Ба гуфтаи фурӯшандагони бозори “Корвон” ва маркази савдои “Садбарг”, дар пайи санҷишҳое, ки аз тарафи масъулин гузаронида шудааст, фурӯши сатру ҳиҷоб, либосҳои ранги сиёҳу сафеддошта, либосҳои арабӣ ва либосҳои нимбараҳна манъ шудааст. Фурӯшандагоне, ки солҳо ба фурӯши сатру ҳиҷоб ва либосҳои арабӣ машғуланд, гуфтанд, ки ҳоло аз фурӯши ин гуна либосҳо худдорӣ мекунанд.

Мувоффиқи моддаи 18‑и тарҳи нави Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим”, “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона ва пӯшидани чунин либосҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ” манъ карда шуд. Барои риоя накардани он ҷарима таъин шудааст, вале ҳоло миқдори он муайян нест.

Ҳамзамон, то ҳол аниқ гуфта нашудааст, ки кадом намуди либосҳо “ба фарҳанги миллӣ бегона”-анд ва фурӯшу пӯшидани он мумкин нест.

Кӯшишҳои “Asia-Plus” барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала аз ҷониби мақомоти давлатӣ бесамар буд. Дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, ки лоиҳаи қонунро ба парлумон пешниҳод кардааст, зикр карданд, ки то қабули қонун ва мавриди амал қарор гирифтан аз шарҳи он худдорӣ мекунанд.

Зоҳиран, ҷомеа низ ба саволҳои зиёде посух меҷӯяд, аммо касе аз масъулин ҳозир намешаванд, ки дар робита ба тарҳи ин қонун сӯҳбат кунад. Аммо тарҳи қонуни нав ба бозорҳои кишвар аллакай таъсири худро расонидааст.

Asia-Plus

 

“Фурӯши сатру ҳиҷоб ва либосҳои рангаш сиёҳ манъ шуд”

Аз рӯйи гуфтаи баъзе аз савдогарони маркази савдои “Садбарг” давоми як ҳафта дар байни фурӯшандагон “корҳои фаҳмондадиҳӣ” ҷараён дорад, ки дар рафти он фурӯши сатру ҳиҷоб, либосҳои рангаш сиёҳ, либосҳои нимбараҳна ва либосҳои арабиро манъ кардаанд ва тавсия шудааст, ки аз фурӯши онҳо худдорӣ кунанд.

Фӯрӯшандагони маркази савдои “Садбарг” мегӯянд, ки ин ҳолат ба кори онҳо таъсири манфӣ расонидааст, баъзе либосҳоро аз фурӯш гирифтаанд ва муштариёнашон нисбатан кам шудааст.

Бибиоиша, зани 70-солае, ки солҳост дар “Садбарг” либосҳои занона мефурӯшад, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ба мағозаи ӯ аз ҷониби ниҳодҳои қудратӣ барои тафтиш омадаанд ва гуфтаанд, ки фурӯши кадом молу маҳсулот иҷоза аст ва кадоме не.

Ӯ мегӯяд, ки ҳоло муштариёнаш кам шудаанд ва як ҳафта аст, ки савдои хуб накардааст.

“Агар фурӯши баъзе аз либосҳоро манъ кунанд, зарари зиёд мекунам, чунки ҳар яки онро бо нархи аз 100 доллар зиёд харидорӣ кардаем. Дар мағозаҳое, ки либосҳои арабӣ мефурӯшанд, санҷишҳои сахт рафта истодааст”, ‑ гуфт ҳамсӯҳбати мо.

 

“Дар “Садбарг” “рейд” гузашта истодааст”

Ба гуфтаи савдогарон, дар баробари манъ кардани фурӯши сатру ҳиҷоб аз ҷониби раёсати бозор ба фурӯшандагон дар бобати пӯшидани рӯймоли тоҷикона ҳушдор дода шудааст.

Эргаш, як савдогари дигар мегӯяд, ки “ҳар рӯз дар маркази савдои “Садбарг” аз тарафи “депутатҳо” (худро вакили халқ муаррифӣ кардаанд, вале маълум нест, ки чӣ масъулият доранд, - муаллиф) ва масъулини бозор рейд гузаронида мешавад”.

Asia-Plus

Ӯ афзуд, “дар пайи ин санҷишҳо мағозаҳоеро, ки ба фурӯши либосҳои бегона ва сатру ҳиҷоб машғуланд, пайдо карда ва ба фурӯши маҳсулоти онҳо монеа мегузоранд ва барои фурӯшандагон огоҳӣ медиҳанд”.

“Гуфтанд, ки либосҳои миллӣ, рӯймолҳои ба фарҳанги тоҷикона мувофиқ фурӯшед ва тамоман фурӯши сатру ҳиҷобро манъ карданд”, ‑ изҳор дошт Эргаш.

Ҳоло дар бозорҳои шаҳри Душанбе ба қавли савдогарон, фурӯши сатру ҳиҷоб манъ гардидааст ва мушоҳида ҳам нишон медиҳад, ки дар нуқтаҳои фурӯш пайдо кардани он номумкин аст.

