоза додани вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русия оғоз шуд.
Дар зиёда аз 10 минтақаи Русия барои кори муҳоҷирон маҳдудиятҳо ҷорӣ шуд: ба онҳо кор дар 35 соҳаи фаъолияти иқтисодӣ манъ шуд. Маълумоти муфассал дар ин бора дар маводи зерини мо қобили дарёфт аст.