Бо ташаббуси шаҳрдории Душанбе дар пойтахт 4 хатсайри нави сайёҳии дохилишаҳрӣ боз мегардад, ки тавассути автобусҳои дуқабата равуо мекунанд.
Ба иттилои шаҳрдории пойтахт, хатсайрҳои нав бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконияту зарфияти сайёҳии пойтахт, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами барномаҳои сайёҳӣ барои пешкаш намудани маҷмуи хизматрасониҳои сайёҳӣ ба меҳмонону ифтитоҳ карда мешаванд.
Маросими расмии ифтитоҳи 4 хатсайри нави сайёҳии дохилишаҳрӣ рӯзи 24 май дар “Кохи Наврӯз” баргузор мешавад.
Ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар доираи хатсайрҳои нав сайри шомгоҳии Душанбе ташкил карда шуда, сокинону меҳмонон бо мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии пойтахт шинос мешаванд.
Зимни саёҳат роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар бораи таъриху фарҳанг ва гузаштаи пурғановати халқи тоҷик, инчунин имконияти сайёҳии пойтахт маълумоти муфассал пешниҳод менамоянд.
Гуфта мешавад, фаъолияти мунтазамии хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Сайри Душанбе» тавассути автобусҳои дуқабата аз 25 май оғоз гардида, то моҳи октябри соли 2024 идома меёбад.
Сайри пойтахт дар қадами аввал рӯзҳои истироҳатӣ ва минбаъд дар доираи талаботи меҳмонону сайёҳон ҳамарӯза тариқи хариди чиптаи электронӣ бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ ташкил карда мешавад. Дар Бораи нархи билет маълумот дода нашудааст.
Дар доираи ин иқдом хатсайри Душанбе — Ҳисор низ фаъол гардида, ҳар ҳафта рӯзҳои якшанбе сурат мегирад.