Ҳамсӯҳбати дигари мо, ки солҳост дар “Садбарг” ба фурӯши шарфу рӯймол машғул аст, гуфт, ки дар пайи санҷишҳо ба онҳо фаҳмонидаанд, ки сатру ҳиҷобро дигар ба фурӯш набароранд.

“Чанд дона сатр доштем, ки баъди огоҳ кардани масъулин аз мағоза гирифтему ба хона бурдем, ҳарчанд ки ба зарари мост, маҷбурем, ки иҷро кунем. Гуфтанд, ки тамоман фурӯши сатру ҳиҷоб манъ аст. Ҳоло мо танҳо шарфҳои рангоранг ва рӯймолҳои тоҷиконаро ба фурӯш гузоштаем”, ‑ гуфт ҳамсуҳбати мо.

 

“Муштарӣ аллакай кам шуд”

Савдогарон аз набудани муштарӣ шикоят намуда, мегӯянд, ки баъди гузаронидани “рейд”-ҳо дар бозор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ савдояшон суст шудааст ва он ба кори фурӯшандагон таъсири манфӣ расонидааст.

Як фурӯшандаи бозори “Корвон” ба шарти ифшо нашудани номаш дар суҳбат бо мо гуфт, фурӯши баъзе либосҳоро барояшон комилан манъ карда ва огоҳии қатъӣ додаанд. Ин ҳолат сабаби кам шудани теъдоди харидорон гардидааст.

“Муштариҳоямон аллакай кам шудаанд, бештарашон аз харидани сатру ҳиҷоб ва либосҳои сиёҳу сафед худдорӣ мекунанд. Агар дар қонун либосҳои бегонаро дақиқ мекарданд, хуб мешуд, чун мо намедонем, ки фурӯш ва пӯшидани кадом либосҳо мумкин нест”,‑ гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Asia-Plus

Фурӯшандаҳо гуфтанд, дар бозори “Корвон” низ ҳамарӯза санҷишҳо дар мағозаҳо ва байни мардум мегузарад, ки дар пайи он ба фурӯш ва пӯшидани баъзе аз либосҳо монеъ мешаванд.

“Омаданд ва гуфтанд, ки ба савдо гузоштани либосҳои рангаш сиёҳи яклухт мумкин нест, ҳоло тасмим дорам, ки чунин либосҳоро ҷамъ карда ба хона барам. Ин барои ман албатта зарари калон мерасонад, чунки барои хариди он маблағи зиёд сарф кардам”‑ гуфт ӯ.

 

“Масъулин молу маҳсулоти барои фурӯш муносибро аниқ кунанд!”

Баъзе аз фурӯшандагони бозори “Корвон” мегӯянд, ки агар масъулин молу маҳсулоти муқарраршуда барои фурӯшро аниқ мекарданд, бо назардошти он аз хориҷи кишвар маҳсулот меоварданд.

Фурӯшандагон мегӯянд, ки харидори либосҳои маҳкам ва дароз, сатру ҳиҷоб дар Тоҷикистон зиёд буд ва пеш аз қабули тарҳи қонуни нав савдои онҳо хуб буд. Дар ҳамин ҳол, ҳоло низ фурӯши либосҳои арабӣ дар баъзе аз нуқтаҳои савдои бозори Корвон ба чашм мерасад.

Asia-Plus

 

Расонаҳо: Аз тарафи масъулин дар байни сокинон санҷишҳо гузашта истодааст

Кумитаи кор бо занон ва оила дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт, онҳо санҷишҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар  ҷойҳои ҷамъиятӣ байни аҳолии шаҳри Душанбе ва атрофи он гузаронида истодааст. Дар ин бора дар саҳифаи фейсбукии ин ниҳод хабар нашр шудааст.

Дар баробари ин, дар бораи гузаронидани санҷишҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, макотибҳои олӣ, беморхонаҳо ва бозорҳо дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабару наворҳо пахш шуданд, ки дар пайи он занҳову духтарони сатрпӯшро ба дохили бинои тандурустӣ ва муассисаи таълимӣ роҳ намедиҳанд.

Аз саҳифаи фейсбуки Кумитаи кор бо занон ва оила

Ҳамчунин, ба навиштаи Радиои Озодӣ, чанд нафар ба ин расона шикоят кардаанд, ки барои доштани риш ва ҳиҷоб бозпурсӣ шудаанд.

Мақомот то ҳол ин ҳолатро расман шарҳ надодаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон монеъаҳо дар азбар кардани сатру ҳиҷоб солҳои қабл низ мушоҳида шудааст ва мақомот сабаби ин монеъагузориро ҳамеша ба мубориза бо бегонапарастӣ рабт додаанд. Аммо ин бори аввал, ки дар ин замина меъёри мушаххаси қонун қабул мешавад. Ҳарчанд қонун ҳоло қувваи амал пайдо накардаанд, аммо шикоятҳо аз мубориза бо либоси ба қавли сокинон “мазҳабӣ” ва ба қавли мақомот “ба фарҳанги миллӣ бегона” пурзӯр шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.